["Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»","Подшоҳ гуфт: «Ӯро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гар донам». Ва чун бо ӯ сухан гуфт, гуфт; «Ту аз имрӯз назди мо соҳибмартаба ва боваринок ҳастӣ».","Гуфт: «Маро бар хазинаҳои ин сарзамин муқаррар кун, ки ман нигаҳбоне доноям».","Инчунин Юсуфро дар он сарзамин обрӯ додем. Ҳар ҷо, ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва музди некӯкоронро барбод намекунем.","Ва албатта музди онҷаҳонӣ барои касоне, ки имоп овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст.","Бародарони Юсуф омаданд ва бар ӯ дохил шуданд, онҳоро шинохт ва онҳо нашинохтандаш.","Чун борҳояшонро муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?","Агар ӯро назди ман наёваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва ба ман наздик машавед».","Гуфтанд: «Мо ӯро ба исрор аз падар хоҳем хост ва ин корро хоҳем кард».","Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд».","Чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона аз мо манъ намуданд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Мо нигаҳдори ӯ ҳастем».","Гуфт: «Оё ӯро ба шумо бисупорам, ҳамчунон ки бародарашро пеш аз ин ба шумо супурдам?» Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва Ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон!","Чун бори худро кушуданд, диданд, ки сармояашонро пас додаанд. Гуфтанд: «Эй падар, дар талаби чӣ ҳастем? Ин сармояи мост, ки ба мо пас додаанд. Барои касони худ ғалла биёварем ва бародарамонро ҳифз кунем ва бори шутуре афзун гирем, ки он чӣ дорем, андак аст».","Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Худо паймоне бибандед, ки назди манаш бозмеоваред. Магар он ки ҳама гирифтор шавед». Чун бо ӯ аҳд карданд, гуфт: «Худо бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»","Гуфт: «Эй писарони ман, аз як дарвоза дохил нашавед; аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед. Ва ман қазои Худоро аз сари шумо дафъ натавонам кард ва ҳеҷ фармоне ғайри фармони Худо нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккул кунанд».","Чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор дар баробари иродаи Худо судашон набахшид. Танҳо ҳоҷате дар замири Яъқуб буд, ки онро ошкор сохт, зеро ӯро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.","Чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод. Гуфт: «Ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо кардаанд, андӯҳгин мабош».","Чун борҳояшонро муҳайё кард, ҷомро дар бори бародар ниҳод. Он гоҳ мунодӣ (садодиҳанда) садо дод: «Эй корвониён, шумо дуздонед».","Корвониён назди онҳо бозгаштанд ва гуфтанд: «Чӣ гум кардаед?»","Гуфтанд: «Ҷоми подшоҳро. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро бори шутурест ва ман кафилӣ мекунам».","Гуфтанд: «Худоро, шумо худ медонед, ки мо фасод кардан ба ин сарзамин наёмадаем ва дузд набудаем».","Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»","Гуфтанд: «Ҷазояш ҳамон касест, ки дар бори ӯ ёфта шавад. Пас ӯ худ ҷазои амали худ аст ва мо гунаҳкоронро чунин ҷазо диҳем».","Пеш аз бори бародар бар бори онҳо кофтанро сар кард, он гоҳ аз бори бародараш берун овард. Ҳилае инчунин ба Юсуф омӯхтем. Дар дини он подшоҳ гирифтани бародар хаққи ӯ набуд, чизе буд, ки Худо мехост. Ҳар касро, ки бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем ва болои ҳар доное донотарест.","Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ карда, бародараш низ пеш аз ин дуздӣ карда буд». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изхор накард ва гуфт: «Шумо дар вазъе бадтар ҳастед ва Худо ба бӯҳтоне, ки мезанед, огоҳтар аст!»","Гуфтанд: «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ки аз некӯкоронат мебинем».","Гуфт: «Худо накунад, ки ҷуз он касро, ки бори худ назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд».","Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Худо паймон гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамин берун намеоям, то падар маро рухсат диҳад ё Худо дар бораи ман довари кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.","Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем.","Аз шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем бипурс, ки мо рост мегӯем».","Гуфт: «На, нафси шумо кореро дар назаратон биёрост ва маро сабри ҷамил беҳтар аст. Шояд Худо ҳамаро ба ман бозгардонад, ки Ӯ донову ҳаким аст!»","Рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй андӯҳо бар Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мехӯрд.","Гуфтанд: «Ба Худо савганд пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ».","Гуфт; «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи худ танҳо бо Худо мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед!","Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд».","Чун бар Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову касонамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро тамом адо кун ва бар мо садақа бидеҳ зеро Худо садақадиҳандагонро дӯст дорад!»","Гуфт: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»","Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Худо ба мо неъмат дод. Зеро ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд, Худо муздашро нобуд намесозад».","Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки худо туро бар мо фазилат дод ва мо хатокор будем».","Гуфт: «Имрӯз шуморо сарзаниш набояд кард; Худо шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!","Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед то бино гардад. Ва ҳамаи касони худро назди ман биёваред».","Чун корвон ба роҳ афтод, падарашон гуфт: «Агар маро девона нахонед, бӯи Юсуф ҳис мекунам».","Гуфтанд: «Ба Худо савганд, ки ту дар ҳамон гумроҳии деринан худ ҳастӣ!»","Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи ӯ андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё нагуфтаматон, ки он чӣ ман аз Худо медонам, шумо намедонед?»","Гуфтанд: «Эй падар, барои гуноҳони мо омурзиш бихоҳ, ки мо хатокор будаем».","Гуфт; «Аз Парвардигорам барои шумо бахшоиш хоҳам хост, Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!»","Чун бар Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Худо бихоҳад, дар амон хоҳед буд!»","Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама дар баробари ӯ ба саҷда даромаданд. Гуфт: «Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки инак Парвардигорам онро рост баровард. Ва чӣ қадар ба ман некӣ кардааст, он гоҳ, ки маро аз зиндон бираҳонид ва пас аз он, ки шайтон миёни ману бародаронам фасод карда буд, шуморо аз бодия ба ин ҷо овард. Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, дақиқ аст, ки Ӯ донову ҳаким аст!","Эй Парвардигори ман, маро фармонравоӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, ту дар дунёву охират корсози мани. Маро мусалмон бимирон ва қарини шоистагон соз!»","Инҳо хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Ва он ҳангом, ки бо якдигар гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва хила месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!","Ҳарчанд ту ба имонашон ҳарис бошӣ, бештари мардум имон намеоваранд!","Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест!","Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд!","Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд!","Оё пиндоранд, ки эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд?","Бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем. Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!»","Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем магар мардонеро аз мардуми деҳаҳо, ки ба онҳоваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст? Ва олами охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?","Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон донистанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!","Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест. Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиннён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат.","Алиф, лом, мим, ро. Инҳо оёти ин китоб аст ва он чӣ аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд,","Оллоҳ — ҳамон Худовандест, ки осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки онро бубинед, барафрошт. Сипас ба арш пардохт ва офтобу моҳро, ки ҳар як то замоне муайян дар сайранд, ром кард. Корҳоро мегардонад ва оётро баён мекунад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин кунед!","Ӯст, ки заминро бигустурд ва дар он кӯҳхову рудҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар инҳо ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд!","Ва бар рӯи замин қитъаҳоест дар канори якдигар ва боғҳои ангуру кнштзорҳо ва нахлҳое, ки дутана аз як реша руста аст ё яктана аз як реша ва ҳама ба як об сероб мешаванд ва дар самара баъзеро дар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем. Албатта дар инҳо барои хирадмандон ибратҳост!","Агар ту дар ҳайрат меоӣ, тааҷҷуб дар сухани онҳо аст, ки оё он ҳангом, ки хок шавем, аз нав моро биёфаринад? Инҳо ба Парвардигорашон имон надоранд, бар гарданҳошон тавқҳо бошад ва аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонаанд.","Ба шитоб аз ту пеш аз хайру бахшоиш азоб металабанд. Пеш аз онҳо азобҳое будааст ва Парвардигори ту мардумро, бо он ки ситам кардаанд, мебахшад ва низ Парвардигори ту ба сахтӣ уқубат мекунад.","Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш муъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае ҳастӣ ва ҳар қавмеро роҳнамоест!","Худо медонад, ки ҳар зане чӣ дар раҳм дорад ва он чӣ раҳмҳо коҳад ва он чӣ раҳмҳо афзояд. Ва ҳар чизро дар назди Ӯ миқдоре муъайян аст.","Донои ниҳону ошкор — он Худом бузурги баландмартаба!","Барои Ӯ яксон аст аз шумо ҳар кӣ сухан ба пинҳон гӯяд ё ба ошкоро. Ва он ки дар пардаи шаб пинҳон мешавад ва он ки дар рӯз ба ошкоро меравад.","Одамиро фариштагонест, ки паёпай ба амри Худо аз рӯбарӯву пушти сараш меоянд ва нигаҳбонияш мекунанд. Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд. Чун Худо барои мардуме бадӣ хоҳад, ҳеҷ чиз монеъи Ӯ натавонад шуд ва онҳоро ғайри Худо ҳеҷ корсозе нест!","Ӯст, ки барқро гоҳ барои тарсонидан ва гоҳ барои умед бахшидан ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад.","Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз бими Ӯ тасбеҳ мекунанд. Ва оташакҳоро мефиристад ва ҳар киро бихоҳад, ба он осеб мерасонад. Боз ҳам дар бораи Худо баҳсу ҷидол мекунанд. Ва Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!","Хоси Ӯст дуову илтиҷои ростин. Онҳо, ки ҷуз Ӯро илтиҷо мекунанд, ҳеҷ посухашон намегӯянд. Монанди касе, ки ду даст ба сӯи об барад то об ба даҳон расонад ва натавонад, ки об ба даҳон расонад. Ва дуъои кофирон ҷуз ба гумроҳӣ нест!","Хоҳу нохоҳ барои Худованд саҷда мекунанд ҳамаи онҳо, ки дар осмонҳову заминанд ва сояҳояшон низ бомдодону шомгоҳон ба саҷда меоянд. (Саҷда).","Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳову замин?» Бигӯ: «Оллоҳ». Бигӯ; «Оё ғайри Ӯ худоёне гирифтаед, ки қодир ба суду зиёни худ нестанд? Бигӯ: «Оё нобинову бино баробаранд? Ё торикиву равшанӣ яксонанд? Ё шариконе, ки барои Худо қоил шудаанд, чизҳое офаридаанд, монанди он чӣ Худо офаридааст ва онон дар бораи офариниш ба иштибоҳ афтодаанд?» Бигӯ: «Оллоҳ офаринандаи ҳар чизест ва Ӯ ягонаву қаҳҳор аст!»","Аз осмон об фиристод ва ҳар як ҷӯйе ба андозаи худ ҷорӣ шуд ва оби равон каф (к) бар сар овард. Ва аз он чӣ бар оташ мегудозанд, то зевару матоъе созанд, низ кафке бар сар ояд. Худо барои ҳаққу ботил чунин масал занад, Аммо кафк ба каноре афтад ва нобуд шавад ва он чӣ барои мардум судманд аст, дар замин пойдор бимонад. Худо инчунин мисол меорад.","Барои онон, ки даъвати парвардигорашонро қабул карданд, мукофоти некӯест. Ва касоне, ки даъвати Ӯро қабул накарданд, агар ҳар он чиро, ки бар рӯи замин аст ва монанди онро дошта бошанд, онро фидо диҳанд, онон ба сахтӣ бозхост хоҳанд шуд ва маконашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест!","Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда ҳақ аст монанди кассет, ки нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд","касоне, ки ба аҳди Худо вафо мекунанд ва худ паймон намешикананд;","онон, ки он чиро Худо ба пайвастани он фармон дода, пайванд мекунанд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии ҳисоби Худованд бимноканд;","онон, ки ба талаби савоби Парвардигори худ сабр пеша карданд ва намоз гузориданд ва дар ниҳону ошкор аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, хайр карданд ва бадиро бо некӣ бармегардонанд. Оқибати неки охират аз онҳост.","Биҳиштҳои ҷовидон онҳо ва ҳар ки некӯкор будааст аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон, бадон дохил шаванд ва фариштагон аз ҳар дар ба наздашон оянд.","Салом бар шумо ба хотири он ҳама сабре, ки кардаед. Сарои охират чӣ сарое некӯст!","Ва онҳо, ки паймони Худоро пас аз бастанаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон насибашон.","Худо ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва мардум ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест.","Кофирон мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад. Ва ҳар киро ба даргоҳи Ӯ рӯй кунад, ҳидоят мекунад».","Онҳое, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш меёбад, огоҳ бошед, ки дилҳо ба ёди Худо оромиш меёбад!","Зиндагии хуш ва бозгаштангоҳи некӯ аз они касонест, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд.","Ҳамчунин туро ба миёни уммате, ки пеш аз онхо умматҳои дигар будаанд, ба пайғамбарӣ фиристодаем, то он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, барояшон тиловат кунӣ ва онҳо ба Раҳмон кофир мешаванд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст. Худое ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардаам ва тавбаи ман ба даргоҳи Ӯст!»","Агар Қуръоне тавонист буд, ки куҳҳо ба он ба ҷунбиш оянд ё замин пора-пора шавад, ё мурдагонро ба сухан орад, ҷуз ин Қуръон намебуд, ки ҳамаи корҳо аз они Худост. Оё мӯъминон ҳанӯз надонистаанд, ки агар Худо мехост, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва кофиронро пайваста ба сабаби амалҳояшон ҳодисае расад ё он ҳодиса дар наздикии хонаҳояшон фурӯд ояд, то он гоҳ, ки ваъдаи Худо ояд, зеро Худо хилофи ваъда намекунад!","Паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту буданд, ба масхара гирифта шуданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ ҳамаро фурӯ гирифтам ва он уқубати ман чӣ сахт буд!","Оё он ки бар ҳамаи мардум ва амалҳояшон нозир аст, монанди бутон аст? Барои Худо шариконе қоил шуданд. Бигӯ: «Онҳоро ном бибаред. Шояд мехоҳед Ӯро аз чизе дар рӯи замин огоҳ кунед, ки намедонад, ё суханони беҳуда мегӯянд?» Дар назари кофирон макрашон ороста омад ва аз роҳи рост бероҳ шуданд. Ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад!","Дар ин зиндагии дунё ба азобе гирифтор оянд ва азоби охират сахттар аст ва онҳоро ҳеҷ нигаҳдорандае аз азоби Худо нест!","Сифати биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда шуда: об аз зери дарахтонаш равон аст ва меваҳову сояаш ҳамешагист. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгоранд ва саранҷоми кофирон оташ аст.","Аҳли китоб аз он чӣ бар ту нозил шуда, шодмонанд. Ва аз он ҷамоъат касоне ҳастанд, ки баъзе аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки Худои якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст!","Ҳамчунин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем. Агар пас аз донише, ки ба ту расида, аз паи хоҳишҳои онҳо биравӣ, дар баробари азоби Худо корсозу нигаҳдорандае нахоҳӣ дошт.","Ба таҳқиқ пеш аз ту паёмбароне фиристодаем ва барояшон ҳамсарону фарзандон қарор додаем. Ва ҳеҷ паёмбареро ҳаққи он набуд, ки ҷуз ба фармони Худо ояте биёварад ва ҳар амреро замоне навишташуда аст.","Худо ҳар чиро бихоҳад, маҳв ё исбот мекунад ва уммулкитоб назди Ӯст.","Агар баъзе аз он чиро ки ба онҳо ваъда кардаем, ба ту нишон диҳем, ё туро пеш аз вақт бимиронем, дар ҳар ҳол он чӣ бар ӯҳдаи туст, таблиғ аст ва он чӣ бар ӯҳдаи мост, ҳисоб кардан!","Оё ҳанӯз надонистаанд, ки мо аз атрофи ин сарзамин кам мекунем ва Худо ҳукм мекунад ва ҳеҷ чиз ҳукми Ӯро рад намекунад ва Ӯ зуд ба ҳисоби ҳама мерасад?","Касоне, ки пеш аз инҳо буданд, макрҳо карданд, вале ҳамаи макрҳо назди Худованд аст. Медонад, ки ҳар касе чӣ мекунад. Ва кофирон ба зудӣ хоҳанд донист, ки некӯии охират аз они кист!","Кофирон мегӯянд, ки ту паёмбар нести. Бигӯ: «Худо ва ҳар кас, ки аз китоб огоҳӣ дошта бошад, ба шоҳидӣ миёни ману шумо кофист!","Алиф, лом, ро. Китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ бибарӣ ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ (ҳамаи забонҳо шукри Ӯкунанд) роҳ намоӣ.","Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт.","Онҳое, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро мунҳариф (каҷрав нишон доданашро) мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.","Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад. Пас Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!","Мӯсоро бо оёти худ фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшанӣ берун ор ва рӯзҳои Худоро ба ёдашон биёвар. Ва дар ин барои ҳар сабркунандаи шукргузор ибратҳоест!","Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён бираҳонид. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд».","Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!","Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст!»","Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд, ба шумо нарасидааст? Ғайри Худо касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далоили равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду гуфтанд: Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».","Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар Худо — он офаринандаи осмонҳову замин — шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро бибахшад ва то муддате муайян шуморо зинда гузорад». Гуфтанд: «Шумо мардумоне монанди мо ҳастед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред. Барои мо далеле равшан биёваред!»","Паёмбаронашон гуфтанд: мо мардумоне монанди шумо ҳастем, вале Худо ба ҳар як бандагонаш, ки бихоҳад, миннат ниҳад. Моро нашояд, ки барои шумо далеле, ҷуз ба фармони Худо, биёварем ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд.","Чаро бар Худо таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи моро ба мо бинамуд? Ва мо бар озоре, ки ба мо мерасонед, сабр хоҳем кард ва таваккалкунандагон бар Худо таваккал кунанд».","Кофирон ба Паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем ё ба дини мо бозгардед». Пас Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро ҳалок хоҳем кард.","Ва шуморо пас аз онҳо дар он сарзамин ҷой хоҳем дод, Ин аз они касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!","Пирӯзӣ хостанд ва ҳар ҷаббори саркаше ноумед шуд.","Пушти сараш ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо аз оби чирку хунаш бихӯронанд.","Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ба осонӣ фурӯ набарад ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад, ва азобе сахт дар интизори ӯст.","Мисоли аъмоли касоне, ки ба Худо кофир шудаанд, чун хокистарест, ки дар рӯзе тӯфонӣ боде сахт бар он бивазад. Тавони нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст оварданд, надоранд. Ин аст гӯмроҳии беохир!","Оё надидаӣ, ки Худо осмонҳову заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва махлуқе нав меоварад.","Ва ин бар Худо душвор нест.","Ҳама дар пешгоҳи Худо ҳозир оянд. Заъифон ба Онҳое, ки такаббурӣ мекарданд, гӯянд: «Мо пайрави шумо будем. Оё акнун метавонед моро ба кор оед ва андаке аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?» Гӯянд: «Агар Худо моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо яксон аст, чӣ бетобӣ кунем, чӣ сабр варзем».","Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Худо ба шумо ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъда додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, фақат ки даъвататон кардам, шумо низ даъвати ман иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед. На ман фарёдраси шумоям, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин шарики Худо карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!","Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гӯянд.","Оё надидаӣ, ки Худо чӣ гуна мисол овард? Сухани пок чун дарахте пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш дар осмон аст.","Ба фармони Худо ҳар замон меваи худро медиҳад. Худо барои мардум мисолҳо меоварад, бошад, ки панд гиранд!","Ва мисоли сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд.","Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.","Оё надидаӣ он касонро, ки неъмати Худоро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалок бурданд?","Ба ҷаҳаннам, он қароргоҳи бад, дохил мешаванд!","Барои Худо шариконе қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ: «Акнун баҳраманд гардед, ки бозгаштатон ба оташ аст».","Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, ниҳону ошкоро садақа кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯхте бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд.","Худост, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон борон нозил кард ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо руёнид ва киштиҳоро роми шумо кард то ба фармони Ӯ дар даре равон шаванд ва рӯдҳоро итоаткунандаи шумо сохт.","Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабу рӯзро фармонбари шумо гардонид.","Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед, дар ҳақиқат одами ситамкор ва кофири неъмат аст!","Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро тинҷ гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.","Эй Парвардигори ман, инҳо бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ!","Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бе ҳеҷ киштае, наздики хонаи гиромии ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, то намоз бигузоранд. Дилҳои мардумон чунон кун, ки майли онҳо кунанд ва аз ҳар мевае рӯзиашон деҳ, шояд, ки сипос гузоранд!","Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва бар Худо ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!","Сипос Худоеро, ки дар ин пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад!","Эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир.","Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзи шумор бибахшоӣ!»","Ва напиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонад, ба дер мепартояд!","Мешитобанд, сарҳоро боло гирифтаанд, чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холи аз хирад аст.","Мардумро аз он рӯз, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ситамкорон мегӯянд: «Бор Худоё, моро андаке мӯҳлат дех, то даъвати Туро иҷобат кунем ва ба паёмбаронн Ту пайравӣ кунем». Оё шумо пеш аз ин савганд намехӯрдед, ки ҳаргиз завол намеёбед? (намемиред).","Дар хонаҳои касоне, ки худ бар худ ситам мекарданд, ҷой гирифтед ва донистед бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон мисолҳо овардем.","Онон найрангҳои худ намуданд ва Худо аз найрангҳояшон огоҳ буд. Ҳарчанд, ки аз найрангҳояшор кӯҳ аз пой меафтод.","Мапиндор, ки Худо ваъдаеро, ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Худованд пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.","Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин мубаддал шавад ва осмонҳо ба осмоне дигар ва ҳама дар пешгоҳи Худои воҳиди қаҳҳор ҳозир оянд!","Гунаҳкоронро дар он рӯз ба ғулҳое, ки дастро ба гардан банданд, баста бубинӣ.","Ҷомаҳошон аз қатрон аст ва оташ рӯйҳояшонро пушидааст.","То Худо ҳар касро баробари амалаш ҷазо диҳад, албатта Худо зудҳисобкунанда аст!","Ин паёмест барои мардум то ба он бимнок шаванд ва бидонанд, ки Ӯст Худои якто ва то хирадмандон панд гиранд!"]