["Хизр гуфт: «Ба ту нагуфтам, ки ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»","Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас чизе аз ту пурсидам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун ва аз ҷониби ман, ҳатман, маъзур хоҳӣ буд»","Пас, ба роҳ афтоданд, то ба аҳли шаҳре расиданд [ва] аз онон ғизо хостанд; [аммо онон] аз меҳмон кардани эшон худдорӣ карданд. Сипас дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ бирезад ва [Хизр] онро росту устувор кард. [Мӯсо] Гуфт: «Агар мехостӣ, [метавонистӣ] барои он [кор аз онон] музде бигирӣ»","[Хизр] Гуфт: «Ин ки замони ҷудоии ману ту фаро расидааст. Ба зудӣ туро аз тавзеҳ [ва далели] он чи ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ, огоҳ хоҳам сохт","Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас, хостам маъюбаш кунам; [зеро] пеши роҳашон [дар дарё] подшоҳе [ситамгор] буд, ки ҳар киштии [солиме]-ро ба зӯр мегирифт","Ва аммо он навҷавон падару модараш муъмин буданд; пас, тарсидем, ки он дуро ба саркашӣ ва куфр во дорад","Аз ин рӯ, хостем, ки Парвардигорашон ба ҷойи ӯ [фарзанди] поктару меҳрубонтаре ба онҳо ато фармояд","Ва аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ»","Ва [эй Паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд»","Мо дар замин ба ӯ қудрату ҳукумат додем ва василаи [расидан ба] ҳар чизеро дар ихтиёраш ниҳодем","Пас, ӯ [аз ин] васоил [барои расидан ба аҳдофаш] истифода кард","[Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»","[Зулқарнайн] Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам карда [ва ширк варзида] аст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сӯйи Парвардигораш бозгардонида мешавад, он гоҳ ӯро ба азобе бисёр сахт муҷозот хоҳад кард","Ва аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас, [дар охират] накутарин подош [биҳишт]-ро хоҳад дошт ва бо мулоимат [ва меҳрубонӣ] бо вай сухан хоҳем гуфт»","Сипас [Зулқарнайн] аз васоили [худ] истифода кард [ва ба сӯйи машриқ рафт]","То он ки ба ҷойгоҳи баромадани хуршед расид. [Дар он ҷо хуршедро] Дид, ки бар мардумоне тулуъ мекунад, ки дар баробари он [нуру гармои офтоб] барояшон пӯшише қарор надода будем [на сарпаноҳе на сояи дарахте]","[Кори Зулқарнайн] Инчунин, буд ва Мо ба он чи ӯ дар ихтиёр дошт [ва анҷом медод], комилан огоҳ будем","Сипас [Зулқарнайн] аз имконот [-и худ] истифода кард [ва ба ҷойе байни шарқу ғарб рафт]","[Ӯ ҳамчунон рафт] То ба [дарае] миёни ду кӯҳ расид ва дар канори он ду [кӯҳ] мардумеро ёфт, ки сухане [ба ҷуз забони худро] намефаҳмиданд","[Онон] Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин [табаҳкорӣ ва] фасод мекунанд. Пас, оё [мумкин аст] харҷе дар ихтиёр қарор диҳем, то миёни мо ва онон садде бисозӣ?»","Ӯ гуфт: «Он чи [аз қудрату сарват] ки Парвардигорам дар он ба ман тавоноӣ додааст [аз он чи арза мекунед], беҳтар аст; пас, маро бо неру [-и инсонӣ] ёрӣ кунед, [то] миёни шумо ва онон садде муҳками устувор созем","Ҳатман, пораҳои оҳан бароям биёваред [ва рӯйи ҳам бичинед]», то вақте комилан миёни ду кӯҳро баробар сохт [ва пӯшонд. Сипас] гуфт: «[Дар атрофи девораи оҳанин оташ бияфрӯзед ва] дар он бидамед». [Онон чунин карданд] То вақте он [пораҳои оҳан]-ро гудохта кард; [сипас] гуфт: «[Акнун] миси обшуда бароям биёваред, то рӯйи он [девор] бирезам».","Пас, [Яъҷуҷу Маъҷуҷ] дигар натавонистанд аз он боло раванд ва [ҳатто] натавонистанд сӯрохе дар он эҷод кунанд","[Он гоҳ Зулқарнайн] Гуфт: «Ин [сад] аз раҳмати Парвардигори ман аст [ва то Аллоҳ таоло бихоҳад, боқӣ мемонад]; аммо ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дарҳам мекӯбад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»","Ва дар он рӯз [ки ҷаҳон поён мепазирад] ононро [чунон] раҳо мекунем, ки [аз фаровонии ҷамъият] дар ҳам меомезанд ва [ҳамин, ки] дар сур дамида шуд, ҳамаро [дар як ҷо] ҷамъ мекунем","Ва он рӯз дузахро ошкоро бар кофирон арза медорем","[Ҳамон] Касоне, ки чашмонашон аз ёди ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавони шунидан [-и оёти илоҳиро] надоштанд","Оё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «[Мехоҳед] Шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар корҳо огоҳ созам?","Касоне, ки талошашон дар зиндагии дунё табоҳ гаштааст ва худ мепиндорад, ки кори наку мекунанд»","Онон касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ [дар охират] кофир шуданд; пас, корҳояшон табоҳ гашт ва рӯзи қиёмат барояшон [ҳеҷ қадру] арзише қоил намешавем","Инчунин аст, ки ба хотири куфре, ки варзидаанд ва оёту паёмбарони Маро ба тамасхур гирифтаанд подошашон дузах аст","Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, боғҳои [биҳишти] барин манзилгоҳашон хоҳад буд","Ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз аз он ҷо ба ҷойи дигаре гароиш надоранд","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дарё барои [нигориши] калимоти Парвардигорам ранг шавад, пеш аз он ки калимоти Парвардигорам поён ёбад, ҳатман, дарё ба поён мерасад; ҳарчанд [дарёҳое дигар] ҳаммонанди он [дарёро низ] ба кумак биёварем»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ таоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад»","Коф, ҳо, ё, ъайн, сод.[1]###[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.","[Ин] Баёни раҳмати Парвардигорат [нисбат] ба бандааш Закариёст","Он гоҳ ки Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд","Гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки устухонам суст шуда ва мӯйҳоям аз пирӣ сапед гашта ва эй Парвардигорам, [ҳаргиз] дар дуои ту [аз иҷобат] бебаҳра набудаам","Ва ман пас аз [марги] худ аз хешовандонам [нисбат ба ҳифзи дини Ту] бимнокам ва ҳамсарам [низ] нозост; пас, ба лутфи хеш фарзанде ба ман ато фармо","[Писаре, ки] Вориси ману вориси хонадони Яъқуб бошад; ва Парвардигоро, ӯро [дар илму дин инсоне] писандида гардон»","[Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем»","[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»","[Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ»","[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ»","Пас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед»","[Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем","Ва аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд","Ва нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд","Ва салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад","Ва дар [ин] китоб [Қуръон] аз Марям ёд кун, он гоҳ ки аз хонаводааш канора гирифт [ва дар] ноҳияи шарқӣ [аз онон] мустақар шуд.","Ва миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт.","[Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]»","[Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам»","[Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?»","[Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст»","Пас, [Марям] ба ӯ бордор шуд. Ва бо ӯ ба ҷойе дурдаст [рафт ва аз мардум] канора гирифт","Пас, дарди зойиш ӯро ба самти як танаи нахл кашонд [ва ӯ дар ҳоле ки дард мекашид] гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва ба куллӣ аз ёдҳо мерафтам [то касе дар бораам хаёли ботил накунад]»","Ногаҳон аз зери [пойи] ӯ [Исо] нидояш дод, ки: «Ғамгин мабош. Парвардигорат зери [пойи] ту чашмаи обе равон сохтааст","Ва танаи нахлро ба тарафи худ такон бидеҳ, [то] рутаби тоза бар ту фурӯ резад","Пас, [аз он хурмо] бихӯр ва [аз оби чашма] бинӯш ва дидагонро [ба ин фарзанд] равшан дор; ва агар ҳар як аз мардумро дидӣ, [бо ишора] бигӯ: «Ман барои [Аллоҳи] Раҳмон рӯзаи [cукут] назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт»","Пас, [Марям] дар ҳоле ки ӯ [Исо]-ро бардошта буд, назди қавмаш омад. Онон гуфтанд: «Эй Марям, ба ростӣ, дурӯғи бузурге мегӯӣ [ки навзод бидуни падар мутаваллид шудааст]","Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди бадкоре буд ва на модарат [зани] бадкорае»","Пас, Марям ба ӯ [Исо] ишора кард. Онон гуфтанд: «Чи гуна бо кӯдаке дар гаҳвора сухан бигӯем?»","[Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст","Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст","Ва нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст","Ва салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам»","Ин аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд","[Ҳаргиз] Сазовор нест, ки Аллоҳ таоло [барои хеш] фарзанде бигирад. Ӯ [поку] муназзаҳ аст. [Аллоҳ таоло] Ҳар гоҳ кореро ирода кунад, фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас [бедиранг] мавҷуд мешавад","Ва [Исо ба қавмаш гуфт] «Бе тардид, Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост; пас, ӯро парастед [ки] роҳи рост ин аст»","Он гоҳ гурӯҳҳо [-и мухталифи қавмаш] дар миёни худ дучори ихтилоф шуданд. Пас, вой бар онҳо, ки куфр варзиданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург [қиёмат]!","Он рӯз, ки назди мо меоянд, чи [хуб] шунаво ва бино ҳастанд! Аммо имрӯз [дар зиндагии дунё] ситамгорон дар гумроҳии ошкоранд","Ва [эй паёмбар] ба онон дар бораи рӯзи [пушаймонӣ ва] ҳасрат ҳушдор бидеҳ; он гоҳ ки кори [доварӣ] анҷом мегирад; ва [имрӯз] онон дар ғафлатанд ва имон намеоваранд","Яқинан, Мо замин ва ҳар киро бар он аст, ба ирс мебарем ва [ҳама] ба сӯйи Мо бозгардонида шаванд","Ва [эй Паёмбар] дар ин китоб аз Иброҳим ёд кун. Бе тардид, ӯ паёмбаре ростгӯ буд","Ҳангоме ки ба падараш [Озар] гуфт: «Падарҷон, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки на [дуоятро] мешунавад ва на [ибодататро] мебинад ва на газандеро аз ту дур месозад?","Падарҷон, яқинан, аз дониши [ваҳй] чизе ба ман расидааст, ки [ҳаргиз] ба ту нарасидааст; пас, аз ман пайравӣ кун, то ба роҳе рост ҳидоят кунам","Падарҷон, аз шайтон пайравӣ накун, [чаро ки] бе тардид, шайтон нисбат ба [Аллоҳи] Раҳмон нофармон буд","Падарҷон, ман метарсам, ки аз [ҷониби Аллоҳи] Раҳмон азобе ба ту расад ва [дар дузах] аз дӯстон [ва ҳамнишинони] шайтон бошӣ»","[Озар] Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар [аз ақидаат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсорат мекунам; [бирав] ва муддати зиёде аз ман дур шав»","[Иброҳим] Гуфт: «Салом [ва амният аз ҷониби ман] бар ту. Ба зудӣ аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Бе тардид, ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст","Ва аз шумо [кофирон] ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам. Умед аст, ки дар хондани Парвардигорам [аз иҷобат] бебаҳра набошам»","Пас, чун аз онон ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, канорагирӣ кард, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаи [онон]-ро паёмбар намудем","Ва эшонро аз раҳмати хеш баҳраманд сохтем ва барояшон [дар миёни мардум овозаи баланд ва] номи наку ниҳодем","Ва дар ин китоб аз Мӯсо ёд кун. Бе тардид, ӯ [баргузидае] мухлис ва фиристодаву паёмбар буд","Ва [мо] ӯро аз самти рости [кӯҳи] Тӯр нидо додем ва муноҷоткунон [ба хеш] наздикаш сохтем","Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро – ки, паёмбар [ва ёвари ӯ] буд – ва ба вай ато кардем","Ва дар ин китоб аз Исмоил ёд кун. Бе тардид, ӯ ростваъда ва фиристодаву паёмбар буд","Ва [ҳамвора] хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва назди Парвардигораш писандида буд","Ва дар ин китоб аз Идрис ёд кун. Бе тардид, ӯ ростгуфтору паёмбаре буд","Ва [мо] ӯро ба мақоме баланд баркашидем","Инон касоне аз паёмбарон ҳастанд, ки Аллоҳ таоло бар эшон неъмат [ҳидоят] дод; [афроде] аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки ҳамроҳи Нуҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз фарзандони Иброҳим ва Яъқуб ва аз [ҷумла] афроде, ки ҳидоят кардем ва баргузидем [ва] ҳар гоҳ оёти [Парвардигори] Раҳмон бар эшон хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён ба хок меафтоданд","Он гоҳ пас аз онон ҷонишиноне гумроҳ ва ношоиста омаданд, ки намозро табоҳ сохтанд [дар он саҳлангорӣ намуданд] ва аз ҳавасҳо [ва шаҳавот] пайравӣ карданд; ва ба зудӣ [кайфари] гумроҳии [хеш]-ро хоҳанд дид","Магар касе, ки тавба намуд ва имон овард ва коре шоиста кард. Пас, инон ба биҳишт дохил мешаванд ва бар онон ҳеҷ ситаме намеравад","Боғҳое ҷовидон, ки [Аллоҳи] Раҳмон аз [олам] нопайдо ба бандагонаш ваъда додааст. Яқинан, ваъдаи ӯ омаданӣ аст","Дар он ҷо сухани беҳудае намешунавад [ва гуфторашон] ҷуз салом [у таҳият нест]; ва дар он ҷо бар эшон [ҳар] субҳу шом рӯзӣ [беҳисоб фароҳам] аст","Ин ҳамон биҳиште аст, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки [дар дунё] парҳезкор бошад, ба мерос медиҳем","Ва [эй Ҷабраил, ба Муҳаммад бигӯ] «Мо ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем. Ӯ ҳоким бар оянда ва гузашта ва ҳоли мост; ва Парвардигорат фаромӯшкор нест","[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?»","Ва инсони [кофир] мегӯяд: «Оё ҳангоме ки бимирам, ба ростӣ, маро зинда [аз гӯр] берун хоҳанд овард?»","Оё инсон ба ёд намеоварад, ки мо пеш аз ин ӯро офаридем, дар ҳоле ки ҳеҷ набуд?","Пас, савганд ба Парвардигорат, ки яқинан, онон [мункирони қиёмат]-ро бо шаётин маҳшур хоҳем кард; сипас ҳамаро ба зону дароварда гирдогирди дузах ҳозир мекунем","Сипас аз ҳар гурӯҳе касонеро дар баробари [фармони Аллоҳи] Раҳмон саркаштар будаанд, берун мекашем","Он гоҳ, яқинан, Мо ба [ҳоли] касоне, ки барои [дарафтодан ба] он [оташи даҳшатнок] сазовортаранд, донотарем","Ва ҳеҷ як аз шумо [мардум] нест, магар он ки вориди он мегардад; [муъминон барои убур ва дидан, кофирон барои вуруд ва мондан]. Ин [амр] ҳамвора бар Парвардигорат қазои ҳатмӣ аст","Сипас касонеро, ки парҳезкорӣ кардаанд, [аз оташ] наҷот медиҳем ва золимонро ба зону даромада, дар он раҳо мекунем","Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон тиловат мешавад, касоне, ки куфр варзидаанд, ба афроде, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Кадом як аз [мо] ду гурӯҳ ҷойгоҳе беҳтару маҷлисе накутар дорад?»","Чи бисёр наслҳоро пеш аз онон нобуд кардем, ки сарвате бештар ва зоҳире оростатар доштанд","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар ки дар гумроҳӣ аст, [Аллоҳи] Раҳмон ба ӯ муҳлат медиҳад [то гумроҳиаш бештар шавад] то замоне, ки ваъдаи илоҳиро [ба чашми худ] бубинанд: ё азоби [дунё] ё [кайфари] қиёмат. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист, ки чи касе ҷойгоҳаш бадтар ва сипоҳаш нотавонтар аст»","Ва [аммо] касоне, ки роҳ ёфтаанд, Аллоҳ таоло бар ҳидояташон меафзояд; ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] дар пешгоҳи Парвардигорат подоше беҳтар ва саранҷоме накутар дорад","Оё дидӣ он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд ва гуфт: «Ҳатман, молу фарзанд [-и фаровоне дар охират] ба ман дода хоҳад шуд?»","Оё ӯ бар ғайб огоҳӣ ёфтааст, ё аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифтааст?","[Ҳаргиз] Чунин нест; гуфтаашро менависем ва бар азобаш меафзоем","Ва он чи [аз амволу фарзандон], ки мегӯяд, аз ӯ ба ирс мебарем ва [рӯзи қиёмат тиҳидаст ва] танҳо назди мо меояд","Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд, то [ёвару] пуштибонашон бошад","Чунин нест; [балки он маъбудҳо дар қиёмат] ибодати ононро инкор хоҳанд кард ва душманашон хоҳанд буд","[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Мо шаётинро бар кофирон фиристодем, то ононро [бо васвасаҳои худ] таҳрик кунанд [ва аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд]?","Пас, дар бораи [нобудии] онон шитоб накун. Ҷуз ин нест, ки Мо [рӯзҳои марг ва фаро расидани азобро] ба диққат барояшон мешуморем","[Ёд кун аз] Рӯзе, ки парҳезкоронро [бо иззату эҳтиром] ба меҳмонии [Аллоҳи] Раҳмон гирд меоварем","Ва муҷримонро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам меронем","Онон ҳаргиз [тавони] шафоат надоранд; магар касе, ки [бо имон ва амали шоистааш] аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифта бошад","Ва [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст»","Ба ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед!","Аз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд","[Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд","Ва ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад","Дар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд","Яқинан, [Аллоҳ таоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст","Ва ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд","Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, яқинан, [Аллоҳи] Раҳмон [дар дилҳои бандагонаш] барояшон муҳаббате хоҳад ниҳод","[Эй Паёмбар] Бе тардид, Мо ин [Қуръон]-ро бар забони ту осон намудем, то парҳезкоронро бо он башорат диҳӣ ва ситезагарон [-и сарсахт]-ро бим диҳӣ","Ва чи бисёр наслҳои гузаштаро пеш аз онон нобуд кардем. Оё [вуҷуди] ҳеҷ як аз ононро эҳсос мекунӣ ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?","То, ҳо.[1]###[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.","[Эй Паёмбар, мо] Қуръонро бар ту нозил накардем, то дар ранҷ бияфтӣ","[Онро нафиристодем] Магар он ки панде бошад, барои ҳар ки [аз азоби илоҳӣ] метарсад","[Ин Қуръон] Фуруфиристодае аст аз ҷониби он ки замину осмонҳои баландро офаридааст","[Парвардигори] Раҳмон [онгуна ки шоистаи Ӯ аст ва бидуни он ки мӯҳтоҷ ба Арш бошад] бар Арш қарор гирифт","Он чи дар осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост ва он чи зери хок [пинҳон] аст, [ҳамагӣ] аз они Ӯст","Ва агар сухан ошкор бигӯӣ [ё онро пинҳон дорӣ], яқинан, Ӯ [рози] ниҳон ва [ҳатто] ниҳонтар [аз он]-ро низ медонад","Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] накутарин номҳо аз они Ӯст","[Эй Паёмбар] Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?","Он гоҳ ки оташеро [аз дур] диду ба хонаводааш гуфт: «[Лаҳзае] Диранг кунед [ки] ман оташе дидаам. Шояд шуълае аз он бароятон биёварам ё канори он оташ роҳнамое биёбам»","Пас, чун назди он [оташ] омад, нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо","Ба ростӣ, ман Парвардигорат ҳастам; пас, [барои муноҷот бо Парвардигор] кафшҳоятро даровар [ки] дар ҳақиқат, ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ","Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор","Бе тардид, манам «Аллоҳ таоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор","Яқинан, қиёмат омаданӣ аст; [вале] мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ба ҳар касе дар баробари [кор ва] талоше, ки мекунад, подош дода шавад","Пас, мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳояш пайравӣ мекунад, туро аз [накукорӣ ва омодагӣ барои] он боздорад, ки ҳалок мешавӣ","Ва, эй Мӯсо, он чист ба [дасти] ростат?»","Ӯ гуфт: «Ин асои ман аст; бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам [барги дарахтонро] фуру мерезам ва бо он корҳои дигаре [низ] дорам [ки бароварда мекунам]","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, онро бияфкан»","Пас, [Мӯсо] онро [бар замин] афканд ва ногаҳон [табдил ба] море шуд, ки ба суръат мехазид","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Онро бигир ва натарс. Ба зудӣ онро ба шакли аввалаш бозмегардонем","Ва дастро дар бағал кун, то бидуни ҳеҷ газанде [ба унвони] муъҷизае дигар сафед [-у дурахшон] берун ояд","[Ҳадаф аз ироаи ду муъҷиза ин буд], ки бархе аз нишонаҳои бузурги хешро нишонат диҳем","[Инак] Ба сӯйи Фиръавн бирав [ки] бе тардид, [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст»","[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо","Ва корамро бароям осон гардон","Ва гиреҳ аз забонам боз кун","То суханамро дарёбанд","Ва барои ман ёваре аз [афроди] хонадонам қарор бидеҳ","Ҳорун-бародарамро","Пуштамро бо ӯ устувор соз","Ва ӯро дар кори [рисолати] ман шарик кун","Туро бисёр ба покӣ биситоем","ва бисёр ёдат кунем","Бе тардид, Ту ба [ҳоли] мо биноӣ»","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, хостаат ба ту дода шуд","Дар ҳақиқат, мо [пештар] як бори дигар [низ] бар ту миннат ниҳода будем","Он гоҳ ки он чиро, ки [бояд дар бораи ҳифозат аз ту] илҳом мешуд, ба модарат илҳом кардем","Ки: «ӯро дар сандуқе бигзор ва он [сандуқ]-ро ба дарё [рӯди Нил] бияндоз, то дарё ӯро ба соҳил бияфканад [ва] душмани Ман ва душмани ӯ онро [аз об] бигирад; ва бар ту аз ҷониби хеш муҳре [дар дилҳо] афкандам ва [ҳимоятат кардам] таҳти назар парвариш ёбӣ","Он гоҳ ки хоҳарат [дар канори руд ҳамроҳ бо сандуқи ту] роҳ мерафт ва [ба касоне, ки туро аз об гирифтанд] гуфт: «Мехоҳед шахсеро нишонатон диҳам, ки сарпарастии ӯро ба уҳда бигирад?» Пас, туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш [ба дидорат] равшан гардад ва андуҳгин набошад; ва [баъдҳо] ту шахсе [қибтӣ]-ро куштӣ ва Мо аз андӯҳ [ва муҷозоти қатл] наҷотат додем ва туро борҳо озмудем. Пас [аз он] чанд сол байни мардуми Мадян ба сар бурдӣ; он гоҳ, эй Мӯсо, бар [тибқи] тақдири [илоҳӣ ва дар замони муқаррар ба ин ҷо] омадӣ","Ва туро барои худам баргузидам [то паёмамро ба мардум бирасонӣ]","[Инак] Ту ва бародарат бо нишонаҳои [қудрату ягонагии] Ман равона шавед ва дар [даъвати ҳақ ва] ёд кардани Ман сустӣ наварзед","Ба сӯйи Фиръавн биравед, ки ӯ [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст","Пас, ба нармӣ бо ӯ сухан бигӯед; бошад, ки панд гирад ё [аз азоби илоҳӣ] битарсад [ва тавба кунад]","[Мӯсо ва Ҳорун] гуфтанд: «Парвардигоро, мо бимнокем, ки бар мо пешдастӣ намояд [ва пеш аз поёни даъват муҷозотамон кунад] ё [дар баробари сухани ҳақ] саркашӣ кунад»","[Аллоҳ таоло] фармуд: «Натарсед [ки] яқинан, Ман ҳамроҳатон ҳастам [ва ҳама чизро] мешунавам ва мебинам","Пас, ба сӯи ӯ биравед ва бигӯед: «Мо фиристодагони Парвардигорат ҳастем. Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист ва [таҳқиру] озорашон накун. Ба ростӣ, ки Мо барои ту аз ҷониби Парвардигорат нишонаҳои равшане овардаем; ва саломатӣ [аз азоби илоҳӣ] бар касест, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад","Дар ҳақиқат, ба мо ваҳй шудааст, ки азоби [дузах] бар касест, ки [оёт ва муъҷизотро] дурӯғ ангошт ва [аз даъвати паёмбараш] рӯй гардонд»","[Фиръавн] Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»","[Мӯсо] гуфт: «Парвардигори мо касест, ки ба ҳар чизе офариниши [зоҳир ва вижагиҳои муносиби] ӯро бахшида ва сипас [онро] ҳидоят намудааст»","[Фиръавн] Гуфт: «Пас, ҳол [ва сарнавишти наслҳои гузашта [ки кофир будаанд] чист?»","[Мӯсо] Гуфт: «Дониши он дар китобе [Лавҳи Маҳфуз] назди Парвардигори ман [сабт] аст. Парвардигорам на иштибоҳ мекунад ва на фаромӯш менамояд","Он [маъбуде], ки заминро бароятон [ҳамчун] гаҳворае [маҳалли осоиш] қарор дод ва дар он роҳҳое эҷод кард ва аз осмон обе фуру фиристод ва ба василаи он анвои гуногуни гиёҳонро [аз замин] берун овардем","[Ҳам худ аз он] Бихӯред ва [ҳам] чаҳорпоёнатонро бичаронед. Бе тардид, дар ин [умур] барои хирадмандон нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст","Шуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем","Ва ба ростӣ, [Мо] ҳамаи нишонаҳои [қудрати] худро ба ӯ нишон додем; вале [ҳамаро] дурӯғ пиндошт ва [даъвати ҳақро] напазируфт","[Он гоҳ] Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадӣ, ки бо ҷодуят моро аз сарзаминамон берун кунӣ?","Пас, яқинан, мо низ ҷодуе монанди он бароят меоварем; пас, дар маконе, ки [фосилааш аз ҳар ду тараф] яксон бошад, ваъдагоҳе миёни Мо ва худ таъйин кун, ки на Мо аз он хилоф кунем ва на ту","[Мӯсо] гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи ид бошад, ки [ҳамаи] мардум пеш аз зуҳр ҷамъ мешаванд»","Он гоҳ Фиръавн бозгашт ва [тамоми] найрангу ҳилаи хешро ҷамъ кард ва [ҳамроҳи ҷодугаронаш ба маҳалли мавриди назар] омад","Мӯсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Аллоҳ таоло дурӯғ набандед, ки бо азобе [сахт] нобудатон месозад; ва яқинан, ҳар ки [бо фиреб додани мардум бар Аллоҳ таоло] дурӯғ баст, зиёнкор гашт»","Пас, [ҷодугарон пас аз ҳушдори Мӯсо] дар корашон миёни худ ихтилоф карданд ва пинҳонӣ гуфтугӯ карданд","[Бархе аз онон] Гуфтанд: «Ин ду [нафар] ҳатман, ҷодугаранд [ва] бо ҷодуи хеш мехоҳанд шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оин [ва роҳу расм]-и бартари шуморо аз миён бардоранд","Пас, [ҳамаи] найранги хешро фароҳам кунед [ва ба кор бандед]; сипас дар як саф [барои мубориза] ба пеш оед. Бе тардид, ҳар ки имрӯз [бар душман] чира шавад, пирӯз [ва комёб] гаштааст","[Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?»","[Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд","Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард","Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ","Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад»","[Пас, чун Мӯсо асояшро бар замин андохт, ба мори бузурге табдил шуд ва сохтаҳои ононро балъид], он гоҳ ҷодугарон ба саҷда афтоданд [ва] гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем»","[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Пас, ҳатман, дасту пойи шуморо бар акси якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро дар танаҳои нахл ба дор меовезам ва он гоҳ хуб хоҳед донист, ки азоб [ва шиканҷаи] кадом яки аз мо сахттар ва пояндатар аст; [ман ё Парвардигори Мӯсо]»","[Ҷодугарон] Гуфтанд: «Ҳаргиз [пайравӣ аз] туро бар ин далоили равшане, ки бароямон омадааст ва [ҳамчунин] бар он ки моро офаридааст, тарҷеҳ намедиҳем; пас, ба ҳар ҳукме, ки мехоҳӣ, ҳукм кун. Ту фақат метавонӣ дар зиндагии ин дунё ҳукм кунӣ","Бе тардид, мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз ҷодугарӣ бар мо таҳмил кардаӣ, бибахшояд; ва Аллоҳ таоло беҳтару пояндатар аст»","Ҳар ки дар пешгоҳи Парвардигораш гунаҳкор ҳозир шавад, яқинан, оташи дузах барои ӯст; дар он ҷо на мемирад [ ки раҳоӣ ёбад] ва на [ба хушӣ] зиндагӣ мекунад","Ва ҳар ки муъмин назди ӯ биёяд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас, инон дараҷоти олӣ доранд","Боғҳои ҷовидони [биҳишт], ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он хоҳанд буд; ва ин аст подоши касе, ки худро [аз олудагиҳои ширку гуноҳ] пок кардааст","Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср берун] бибар, сипас барои онон дар дарё роҳе хушк бикшо, ки на аз таъқиб [-и душманон] хоҳӣ тарсид ва на [аз ғарқ шудан дар дарё] бим дорӣ","Он гоҳ Фиръавн бо сипоҳиёнаш ононро дунбол кард ва оби дарё эшонро фуру пӯшонид; чунон пӯшонидане [ки ҳақиқаташро касе ҷуз Аллоҳ таоло намедонад]","Ва [бад-ин сон Фиръавн қавми худро гумроҳ намуд ва ҳидоят накард","Эй Бани Исроил, ба ростӣ, [Мо] шуморо аз [чанги] душманонатон наҷот додем ва дар самти рости [кӯҳи] Тӯр бо шумо ваъда гузоштем [то Тавротро нозил кунем] ва бар шумо манн [ширинӣ] ва салво [бедона] фуру фиристодем","Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред ва дар он зиёдаравӣ накунед, ки хашми Ман бар шумо фуруд меояд; ва ҳар ки хашми ман бар ӯ фуруд ояд, ҳатман, ҳалок мегардад","Ва яқинан, ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста кунад ва он гоҳ бар ҳидоят [-и худ боқӣ] бимонад","Эй Мӯсо, чи чиз муҷиб шуд, ки ҷилавтар аз қавмат [ба сӯйи ваъдагоҳи Тӯр] бишитобӣ?","[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, онон ба дунболам меоянд ва ман ба сӯят шитофтам, то [аз ман] хушнуд гардӣ»","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [бидон, ки] Мо қавматро пас аз [рафтани] ту озмудем ва Сомирӣ гумроҳашон кард»","Пас, Мӯсо хашмгин [ва] андӯҳнок ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва] гуфт: «Эй қавми ман, магар Парвардигоратон [дар бораи нузули Таврот] ваъдаи наку ба шумо надода буд? Оё бар паймони шумо [бо Аллоҳ таоло] замоне тӯлонӣ гузашт [ва ҳамаро аз ёд бурдед] ё хостед, хашме аз [сӯи] Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»","Онон гуфтанд: «[Мо] Ба ихтиёри худ паймони туро нашикастем, вале борҳои сангине аз зару зеварҳои қавм [-и Фиръавн]-ро, ки бар мо ниҳода буданд, [дар оташ] андохтем ва Сомирӣ низ [он чиро, ки иддао мекард, хоки суми асби Ҷабраил аст, дар оташ] андохт»","Он гоҳ барояшон муҷассамаи гӯсолае сохт, ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Пас, [Сомирӣ ва пайравонаш ба мардум] гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст, ки онро фаромӯш [ва ин ҷо раҳо] кардааст»","Оё намедиданд, ки [ин гӯсола] ҳеҷ посухе ба онҳо намедиҳад ва ҳеҷ зиёне ва суде барояшон надорад?","Ва дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед»","[Онон] Гуфтанд: «Мо пайваста бар ин [гӯсолапарастӣ] мемонем, то Мӯсо наздамон бозгардад»","[Вақте Мӯсо бозомад] Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ онон гумроҳ шудаанд,","чи чизе туро аз пайравии ман боздошт [ва чаро ононро тарк накардӣ]? Оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?»","[Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ришу [мӯйи] сарамро нагир. Дар ҳақиқат, тарсидам, ки бигӯӣ, миёни Бани Исроил тафриқа андохтӣ ва сухан [ва супориш]-и маро ба кор набастӣ»","[Мӯсо] Гуфт: «Эй Сомирӣ, ин чи коре аст, ки кардӣ?»","Ӯ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онон надиданд ва муште аз хоки пойи [асби] фиристода [Ҷабраил]-ро бардоштам ва [дар пайкари гӯсола] андохтам ва [ҳавои] нафсам [ин корро] инчунин бароям орост»","[Мӯсо] Гуфт: «Пас, бирав. Бе тардид, баҳраи ту дар зиндагӣ ин аст, ки [чунон матруд шавӣ, ки ба мардум] бигӯӣ: «[Ба ман] Даст назанед»; ва ваъдагоҳе [барои азоб] хоҳӣ дошт, ки ҳаргиз аз он тахаллуф нахоҳад шуд; ва [акнун] ба он маъбуде, ки пайваста дар ибодаташ будӣ, бингар; онро месӯзонем, он гоҳ [ки комилан хокистар шуд,] дар дарё парокандааш месозем»","[Эй мардум] Маъбуди шумо Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст","[Эй Паёмбар] Ин гуна аз ахбор [ва достонҳои паёмбарони] гузашта бар ту ҳикоят мекунем; ва ба ростӣ, ки [мо] аз ҷониби хеш ба ту Қуръоне [пандомӯз] додаем","Ҳар ки аз он рӯйгардон шавад, яқинан, рӯзи қиёмат бори сангине [аз гуноҳ] бар дӯш хоҳад кашид","Ҷовидона дар он [азоб] хоҳанд монд; ва чи бад аст боре, ки [кофирон] дар қиёмат хоҳанд кашид!","Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва дар он рӯз муҷримонро [ки бисёр тарсидаанд, бо чашму бадани] кабуд ҷамъ мекунем","Байни худ оҳиста сухан мегӯянд: «[Шумо] Беш аз даҳ рӯз [дар дунё] ба сар набурдаед»","Мо ба он чи эшон мегӯянд, донотарем; он гоҳ ки хирадмандтаринашон мегӯяд: «[Шумо] Танҳо як рӯз ба сар бурдаед»","Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи кӯҳҳо [дар қиёмат] мепурсанд; пас, бигӯ: «Парвардигорам ононро сахт муталошӣ [ва пароканда] мекунад","Ва онҳоро софу ҳамвор хоҳад намуд","[Ҳамчун замине] Ки дар он ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ»","Дар он рӯз [ҳамаи мардум] бидуни ҳеҷ мухолифате аз даъваткунанда [-и илоҳӣ] пайравӣ мекунанд ва садоҳо дар баробари Худои меҳрубон паст мешаванд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз садои пойе нахоҳӣ шунид","Дар он рӯз шафоат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон ба ӯ иҷозат диҳад ва суханашро биписандад","[Аллоҳ таоло] Он чиро, ки инсонҳо [дар охират] дар пеш доранд ва он чиро, ки [дар дунё] пушти сар гузоштаанд, [ҳамаро] медонад, вале дониши онон ӯро фаро намегирад","Ва чеҳраҳо дар баробари [Парвардигори] зиндаи пойдор хор мегардад ва ҳар ки [бори] ситам бардошт, зиён дид","Ва касе, ки аз корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, на аз ҳеҷ ситаме меҳаросад ва на аз костан [-и подошаш]","Ва, инчунин, онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем ва ҳушдорҳои гуногун дар он баён намудем; бошад, ки [аз азоби илоҳӣ] парҳезанд ё [ин китоб] барояшон панде падид оварад","Пас, баландмартаба аст Аллоҳ таоло, ки фармонравои ҳақ аст. Ва дар [хондани] Қуръон – пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад – шитоб макун; ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо»","Ба ростӣ, пеш аз ин бо Одам паймон бастем [ки аз меваи дарахти мамнуа нахӯрад]; вале [паймонашро] фаромӯш кард ва дар ӯ азме [устувор] наёфтем","Ва [ёд кун аз ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар Иблис, ки сарпечӣ намуд","Пас, гуфтем: «Эй Одам, ин [Иблис] душмани ту ва ҳамсари туст; мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба сахтӣ меафтӣ","Дар ҳақиқат, ту ин [неъмат]-ро [дар биҳишт] дорӣ, ки на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ","Ва ин ки дар он ҷо на ташна мешавӣ ва на офтобзада","Пас, шайтон ӯро васваса кард [ва] гуфт: «Эй Одам, оё [мехоҳӣ] дарахти ҷовидонагӣ ва фармонравоии фанонопазирро нишонат диҳам?»","Он гоҳ аз он [дарахти мамнуа] хӯрданд ва шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар худ [то авраташонро бипӯшонанд]; ва [инчунин буд, ки] Одам аз Парвардигораш сарпечӣ кард ва ба бероҳӣ рафт","Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ кард","Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад","Ва касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем","Вай мегӯяд: «Парвардигоро, чаро маро нобино барангехтӣ; ҳол он ки [дар дунё] бино будам?»","[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҳамон тавр, ки оёти Мо бар ту омад ва онҳоро ба фаромӯшӣ супурдӣ, имрӯз ту [низ] ба ҳамон сурат фаромӯш мешавӣ»","Ва касеро, ки [дар гумроҳӣ ва гуноҳ] зиёдаравӣ кунад ва ба оёти Парвардигораш имон наоварад, ин гуна кайфар медиҳем; ва ҳатман, азоби охират шадидтар ва пойдортар аст","Оё барои ҳидояташон кофӣ нест, ки [бидонанд] чи наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин мушрикон] дар хонаҳои эшон [наслҳои гузашта] роҳ мераванд? Ба ростӣ, дар ин [нукта] барои хирадмандон нишонаҳое [ибратангез] аст","Ва агар аз сӯйи Парвардигорат сухане [дар бораи итмоми ҳуҷҷат бо мардум] нагузашта буд ва замони муайяне дар кор набуд, ҳатман [азоби илоҳӣ дар ҳамин дунё бар онон] лозим мешуд","Пас [эй Паёмбар,] бар он чӣ мегӯянд, шикебо бош ва Парвардигоратро пеш аз тулуи офтоб [дар намози бомдод] ва пеш аз ғуруб [дар намози аср] ба покӣ ситоиш кун ва соате аз шаб [дар намози хуфтан] ва канораҳои рӯз [дар намози пешин ва шом низ ба ниёиш бипардоз]; бошад, ки [аз подоши илоҳӣ] хушнуд шавӣ","Ва ҳаргиз ба [неъматҳои дунявӣ ва] он чи ки гурӯҳҳое аз онон [мушрикон]-ро аз онҳо баҳраманд сохтаем, чашм надӯз. Инҳо зинати зиндагии дунёст, то ононро бад-он биозмояд; ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст","Ва хонаводаатро ба намоз фармон бидеҳ ва [худ] бар [анҷоми] он шикебо бош [Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст","[Мушрикон] гуфтанд: «Чаро [Муҳаммад] муъҷизае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Бигӯ: «Оё [Қуръон ба унвони] далели равшан он чи дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?»","Агар Мо ононро пеш аз он [ки паёмбар ва китоби осмонӣ биёяд] бо азобе ҳалок мекардем, ҳатман, [рӯзи қиёмат мушрикон] мегуфтанд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре ба сӯямон нафиристодӣ, то пеш аз он ки хору расво шавем, аз оёти Ту пайравӣ кунем?»","[Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд; пас, шумо [низ] мунтазир бошед. Ба зудӣ хоҳед донист, ки раҳравони роҳи рост чи касоне ҳастанд ва ҳидоятёфта кист»"]