["Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Магар бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо якест ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем».","Ҳамчунон ин китобро бар ту нозил кардем ва аҳли китоб ба он имон меоваранд ва аз инҳо низ касоне ба он имон меоваранд ва ғайри кофирон касе оёти Моро инкор намекунад.","Ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ китобе наменавиштӣ. Агар чунон буд, аҳли ботил ба шак афтода буданд.","Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро ситамкорон инкор мекунанд.","Ва гуфтанд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш оёте бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Оёт дар назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкор ҳастам».","Оё онҳоро кифоя нест, ки бар ту китоб фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоб барои мӯъминон раҳмату панд аст!","Бигӯ: «Худо ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Касоне, ки ба ботил гаравиданд ва ба Худо кофир шуданд, зиёнкоронанд».","Аз ту ба шитоб азобро металабанд. Агар онро замоне муъайян набуд, бар онҳо меомад. Ва ногаҳон ва бе он, ки хабар шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад.","Аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад.","Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пой онҳоро дар бар гирад ва Худо бигӯяд: «Ба хотири амалҳое, ки мекардед, инак азобро бичашед!»","Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардаед, замини ман васеъ аст, пас танҳо Маро бипарастед.","Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва ба сӯи Мо бозгардонида шавед.","Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ғурфаҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест,","онҳо, ки сабр варзиданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.","Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили рӯзии худ надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ шунавову доност!","Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст?» Хоҳанд гуфт: «Худои якто». Пас аз чӣ сабаб ақида дигаргун мекунанд?","Худо рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё бар ӯ танг мегирад. Зеро Худо ба ҳама чиз доност!","Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замин мурдаро ба он зинда кард?» Хоҳанд гуфт: «Худо якто». Бигӯ; «Шукр Худорост!» Вале бештаринашон дарнамеёбанд!","Зиндагонии ин дунё лаҳву лаъаб (бозӣ) аст. Агар бидонанд, ҷахони охират ҷаҳони зиндагонист.","Чун ба киштӣ нишастанд, Худоро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, ширк оваранд,","то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, куфрон кунанд ва бархурдор шаванд. Ба зуди хоҳанд донист.","Оё надонистаанд, ки ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат гирифта мешаванд? Оё ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?","Пас кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме ки ҳақ ба сӯи ӯ ояд, такзибаш мекунад (дурӯғ мешуморад)? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест?","Касонеро, ки дар роҳи Мо ҷиҳод кунанд, ба роҳҳои худ ҳидояташон мекунем ва Худо бо некӯкорон аст!","Алиф, лом, мим.","Румиён мағлуб шуданд","дар наздики ин сарзамин ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд","дар муддати чанд сол. Фармон, фармони Худост, чӣ пеш аз пирӯзӣ ва чӣ баъд аз он. Ва дар он рӯз мӯъминон шодмон мешаванд","ба ёрии Худо. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро ғолибу меҳрубон аст!","Худо ваъда додааст, ба ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд.","Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд.","Оё бо худ намеандешанд, ки Худо осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ба ҳақ ва то муддате маҳдуд, офаридааст? Ва бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.","Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз инҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо бар онҳо фиристода шуда буд. Худо ба онҳо зулм намекард, онон худ ба худашон зулм мекарданд.","Сипас оқибати он касон, ки корҳои бад карданд, ногувортар буд. Зеро инҳо оёти Худоро дурӯғ бароварданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд.","Худо мавҷудотро меофаринад, он гоҳ дигар бора бозмегардонад, он гоҳ ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.","Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гуноҳкорон ҳайратзада бимонанд.","Онҳоро аз миёни бутонашон шафеъоне (наҷотдиҳандае) нест. Ва дигар ба бутони худ бовар надоранд.","Ва чун қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аз якдигар чудо шаванд (мӯъминон аз кофирон).","Аммо онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ҷаннат ба шодмонӣ бархӯрдоранд.","Ва аммо онҳое, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд ва дидори охиратро дурӯғ мепиндоранд, ҳамаро дар азоб ҳозир оранд.","Худоро биситоед, ба он ҳангом ки ба шаб дармеоед ва ба он ҳангом ки ба субҳ дармеоед.","Шукр Ӯрост дар осмонҳову замин, ба ҳангоми шаб ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед.","Зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун мешавед.","Аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки шуморо аз хок биёфарид то инсон шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд,","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён.","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд.","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд.","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпой истодаанд. Сипас вақте, ки шуморо аз замин фаро мехонад, шумо аз замин берун меоед.","Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.","Ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва Ӯст ғолибу ҳаким!","Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем.","Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест.","Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст. Вале бештари мардум намедонанд!","Ба Ӯ бозгардед ва аз Ӯ битарсед ва намоз бигузоред ва аз мушрикон набошед.","Аз онон мабошед, ки дини худро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд.","Чун бар одамиён зиёне расад, Парвардигорашонро бихонанд ва ба даргоҳи Ӯ тавба кунанд ва чун раҳмати худ ба онҳо бичашонад, гурӯҳеро бинӣ, ки ба Парвардигорашон ширк меоваранд.","Пас неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зуди, ки хоҳед донист!","Оё барояшон далеле нозил кардем, то аз чизе, ки бо Худо шарик месозанд, сухан гуфта бошад?","Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе ба онҳо расад, ногаҳон ноумед мегарданд!","Оё намебинанд, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!","Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд.","Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд.","Худост, он ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст Ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар (болотар) аст.","Ба сабаби амалҳои мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад; шояд, ки бозгарданд.","Бигӯ: «Дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати пешиниён ки бештаринашон аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст».","Ба дини поки пойдор рӯй биёвар, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки аз амри Худо бозгаштанаш набошад. Дар он рӯз мардум ду гурӯҳ шаванд:","касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, барои худ подоше (мукофоти) некӯ омода кардаанд,","то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ музд диҳад. Зеро Худо кофиронро дӯст надорад!","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ он, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо бичашонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Шояд, ки шукр гӯед!","Ва пеш аз ту паёмбаронеро бар қавмашон фиристодем. Онон бо далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Ва Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд.","Худост, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунон ки хоҳад, бар осмон паҳн кунад ва онро пора-пора кунад ва бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, шодмон шаванд,","агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед будаанд.","Пас ба осори раҳмати Худо бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Чунин Худое зиндакунандаи мурдагон аст ва бар ҳар коре тавоност.","Ва агар боде бифиристем, ки киштаҳоро зард бубинанд аз он пас ҳама кофир шаванд.","Ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба – гӯши он карон нарасонӣ.","Ту ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим шудаанд.","Худост, ки шуморо нотавон биёфарид ва пас аз нотавонӣ боқувват сохт, он гоҳ пас аз боқувватӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност!","Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, кофирон савганд хӯранд, ки зиёда аз соаъте дар гӯр наоромидаанд. Оре, инчунин аз ҳақ каҷрав мешуданд.","Онон, ки донишу имон дода шудаанд, гӯянд: Шумо мувофиқи китоби Худо то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст ва шумо намедонистаед».","Дар ин рӯз узрхоҳии ситамкорон ба ҳолашон нафъ надиҳад ва аз онҳо нахоҳанд, ки тавба кунанд,","Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масал овардаем. Ва чун ояе барояшон биёварӣ, кофирон хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»","Инчунин Худо бар дилҳои касоне, ки аз доноӣ бебаҳраанд, мӯҳр мениҳад!","Пас сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст. Мабод; онон, ки ба марҳалаи яқин нарасидаанд, туро бесуботу безобита гардонанд!","Алиф, лом, мим.","Инҳо ояҳои китоби ҳикматомез аст.","Некӯкоронро ҳидояту раҳматест:","онон, ки намоз мегузоранду закот медиҳанд ва ба охират яқин доранд.","Инҳо аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо наҷотёфтагонанд.","Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва Қуръонро ба масхара мегиранд. Насиби инҳо азобост хоркунанда.","Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй баргардонанд, чунон ки гӯӣ нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояш сангин (вазнин) шуда бошад. Ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ!","Насиби онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.","Дар он ҷо ҷовидонанд, ваъдаи Худо рост аст. Ӯ ғолибу ҳаким аст!","Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он бипароканд. Ва аз осмон об фиристодем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.","Ин офариниши Худост. Пас ба Ман нишон диҳед онҳо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, чӣ офаридаанд. Балки золимони дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.","Албатта ба Луқмон ҳикмат додему гуфтетм: «Худоро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, ба нафъи худ шукр гуфта ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Худо бениёзу (беэҳтиёҷ) ситоиш карданист!»","Ва Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, зеро ширк зулмест бузург.","Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ томила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст.","Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам.","Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин, бошад, Худо ба ҳисобаш меоварад, ки Ӯ заррабину огоҳ аст!","Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин аз корҳоест, ки набояд дар онҳо бепарвоӣ кард.","Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад.","Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, яъне баланди беҳад накун, зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст.","Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чӣ ошкору чӣ пинҳон ба тамомӣ бар шумо ато кардааст? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби равшане дар бораи Худо ҷидол (баҳс) мекунанд.","Ва чун ба онҳо бигӯянд: «Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «На! Мо аз дине, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон даъват карда бошад.","Ҳар кӣ рӯи худ ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта ба дастгираи устуворе ҷанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост!","Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон назди Мост. Пас ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем. Зеро Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!","Андаке комёбашон месозем, сипас ба бечорагӣ ба азоби сахташон мекашонем.","Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Шукр Худоро!» Балки бештарашон нодонанд!","Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бениёзу сутуданист! (шукр гуфтанист)","Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва даре мураккаб (ранг) ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!","Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда кардани як тан аст Албатта Худо шунавову биност!","Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро роми худ сохт, ки ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракат аст? Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ба ғайри Ӯ мехонанд, ботил аст ва Худост баландмартабаву бузургвор.","Оё надидаӣ, ки киштӣ ба неъмати Худо дар дарё равон мешавад, то Худо баъзе аз оёти қудрати худро ба шумо бинамоёнад? Дар ин барои мардуми сабркунандаи шукргузор ибратҳост!","Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро фурӯ пӯшад, Худоро аз рӯи ихлос дар дил бихонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, баъзе ба аҳди худ вафо кунанд. Ва ҷуз ғаддорони (бевафоёни) кофири неъмат оёти Моро инкор накунанд.","Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад, битарсед. Ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё фиребатон надиҳад ва низ шайтони фиребкор ба карами Худо фиребатон насозад.","Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. Ӯст, ки борон меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. Худо донову огоҳ аст!","Алиф, Лом, Мим.","Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.","Оё мегӯянд: «(Қуръонро) худаш бофтааст?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят раванд.","Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ ба арш пардохт. Шуморо ҷуз Ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред?","Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки, миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки мешуморед, ба сӯи Ӯ боло меравед.","Ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст.","Он кӣ ҳар чиро офарид, ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати офаридани инсонро аз гил оғоз кард.","Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр падид овард.","Он гоҳ, аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо офарид. Чӣ андак шукр мегӯед!","Ва гуфтанд: «Оё вақте ки дар замин нопадид шавем, офариниши тозае хоҳем ёфт?» Оре, онҳо ба дидор бо Парвардигорашон имон надоранд!","Бигӯ: «Фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед».","Туро ибрат аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ. Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон то коре шоиста кунем, ки инак ба яқин расидаем».","Агар мехостем, ҳидояти ҳар касро ба ӯ ато мекардем, вале ваъдаи Ман, ки ҷаҳаннамро аз ҳаман ҷинниёну одамиён пур мекунам, ҳақ аст.","Ба ҷазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун бичашед. Мо низ шуморо аз ёд бурдаем. Ба сазои корҳое, ки мекардаед, азоби ҷовидро бичашед!","Танҳо касоне ба оёти Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва саркашӣ накунанд (Сачда).","Аз бистари хоб паҳлӯ тиҳӣ (бедорхобӣ) мекунанд, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд.","Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба музди корҳои кардааш, барояш пинҳон карда шудааст.","Оё он кас, ки имон оварда, мопанди кассет, ки фисқ меварзад? На, баробар нестанд!","Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба ҷазои неки амалҳое, ки макардаанд, манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт хоҳанд ёфт.","Ва аммо фосиқон, манзилгоҳашон оташ аст. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва бигӯяндашон: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»","Ва азоби дунёро пеш аз он азоби бузургтар ба онҳо бичашонем, шояд, ки бозгарданд!","Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, вале рӯй гардонад? Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем!","Ҳақиқатан ба Мӯсо китоб додем. Аз дидори ӯ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ-Исроил қарор додем.","Аз миёни он қавм пешвоёне падид овардем, ки чун сабр пеша карданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, ба фармоии Мо мардумро ҳидоят мекарданд.","Албатта Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон довари хоҳад кард.","Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Дар ин ибратҳост, чаро намешунаванд?","Оё намебинанд, ки обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем ва чорпоён ва худашон аз он бихӯранд? Чаро намебинанд?","Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пирӯзӣ чӣ вақт хоҳад буд?»","Бигӯ: «Дар рӯзи пирӯзӣ, имон овардани кофирон фоидаашон надиҳад ва мӯҳлаташон надиҳад».","Пас аз онҳо рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо низ дар интизоранд.","Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Зеро Худо донову ҳаким аст!","Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, итоъат кун. Зеро Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.","Ва бар Худо таваккал кун, зеро Худо корсозиро басанда аст.","Худо дар даруни ҳеҷ мярде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед, модаратон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандонатон насохт. Инҳо чизҳоест, ки ба забои мегӯед ва сухани ҳақ аз они Худост ва Ӯст, ки роҳ менамояд.","Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо бахщояндаву меҳрубон аст!","Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, ғайри он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Ва ин ҳукм дар китоби Худо мактуб аст.","Ва он ҳангом, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем,","то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст.","Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст, ёд кунед, ба он ҳангом, ки лашкарҳо бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем ва Худо ба он чӣ мекардед, бино буд!","Он гоҳ ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуд ва дилҳо ба гулӯ расида буд ва ба Худо гумонҳои гуногун мебурдед.","Дар он ҷо мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва сахт такон хӯрданд!","Зеро мунофиқон ва онҳое, ки дар дилҳояшон беморист мегуфтанд: «Худо ва паёмбараш ғайри фиреб ба мо ваъдае надодаанд!»","Ва гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд. Мегуфтанд: «Хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд.","Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоханд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва андаке ҳам мӯҳлат раво нахоҳанд гузаронд.","Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард.","Бигӯ: «Агар аз марг ё кушта шудан бигурегед, ҳаргиз гурехтан нафъатон надиҳад. Ва он гоҳ аз зиндагӣ ғайри андаке баҳраманд нахоҳед шуд».","Бигӯ: «Агар Худо бароятон қасди баде дошта бошад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад?» Онҳо ғайри Худо барои худ дӯсту мададкоре нахоҳанд ёфт.","Худо медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз ҷанг бозмедоранд. 'Ва низ мешиносад касоноро, ки ба бародарони худ мегӯянд: «Ба назди мо биёед». Ва ғайри андаке ба ҷанг намеоянд.","Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва ҷуи тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси и марг) давр мезанад мисли касе, ки аз марг беҳуш туда бошад, Ва чун ваҳшат аз миён биревад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст.","Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд.","Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест, мебинед.","Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Худо ва паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва Худову паёмбараш рост гуфтаанд». Ва имон ва таслимашон зоид шуд.","Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони худ ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд.","То Худо ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон музд диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад ё тавбаи онҳоро бипазирад, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо кифоя аст. Зеро Худо пуртавону ғолиб аст!","Аз аҳли китоб он гурӯҳро, ки ба ёриашон бархоста буданд, аз қалъаҳояшон фуруд овард ва дар дилҳояшон бим афканд. Гурӯҳеро куштед ва гурӯҳеро ба асорат гирифтед.","Худо замину хонаҳо ва молҳояшон ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ба шумо мерос гузошт. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!","Эй паёмбар, ба занонат бигӯ: «Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам,","ва агар хоҳони Худову паёмбари Ӯ ва сарои охират ҳастед, Худо ба некӯкоронатон подоше (мукофоте) бузург хоҳад дод.","Эй занони паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишти сазовори уқубат, кунад. Худо азоби ӯро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст."]