["Ва ҳар кас аз шумо, ки ба фармонбардории Худо ва паёмбараш давом диҳад ва коре шоиста кунад, ду бор ба ӯ мукофот диҳем. Ва барои ӯ ризқе нек омода кардаем.","Эй занони паёмбаар, шумо монанди дигар занон. нестед, агар аз Худо' битарсед. Пас ба нармӣ сухан; нагӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе ҳаст, ба тамаъ афтад, Ва сухани писандида бигӯед.","Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунон ки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор накунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт. Худо мехоҳад, палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад.","Он чиро дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад,. ёд кунед, ки Худо борикбину огоҳ аст!»","Худо барои, мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон. ёд мекунанд ва заноне ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музде бузург омода кардааст!","Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёр бошад. Ҳар ки ба Худову паёмбараш нофармонӣ кунад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст.","Ва ту ба он мард, ки Худо. неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худой битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ он чиро Худо ошкор сохт, махфӣ дошта буди ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазоворгар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас чун Зайд аз ӯ ҳоҷати худ барорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати худ аз ӯ бароварда бошанд, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист!","Бар паёмбар дар анҷом додани он чӣ Худо ба ӯ муқаррар кардааст, ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Худо барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон.","Касоне, ки паёмҳои Худоро мерасонанд ва аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ғайри Ӯ наметарсанд, Худо барои ҳисоб кардани амалҳояшон кофист!","Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ӯ расули Худо ва ҳотами (охирини) паёмбарон аст. Ва Худо ба ҳар чизе доност!","Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро фаровон ёд кунед!","Ва ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳаш гӯед!","Ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дурӯғ мефиристанд, то шуморо аз торикӣ ба равшанӣ барад, зеро Худованд ба мӯъминон меҳрубон аст!","Рӯзе, ки бо Ӯ дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» Ва Худо барояшон мукофоте некӯ омода кардааст.","Эй паёмбар, Мо туро фиристодем то шоҳиду муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ!","Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи Ӯ даъват кунӣ ва чароғе тобнок бошӣ!","Ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки аз сӯи Худо барояшон фазилате бузург омадааст!","Ба кофирону мунофиқон итоъат макун ва озорашонро тарк кун ва бар Худо таваккал кун, ки Худо корсозиро кифоя аст.","Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед, ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин тарз раҳояшон кунед.","Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту ато намудааст, молик шудаӣ ва духтари амуҳо ва духтари аммаҳо ва духтари доиҳо (тағоҳо) ва духтари холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд, бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъминеро, ки худро ба паёмбар бахшида бошад ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад уро ба занӣ гирад. Ин ҳукми махсуси туст на дигар мӯьминон. Мо медонем дар борам занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкилие пеш наёяд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Аз занони худ ҳар киро хоҳӣ ба навбат муаххар (ақиб) дор ва ҳар киро хоҳӣ, бо худ нигаҳ дор. Ва агар аз онҳо, ки дур доштаӣ, якеро биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин интихобу ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин нашавагд ва аз он чӣ ҳамагияшонро ато менамоӣ, бояд, ки хушнуд гарданд ва Худо медонад, ки дар дилҳои шумо чист. Ва Худост, ки донову бурдбор аст!","Баъд аз ин занон ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва низ зане ба ҷои ояҳо ихтиёр кардан, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, ғайри он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Худо назораткунандаи ҳар чизест!","Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил нашавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват кунанд, дохил шавед, ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед. Албатта ин корҳо паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад, Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед. Ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо набояд, ки паёмбари Худоро биёзоред ва на он ки занҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Ин корҳо дар назди Худо гуноҳе бузург аст.","Агар чизеро ошкор кунед ё махфӣ доред, дар ҳар ҳол Худо ба ҳар чизе огоҳ аст.","Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падару писар ва бародару бародарзода ва хоҳарзодаву занони ҳамдин ва ё канизони худ беҳиҷоб бошанд. Ва бояд аз Худо битарсед, ки Худо бар ҳар чизе нозир аст.","Худо ва фариштагонаш бар паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом кунед, саломе некӯ.","Ҳар оина (албатта) касонеро, ки Худо ва паёмбарашро озор медиҳанд, Худо дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азобе хоркунанда муҳайё кардааст.","Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гунохе, ки карда бошанд, меозоранд, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар душ мекашанд.","Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон маразест ва онҳо, ки дар Мадина шойеъа (овоза) мепарокананд, аз кори худ бознаистанд, туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар шаҳр ҳамсоя набошанд.","Инҳо лаънат шудагоизпд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд.","Ин суннати Худовандист, ки дар миёни пешиниён низ буд ва дар суннатн Худо тағйире нахоҳӣ ёфт!","Мардум туро аз қиёмат мепурсанд, бигӯ: «Илми он назди Худост». Ва ту чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.","Худо кофиронро лаънат карда ва барояшон оташе сӯзон муҳайё кардааст,","ки дар он ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.","Рӯзе, ки суратҳояшонро (рӯйҳояшонро) дар оташ бигардонанд, мегӯянд: «Эй кош, Худоро итоъат карда будем ва расулро итоъат карда будем!»","Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба сарварону бузургони худ итоъат кардем ва онон моро гумроҳ карданд.","Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»","Эй касоне, ки имон овардаед, мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро озурда карданд ва Худояш аз он айбе, ки гуфта буданд, покаш сохт ва назди Худо обрӯманд буд.","Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигӯед.","Худо корҳои шуморо ба салоҳ оварад ва гуноҳонатонро бибахшояд. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ба комёбии (зафари) бузурге даст ёфтааст.","Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, кк ӯ ситамкору нодон буд,","то Худо мардони мунофиқу занони мунофиқ ва мардони мушрику занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Ситоиш аз они Худоест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. аз они Ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст!","Ҳар чиро, ки дар замин фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон боло равад, медонад. Ва Ӯ меҳрубону бахшоянда аст!","Кофирон гуфтанд,: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам — он донои ғайб савганд, ки шуморо хоҳад омад. Ба қадри заррае ё кучактар аз он ва ё бузургтар аз он дар осмонҳову замин аз Худо пинҳон нест ва ҳама дар китоби мубин омадааст,","то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, музд диҳад. Барои онҳост бахшоиш ва ризқи некӯ.","Ва онон, ки ба оёти Мо дарафтоданд, то Моро ба нотавонӣ оранд, барояшон аэобест сахт дардовар.","Онон, ки аз дониш баҳрамандӣ ёфтаанд, медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда аст, ҳақ аст ва ба роҳи Худои ғолибу сутуданӣ роҳ менамояд.","Кофирон гуфтанд: «Оё мехоҳед ба марде далолататон кунем, ки шуморо мегӯяд: «Он гоҳ ки порапора шавед ва рез-рез, аз лав офарида хоҳед шуд?","Оё бар Худо дурӯғ мебандад, ё девона аст?» На, онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва сахт аз роҳ дуранд.","Оё ба паши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем, ё қитъае аз осмонро бар сарашон меафканем. Ва дар ин барои ҳар бандае, ки ба Худо бозмегардад, ибратест.","Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш нарм кардем,","ки зиреҳҳои баланд бисоз ва дар бофтани зиреҳ андозаҳоро нигаҳ дор. Ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳоятон биноам!","Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ба чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Парвардигораш барояш кор мекарданд ва ҳар кӣ аз онон сар аз фармони Мо мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.","Барои вай ҳар чӣ мехост, аз биноҳои баланд ва суратҳо ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками барҷой, месохтанд. Эй хонадони Довуд, барои шукр гузорӣ коре кунед ва андаке аз бандагони Ман шукргузоранд.","Чун ҳукми маргро бар ӯ рондем, ҳашарае аз ҳашароти замин мардумро бар маргаш огоҳ кард, асояшро (як сол) хоид. Чун фурӯ афтод, дегҳо дарёфтанд, ки агар илми ғайб медонистанд, дар он азоби хоркунанда намемонданд.","Мардуми Саборо дар масканҳояшон ибрате буд: ду бӯстон доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре бахшоянда!","Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду бӯстонашонро ба ду бӯстон бадал кардем бо мевае талх ва шӯрагаз ва андаке сидр (номи дарахт).","Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем, Оё Мо ғайри носипосонро ҷазо мекунем?","Миёни онон ва қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, деҳаҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар мӯъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!»","Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам, дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони шукргузор!","Шайтон гумони худро дар бораи онҳо дуруст ёфт. Ва ғайри гурӯҳе аз мӯъминон дигарон аз ӯ пайравӣ карданд.","Ва шайтонро бар онон ғолибияте набуд, магар он ки мехостем маълум дорем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест!","Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто худо мепиндоред!» Молики заррае дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надоштаанд ва Худоро аз миёни онҳо ёригаре набудааст.","Шафоъат назди Худо нафъ накунад, магар дар бораи касе, ки Ӯ худ иҷозат диҳад, Ва чун бим аз дилҳояшон биравад, гӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» Гӯянд: «Сухани ҳақ гуфт. Ва Ӯ баландмартабаву бузург аст!»",": Бигӯ: «Аз осмонҳову замин чӣ касе, ба шумо рӯзӣ медиҳад?» Бигӯ: «Худои якто». Инак мову шумо ё дар тариқи ҳидоят ҳастем ё дар гумроҳии ошкор». (Саҷда).","Бигӯ: Агар мо гуноҳе кунем, шуморо пурсиш намекунанд ва агар шумо гуноҳе кардед моро пурсиш нахоҳанд кард».","Бигӯ: «Парвардигори мо мову шуморо гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ доварӣ мекунад. Зеро Ӯст ҳукмкунандаву доно!»","Бигӯ: «Онҳоеро, ки шарики Худо пиндоштед, ба ман нишон бидиҳед! Ҳаргиз, Ӯст Худои ғолибу ҳаким!»","Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум; муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд.","Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (қиёмат) чӣ вақт фаро расад?»","Бигӯ: «Он рӯз, ки меъоде (ваъдагоҳи) шумост, на соъате таъхир кунед ва на соъате пеш афтед».","Ва кофирон гуфтанд: «Мо на ба ин Қуръон имон меоварем ва на ба китобҳои пеш аз он!» Агар бубинӣ он рӯз, ки ситамкоронро ба пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ доранд, ҳар кас гуноҳи худ ба гардани дигаре андозад. Забуншудагон пайравон ба қудратмандон (сардорон) гӯянд: «Агар шумо набудед, мо имон оварда будем».","Қудратмандон ба забуншудагон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят даъват карданд, мо шуморо боздоштем? На, шумо худ гунаҳкор будед!»","Забуншудагон ба қудратмандон гӯянд: «На, шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Худои якто кофир шавем ва барои Ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо гулҳоро бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари амалҳояшон ҷазо дода мешаванд?","Мо кадом бимдиҳандае ба деҳае фиристодем, тавонгарони бо айшу ишраташ гуфтанд: «Мо ба он чӣ шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».","Ва гуфтанд: «Молҳову авлоди мо аз ҳама бештар аст ва касе моро азоб накунад».","Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Вале бештари мардум намедонанд».","Молҳову авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Ғайри онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музди инҳо ба сабаби амалҳояшон ду баробар аст ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд.","Онҳое, ки ба оёти Мо метозанд ва мепиндоранд, ки аз Мо мегурезанд, тӯъмаи азобанд.","Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро хоҳад дод ва Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!","Рӯзе, ки ҳамаро ҷамъ оварад, он гоҳ малоикаро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?»","Мегӯянд; «Ту покӣ. Туӣ валии мо, на онҳо. Инҳо ҷинҳоро мепарастиданд ва бештарин ба онҳо имон доштанд».","Он рӯз ба якдигар ҳеҷ суду зиёне натавонед расонд. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»","Чун оёти равшани Мо бар онон хонда шуд, гуфтанд: «Ин мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин ғайри дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Худо кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ғайри ҷодуе ошкор нест!»","Пеш аз ин китобе, ки онро бихонанд, ба онҳо надодаем ва пеш аз ту бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.","Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро такзиб (дурӯғ) кардаанд ва инҳо худ ба даҳяки он чӣ ба онҳо дода будем, нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғ бароварданд. Пас уқубати Ман чӣ сахт буд!","Бигӯ: «Шуморо ба як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои (ибодати) Худо бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо девонагие нест. Ӯст, ки шуморо аз омадани азобе сахт метарсонад!»","Бигӯ: «Ҳар музде, ки аз шумо талабидаам, аз они худатон бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Худост. Ӯст, ки бар ҳар коре нозир аст!»","Бигӯ: «Парвардигори ман илҳомбахши сухани ҳақ аст. Донои ғайбҳост!»","Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил зоҳир намешавад ва бознамегардад!»","Бигӯ: «Агар ман гумроҳ шавам, зиёнаш бар ман аст ва агар ба роҳи ҳидоят равам, ба он сабаб аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. Ӯ шунавову наздик аст!»","Агар бубинӣ, он гоҳ ки сахт битарсанд ва халосиашон набошад ва аз маконе наздик гирифторашон созанд,","Гӯянд: «Инак ба расул имон овардем». Аммо аз он ҷои дур чӣ сон ба он даст ёбанд?","Пеш аз ин ба Ӯ кофир шуда буданд ва ба гумони худ ба Ӯ тӯҳмат мезаданд.","Миёни онҳо ва он орзу, ки доранд, ҷудоӣ афтод. Ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд!","Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки болҳое доранд, ду-ду ва сесе ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд, зеро Худо бар ҳар коре тавоност!","Раҳмате, ки Худо бар мардум бикушояд, касе натавонад, ки бозаш дорад. Ва чун чизеро дареғ дорад, кас натавонад, ғайри Ӯ, ки онро фиристад. Ва Ӯст ғолибу ҳаким!","Эй мардум, неъматеро, ки Худо бар шумо ато кардааст, ёд кунед. Оё ҷуз Худо офаринандаи дигаре ҳаёт, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад? Худое ғайри Ӯ нест, пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд?","Агар туро такзиб (дурӯғ) кардаанд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, такзиб кардаанд ва ҳамаи корҳо ба Худо бозгардонда шавад.","Эй мардум ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда ба Худо мағруратон нагардонад.","Шайтон душмани шумост. Ӯро душман гиред. Ӯ фармонбарони худро даъват кунад то ҳама аз дузахиён бошанд.","Ва кофиронро азобест сахт ва барои касоне, ки имон овардаанд ва кордон шоиста кардаанд, бахшоиш ва савоби бузургест.","Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, чунон ки некӯяш пиндошт, монанди касест, ки чунин нест? Пас Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад. Набояд, ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори андӯҳ, шавад. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст.","Худост, ки бодҳоро фиристод то абрҳоро биронанд. Ва Мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро ба он зинда мекунем. Зинда гаштан дар рӯзи қиёмат низ чунин аст.","Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр фасодкорӣ мекунанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад.","Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомиладор намешавад ва намезояд магар ба илми Ӯ. Ва умри ҳар солхурдае ба дарозо кашад ва аз умри касе кам гардад, албатта ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва ин корҳо бар Худо осон аст!","Ин ду дарё яксон нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳар ду гушти тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани худ берун мекашед. Ва мебинӣ киштиҳоро, ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва шояд, ки шукргузор бошед!","Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар як то замоне муайян дар ҳаракатанд, Ин аст Худо — Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.","Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон нагӯянд. Ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳамонанди Худои огоҳ хабардорат насозад!","Эй мардум, ҳамаи шумо ба Худо мӯҳтоҷед. Ӯст беэҳтиёҷу лоиқи ситоиш.","Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуме нав меоварад.","Ва ин кор бар Худо душвор нест.","Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар гаронборе касеро ба бардоштани бори худ фарёд кунад, ҳарчанд хешованди ӯ бошад, аз бардоштани он рӯй гардонад. Ту фақат касонеро метарсонӣ, ки аз Парвардигорашон нодида бимноканд ва намоз мегузоранд. Ва ҳар кӣ пок шавад, барои худ пок шуда. Ва бозгашти ҳама ба сӯӣ Худост!","Нобинову бино баробар нестанд","ва торикиву равшанӣ","ва на сояву ҳарорати офтоб.","Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишнавонӣ.","Ту ҷуз бимдиҳандае нести.","Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ва бим диҳӣ ва ҳеҷ миллате нест, ки ба миёнашон бимдиҳандае наомада бошад!","Агар туро дурӯғ бароранд, касоне ҳам, ки пеш аз инҳо будаанд, паёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғ баровардаанд.","Сипас онҳоеро, ки кофир шуданд, ба ҳалокат гирифтам. Уқубати Ман чӣ гуна буд?","Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва бо он меваҳои гуногун рӯёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳо падид овардем: сафед ва сурх ва рангоранг ва бағоят сиёҳ.","Ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон ва чаҳорпоёни гуногун. Албатта аз миёни бандаони Худо танҳо донишмандон аз Ӯ метарсанд. Ва Худо ғолибу бахшоянда аст!","Онон, ки китоби Худоро мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунад.","Зеро Худо мукофоташонро ба тамомӣ медиҳад ва аз фазли худ чизе бар он меафзояд. Зеро бахшояндаву шукрпазир аст!","Ҳар чӣ аз он китоб ба ту ваҳй кардаем, ҳак, аст, ки китобҳои пеш аз худро тасдиқ мекунад ва Худо бар бандагонаш огоҳу биност!","Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем, ба мерос додем. Баъзе бар худ ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе ба фармони Худо дар корҳои нек пешӣ гирифтанд. Ва ин аст бахшоише бузург!","Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандаҳои зару марворидашон меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳошон аз ҳарир (шоҳӣ) аст.","Ва мегӯянд: «Шукр Худоро, ки андӯҳ аз мо дур кард, зеро Парварднгори мо бахшояндаву шукрпазир аст!","Он Худое, ки моро аз фазли худ ба ин ҷаҳони ҷовидон даровард, ки дар он ҷо на ранҷе ба мо мерасад ва на хастагӣ».","Ва кофиронро оташи ҷаҳаннам аст, на бимиронандашон ва на аз азобашон кам гардад. Кофиронро чунин ҷазо медиҳем!","Ва аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳое шоиста кунем, ғайр аз он чӣ мекардем». Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад. Пас бичашед, ки гуноҳкоронро ёридиҳандае нест!","Худо донои ниҳони осмонҳову замин аст ва Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!","Ӯст, ки шуморо дар рӯи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофирӣ кунад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон ҷуз бар душмании Парвардигорашон бо онҳо наяфзояд. Низ куфри кофирон фақат ба зиёнашон афзояд.","Бигӯ: «Он шариконеро, ки ба ҷои Худои якто мехондед, дидед? Ба ман бинамоед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар офариниши осмон чӣ шарикие доштаанд? Оё бар онҳо китобе фиристодаем, ки онро ҳуҷҷати худ созанд? На, ситамкорон ба якдигар ғайри фиреб ваъдае намедиҳанд».","Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷой беҷо нашаванд ва агар аз ҷой беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ғайри Ӯ, наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта Худо бурдбору бахшоянда аст!","Ба Худо қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд;","ба саркашӣ дар замин ва найрангҳои бад. Ва ин найрангҳои бад фақат найрангбозонро дар бар гирад. Оё ҷуз суннате, ки бар гузаштагон рафтааст, мунтазири чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Худо ҳеҷ табдиле намеёбӣ ва дар суннати Худо ҳеҷ тағйире намеёбӣ.","Оё дар замин намегарданд, то бубинанд, ки оқибати мардуме, ки пеш аз онҳо будаанд ва нерӯе бештар доштаанд, ба куҷо кашид? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Худоро нотавон созад. Зеро Ӯ донову тавоност!","Ва агар Худо бихоҳад, мардумро ба сабаби корҳое, ки кардаанд, бозхост кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат медиҳад ва чун муддаташон тамом щуд, ба амалҳои бандагони худ огоҳ аст!","Ё, син.","Савганд ба Қуръони ҳикматомез,","ки ту аз паёмбарон ҳастӣ,","бар роҳе рост.","Қуръон аз ҷониби он ғолиби меҳрубон нозил шуда,","то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд.","Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд.","Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва поин оварда натавонанд,","Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, то натавонанд дид.","Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд.","Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ!","Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем.","Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд.","Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».","Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».","Гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.","Ва бар ӯҳдаи мо ғайри паём расонидани ошкоро ҳеҷ чизи дигар нест».","Гуфтанд: Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».","Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд чунин мегӯед? На, мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»","Марде аз дурдасти шаҳр давон-давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!","Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ кунед!","Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?","Оё ғайри Ӯ худоёяеро ихтиёр кунам, ки агар Худои раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро халосӣ набахшанд?","Ва дар ин ҳолат ман дар гумроҳии ошкор бошам.","Ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед».","Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,","ки Парвардигори ман маро бибахшоид ва дар гурӯҳи гиромишудагон даровард»."]