["Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд.","Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд.","Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»","Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност».","Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад».","Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд?","Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед.","Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд.","Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем.","Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед?","Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем.","Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд.","Мегузеред! Бо нозу ишрат ба хонаҳои худ боз гардед то пурсида шавед!","Гуфтанд; «Вой бар мо, мо ситамкор будаем!»","Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун кишти даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем.","Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дӯст, ба бозича наофаридаем.","Агар хостори бозичае мебудем, Худ онро меофаридем, агар хоста будем.","Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо сифат медиҳед.","Аз они Ӯст ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд,","Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онҳо падид ояд, тасбеҳ мегӯянд.","Оё дар замин худоёне интихобидаанд, ки мурдагонро аз гӯр бар мехезонанд?","Агар дар замину осмон худоёне ғайри Оллоҳ мебуд, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас Оллоҳ — Парвардигори арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст.","Ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунад, пурсида намешавад, вале мардум пурсида мешаванд.","Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд.","Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед.","Ва гуфтанд, ки Худои раҳмон соҳиби фарзанд аст. Пок аст Ӯ. Балки онон бандагоне гироми ҳастанд,","дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд.","Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонерю, ки Худо аз онҳо хушнуд аст, шафоъат намекунанд ва аз бими Ӯ ларзонанд.","Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем.","Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд?","Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем то наларзонадашон. Ва дар он роҳҳои васеъ сохтем, бошад, ки роҳи худ биёбанд.","Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯ мегардонанд.","Ӯст касе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид.","Мо пеш аз ту ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?","Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру шар меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед.","Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои раҳмонро мункиранд.","Одамӣ шитобкор офарида шуда. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед.","Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»","Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти худ боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист.","Аммо қиёмат ба ногаҳон биояд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон надиҳанд.","Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.","Бигӯ: «Кист он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд.","Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На! Он худоён ёрии худро натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд.","Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дароз кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он кам мекунем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд?","Бигӯ: «Ман шуморо ба ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд.","Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»","Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисоб карданро басандаем!","Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон.","Онон, ки аз Худои худ дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.","Ин муборак Қуръонест, ки нозил кардаем, Оё мункири он ҳастед?","Пеш аз ин ба Иброҳим қувваи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем.","Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»","Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».","Гуфт: «Албатта шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».","Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»","Гуфт: «На, Парвардигори шумо Парвардигори осмонҳову замин аст. Он ки онҳоро биофаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.","Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».","Онҳоро пора-пора кард. Лекин бузургтаринашонро, пора накард, шояд бар он рӯй оранд.","Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта ӯ аз ситамкорон аст!»","Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим аз онҳо сухан мегуфтааст».","Гуфтанд: «Ӯро ба назди мардум биёваред то шоҳидӣ диҳанд».","Гуфтанд: «Эй Иброҳим ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»","Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».","Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед».","Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».","Гуфт: «Оё ғайри Оллоҳ чизеро мепарастед, ки на шуморо фоида мерасонад, на зиён.","Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед?","Гуфтанд; «Агар мехоҳед коре бикунед, (Иброҳимро) бисӯзонед ва худоёни худро ёрӣ дихед».","Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим хунук ва саломат бош!»","Мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем.","Ӯ ва Лутро наҷот додем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем.","Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.","Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.","Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он деҳа, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Онҳо, ки мардуме баду фосиқ буданд!","Ӯро дар раҳмати худ дохил кардем, ки ӯ аз шоистагон буд.","Ва Нӯҳро ёд кун, ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз меҳнате бузург раҳонидем.","Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон бад мардуме буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем,","Ва Довуду Сулаймонро ёд кун, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем.","Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳамаро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳама Мо кардем.","Ва ба Ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед?","Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва Мо бар ҳар чизе доноем.","Ва гурӯҳе аз девон барояш дар дарё шиноварӣ мекарданд ва ғайри он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.","Ва Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».","Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.","Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз собирон буданд.","Ононро сазовори бахшоиши худ гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд.","Ва Зуннунро он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Х, еч худое чуз Ту нест. Ту пок хастй ва ман аз ситамкорон хастам».","Дуъояшро мустачоб кардем ва уро аз андух рахонидем ва муъминонро инчунин мерахонем.","Ва Закариёро ёд кун, он гох ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо вомагузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»","Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба у Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан (сархам) буданд.","Ва он занро ёд кун, ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худо дар ӯ дамидем ва ӯву фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.","Ин шариъати шумост, шариъате ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед!","Ва дар дини худ фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд!","Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кушиши ӯро ношукрӣ нест ва Мо амалҳояшонро менависем.","Ва деҳаеро, ки ба ҳалокат расонидаем, муҳол аст, ки бозгаште дошта бошанд.","То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.","Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»","Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои дӯзах ҳастед. Шумо ба дӯзах хоҳед рафт!","Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.","Онон дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд.","Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз дӯзах барканоранд.","Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳанд, муҳайёст, ҷовидонаанд.","Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд.","Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯхдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард.","Ва Мо дар Забур, пас аз Таврот, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман ба мерос хоҳанд бурд.","Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!","Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем.","Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худой шумо Худоест якто, оё ба Ӯ гардан мениҳед?»","Пас агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур.","Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред.","Ва намедонам шояд ин (дер кардани азоб) озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ то ба ҳангоми марг бошад».","Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ довари кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз Ӯ ёрӣ меҷӯянд».","Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест!","Он рӯз, ки бубинедаш, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар ҳомилае бори худро, бар замин гузорад ва мардумро чун мастон бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Худо сахт аст.","Баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише дар бораи Худо баҳс мекунанд ва ба дар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд.","Бар шайтон чунин муқаррар шуда, ки ҳар касро, ки дӯсташ бидорад, гумроҳ кунад ва ба азоби оташи сӯзонаш кашонад.","Эй мардум, агар аз рӯзи қиёмат дар шубҳа ҳастед, Мо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа, он гоҳ аз лахтаи хуне ва сипас аз порагӯште гоҳ тамом офарида, гоҳ нотамом биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муъайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмхҳо нигаҳ медорем. Он гоҳ шуморо, ки кӯдаке ҳастед, берун меоварем, то ба ҳадди зӯрмандии худ расед. Баъзе аз шумо мемирандва баъзе ба солхӯрдагӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чӣ омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкида мебинӣ. Чун борон бар он бифирис- тем, дар ҷунбиш ояд ва нашъу намо кунад ва аз ҳар гуна гиёҳи боравнақ бирӯёнад.","Ва инҳо далел бар он аст, ки Худо ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва бар ҳар коре тавоност.","Ва низ қиёмат хоҳад омад, шаке дар он нест. Ва Худо ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.","Аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше дар бораи Худо баҳс мекунад.","Гарданро ба такаббур ба як сӯ мепечонад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.","Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Худо ба бандагонаш ситам намекунад.","Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гирад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст.","Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на нафъе ва ин гумроҳиест беохир.","Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз нафъи ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат.","Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.","Касе, ки мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират ёриаш нахоҳад кард, худашро бо ресмоне ба сақф биёвезад то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд.","Ба ин тарз Қуръонро нозил кардем бо оёте равшангар. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.","Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собион ё насоро ё маҷус ихтиёр кардаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро Ӯ бар дар коре шоҳид аст!","Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд? Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад. (Сачда).","Ин ду гурӯҳ дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Барои онон, ки кофиранд, ҷомаҳое аз оташ буридаанд ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.","Бо он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.","Ва низ барои онҳост гурзҳое оҳанин.","Ҳар гоҳ, ки хоҳанд, аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонанд, ки бичашед азоби оташи сӯзандаро.","Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон аз ҳарир аст.","Онҳо ба он сухани пок ва ба роҳи Худованди сутуданӣ роҳнамоӣ шудаанд.","Онҳое, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо ва масҷидулҳаром, ки барои мардуми чӣ муқиму чӣ ғариб яксон аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, азоби дардовар мечашонем.","Ва макони хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рокеъону соҷидон покиза бидор».","Ва мардумро ба ҳаҷ даъват кун то пиёда ё савор бар шутурони лоғар аз роҳҳои дур назди ту биёянд.","То нафъҳоеро, ки аз они онҳост, бубинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёнӣ фақирро низ таъом диҳед.","Сипас чирк аз худ дур кунанд ва назрҳои худро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд.","Ҳамчунин ҳар кас даст аз ҳаром бидорад, дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, ғайри онҳое, ки бароятон хонда шуда. Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.","Рӯйовардагон ба Худо бошед ва ширкнаёвардагон ба Ӯ; ва ҳар кас, ки ба Худо ширк оварад, чун он касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва мурғ ӯро бирабояд ё бодаш ба маконе дур андозад.","Оре, касоне, ки шиъорҳои Худоро бузург мешуморанд, корашон нишони парҳезгории дилҳояшон бошад.","Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муъайян бароятон судҳост, сипас ҷои қурбониашон дар он хокаи кӯҳансол аст.","Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳодем, то ба он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯро бар забон ронанд. Пас Худои шумо Худои яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва ибодаткунандагонро хушхабар деҳ","онон, ки чун номи Худо бурда шавад, дар дил битарсанд ва ба он ҳангом, ки ба онҳо мусибате расад, собиранд ва намозгузоронанд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.","Шутурони қурбониро барои шумо аз шиорҳои Худо қарор додем. Шуморо дар он хайрест. Ва ҳамчунон ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз онҳо бихӯред ва фақиронро қонеъу гадоёнро таъом диҳед. Инҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шукргузорӣ кунед!","Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ!","Худо аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад ва Худо хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!","Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност.","Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, фақат ин буд, ки мегуфтанд; «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст!","Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост!","Агар инҳо туро дурӯғ баровардаанд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд низ дурӯғ баровардаанд,","ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,","ва мардуми Мадян. Ва Мӯсо низ такзиб гардвд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва уқубати Ман чӣ гуна буд?","Чӣ бисёр деҳаҳои золимро ҳалок кардем ва сақфҳояшон фурӯ рехт ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекора монд ва қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.","Оё дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба он ақл кунанд ва гӯшҳое, ки бо он бишнаванд? Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр шаванд.","Аз ту ба шитоб азоб металабанд ва Худо ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва як рӯз аз рӯзҳои Парвардигори ту баробар бо ҳазор сол аст, аз он солҳое, ки мешумуред.","Чӣ бисёр деҳаҳое, ки золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!","Бигӯ: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам».","Пас ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоишу ризқе бузург аст.","Ва онон, ки дар радди оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро очиз кунанд, аҳли ҷаҳаннаманд.","Мо пеш аз ту ҳар як расул ё набиеро фиристодабошем, чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе афканд. Ва Худо он чиро, ки шайтон афканда буд насх (рад) кард, сипас оёти худро устоворӣ бахшид ва Худо донову ҳаким аст!","То ки он чӣ шайтон дар сухани ӯ афканда, барои касоне, ки дар қалбҳояшон беморист ва низ сахтдилон озмоише бошад ва ситамкорон дар душмание бузурганд!","Ва то донишёфтагон бидонанд, ки Қуръон ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад. Ва Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.","Ҳамеша кофирон дар он шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рӯзи бешодмонӣ гирифтор оянд.","Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Худост. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар биҳиштҳои пурнеъматанд.","Ва касоне, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азобест хоркунанда!","Ва касонеро, ки дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, сипас кушта шуданд ё худ мурданд, Худо ба ризқе некӯ рӯзӣ медиҳад. Зеро Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст.","Ононро ба ҷое дароварад, ки аз он хушнуд бошанд. Ва албатта Худо донову собирает!","Ҳар кас уқубат кунад, ҳамчунон ки ӯро уқубат кардаанд, он гоҳ бар ӯ дубора ситам кунанд, Худо ёриаш хоҳад кард. Зеро Худо авфкунанда ва омурзанда аст.","Ин ба он сабаб аст, ки Худо аз шаб кам мекунад ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунад ва ба шаб меафзояд. Ва Худо шунавову биност.","Ин ба он сабаб аст, ки Худо ҳақ аст ва он чӣ ба ҷои Ӯ ба худоӣ мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.","Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва замин пурсабза гардид? Албатта Худо борикбину огоҳ аст!","Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Ӯст бениёз (бе эҳтиёҷ) ва сазовори ситоиш!","Оё надидаӣ, ки Худо ҳар чиро дар рӯи замин аст, роми шумо кардааст ва киштиҳоро, ки дар дарё ба фармони Ӯ мераванд? Ва осмонро нигоҳ дошта, ки ҷуз ба фармони Ӯ бар замин наафтад. Зеро Худоро бар мардум раъфату (шафқату) меҳрубонист.","Ӯст он кӣ шуморо зиндагӣ бахшид ва сипас бимиронд ва боз зинда месозад. Ва одамӣ ношукр аст.","Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад. Пас дар ин кор бо ту муҷодала накунанд ва мардумро ба Парвардигори худ даъват кун, зеро ту ба ростӣ бар роҳи рост қадам мениҳӣ.","Ва агар бо ту муҷодала карданд, бигӯ: «Худо бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст.","Дар он чӣ мавриди ихтилофи шумост, Худо дар рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард».","Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Ва ин дар китобе навиштааст ва корест бар Худо осон.","Ва ғайри Оллоҳ чизеро мепарастанд, ки хеҷ далеле бар вуҷудаш нозил нашудааст ва ҳеҷ донише бад-он надоранд. Ва ситамкорон ёваре надоранд.","Чун оёти равшангари Мо бар онон хонда шавад, нишони инкорро бар чеҳраи кофирон мешиносӣ чунон ки наздик бошад бар онон, ки оётро мехонанд, ҳамлавар шаванд. Бигӯ: «Оё шуморо ба чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Оташ. Худо онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ бад саранҷомест!»","Эй мардум, мисоле ова; рда шуд. Бад-он гӯш диҳед. Касоне, ки онҳоро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, агар ҳама гирд оянд, магасеро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, бозситонданашро натавонанд. Толибу матлуб ҳар ду нотавонанд!","Худоро, чунон ки лоиқи Ӯст, нашинохтанд. Ҳар оина Худо нерӯманду пирӯз аст!","Худо аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта Худо шунавову биност!","Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пӯшти сарашон аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо бад-Ӯ бозмегардад.","Эй касоне, ки имон овардаед, руқӯъ кунед ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, бошад, ки наҷот ёбед.","Дар роҳи Худованд, чунон ки бояд ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёвард. Дини падаратон Иброҳим аст. Ӯ пеш аз ин ва дар ин шуморо мусалмон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! Ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое неку ва чӣ ёваре некӯ!"]