["Ва ҳар яке аз шумо, ки пайваста фармонбардори Аллоҳ таоло ва Паёмбараш бошад ва коре шоиста кунад, подошашро ду баробар медиҳем ва барояш [дар биҳишт] рӯзии арзишманде фароҳам овардаем","Эй занони Паёмбар, агар парҳезкорӣ кунед, [дар бартарӣ ва шарофат] монанди ҳеҷ як аз занони [одӣ] нахоҳед буд; пас, ҳангоми сухан гуфтан [бо мардон] ноз ва нармиш ба кор набаред, то [мабодо] он ки дар дилаш беморӣ аст, [дар шумо] тамаъ кунад ва ба шеваи шоиста сухан бигӯед","Ва дар хонаҳоятон бимонед ва ҳамчун ҷилвагари [-и занон дар даврони] ҷоҳилияти пешин, ҷилвагарӣ [ва худнамоӣ] накунед ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли хона [паёмбар], ҷуз ин нест Аллоҳ таоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад","Ва ҳар он чиро, ки аз оёти илоҳӣ ва суннати Паёмбар дар хонаҳоятон хонда мешавад, ба ёд дошта бошед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора борикбини огоҳ аст","Аллоҳ таоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст","Барои ҳеҷ мард ва зани муъмине шоиста нест, ки вақте Аллоҳ таоло ва расулаш ба коре фармон медиҳанд [дар иҷрои он фармон] ихтиёре дошта бошанд;ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва расулаш нофармонӣ кунад, ҳаққо, ки дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст","[Ба ёд овар] Вақте ба [Зайд ибни Ҳориса]-касе, ки Аллоҳ таоло ба ӯ неъмат [Ислом] дода буд ва ту неъмат [озодӣ] бахшида будӣ- [ба насиҳат] мегуфтӣ: «Ҳамсаратро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ таоло парво кун» ва дар дили хеш [дар мавриди издивоҷ бо Зайнаб пас аз талоқаш] пинҳон медоштӣ, ки Аллоҳ таоло ошкоркунандаи он буд ва [чун ин издивоҷ бо суннатҳои ҷоҳилӣ мухолиф буд] аз [сарзаниши] мардум метарсидӣ; ҳол он ки Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, ҳангоме ки Зайд ниёзашро аз вай ба поён бурд [ва талоқаш дод], ӯро ба издивоҷи ту даровардем, то барои муъминон дар мавриди издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон, ки аз онон ком гирифтаанд [ва талоқашон додаанд], ҳеҷ гуноҳе набошад; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора анҷомпазир аст","Бар Паёмбар, дар мавриди он чи Аллоҳ таоло барояш муқаррар [ва ҳалол] доштааст, ҳеҷ гуна гуноҳе вуҷуд надорад. [Ин кор] Суннати илоҳӣ аст [ва] дар бораи касоне [паёмбароне], ки пеш аз ин будаанд [низ сидқ мекунад]; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора дақиқ ва ҳисобшуда аст","[ҳамон] касоне, ки паёмҳои Аллоҳро [ба мардум] мерасонанд ва танҳо аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ таоло тарсе надоранд; ва Аллоҳ таоло барои ҳисобрасии [корҳои бандагонаш] кофӣ аст","Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ таоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба ҳар чизе доност","Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед","Ва бомдод ва шомгоҳ Ӯро ба покӣ биситоед","Ӯст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва фариштагонаш [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст","Рӯзе, ки бо Ӯ дидор мекунанд, дурудашон «Салом» аст ва [Аллоҳ таоло] бар эшон подоше арҷманд фароҳам сохтааст","Эй Паёмбар, Мо туро гувоҳ ва башоратбахш ва бимдиҳанда фиристодаем","Ва [туро] даъватгаре ба сӯйи Аллоҳ таоло ба фармони Ӯ ва чароғи равшанибахш [қарор додем]","Ва ба муъминон башорат бидеҳ, ки аз ҷониби Аллоҳ таоло бахшиши бузурге барояшон [дар пеш] аст","Ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун ва ба озорашон бетаваҷчуҳ бош ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун; ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло [ёвар ва] коргузори ту бошад","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо занони муъмин издивоҷ кардед, сипас пеш аз онки бо онон ҳамбистар шавед талоқашон додед, аз ҷониби шумо ҳеҷ иддае бар уҳдаи онон нест, ки ҳисобашро нигоҳ доред; аз ин рӯ, эшонро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед ва ба некутарин ваҷҳ раҳояшон созед","Эй Паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба Паёмбар бибахшад, чунончи Паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст","[Навбати] ҳар як аз онон [ҳамсаронат]- ро, ки бихоҳӣ [метавонӣ] ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, [метавонӣ] назди хеш ҷой диҳӣ; ва агар ҳар як аз ононро, ки аз ӯ канора гирифтаӣ [ва навбаташ ба таъхир афтодааст] талаб кунӣ, [дар ҳар ҳол] ҳеҷ гуноҳе бар ту нест. Ин [ихтиёр дар интихоб] наздиктар аст ва ин ки чашмашон равшан шавад ва андӯҳгин набошанд ва ҳамагиашон аз он чи ба онон бахшидаӣ хушнуд гардидаанд; ва Аллоҳ таоло медонад, ки шумо [мардон дар бораи муҳаббати бештар ба бархе занонатон] чи дар дил доред; ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои бурдбор аст","Аз ин пас [дигар издивоҷ бо] ҳеҷ зане бароят ҳалол нест ва набояд [бархе аз ҳамсаронатро талоқ диҳӣ, то] ҳамсаронеро ҷойнишини онон кунӣ, ҳатто агар зебоии онон [занони ҷадид] туро хуш ояд. Магар он ки [ба сурати каниз] дар ихтиёрат бошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе нигаҳбон аст","Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] Паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст","Агар чизеро ошкор кунед ё пинҳон доред, [бидонед, ки] бетардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст","Бар онон [занони мусулмон] гуноҳе нест [дар надоштани ҳиҷоб] назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занон [ҳамдин]-ашон ва бардагонашон; ва [эй занони мусулмон] аз Аллоҳ таоло парво кунед. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст","Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед","Касоне ки Аллоҳ таоло ва Паёмбарашро меозоранд, Аллоҳ таоло дар дунё ва охират ононро аз раҳмати хеш дур мекунад ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст","Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд","Эй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст","Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст ва овозасозӣ дар Мадина [аз дурӯғгӯӣ ва шоеасозӣ] даст барнадоранд, яқинан туро бар онон мусаллат мегардонем. Дар ин сурат ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар ин шаҳр дар канори ту бимонанд","Лаънатшудагонанд ва ҳар ҷо ки ёфта шаванд, бояд бемуҳобо дастгир ва кушта шаванд","[Ин] Суннати Аллоҳ таоло дар мавриди афроде [аз мунофиқон] , ки пештар будаанд, ҷорӣ гаштааст; ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло дигаргунӣ [ва тағйире] намеёбӣ","[Эй Паёмбар] Мардум дар бораи [замони вуқуъи] қиёмат аз ту мепурсанд; бигӯ: «Дониши он танҳо назди Аллоҳ таоло аст»; ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад","Бе тардид, Аллоҳ таоло кофиронро аз раҳмати хеш дур карда ва барояшон оташи афрӯхта муҳайё кардааст","[Оташе] Ки ҷовидона дар он хоҳанд монд [ва барои дифоъ аз худ] ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд","Рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташи дузах дигаргун мешавад, [бо пушаймонӣ] мегӯянд: «Эй кош, аз Аллоҳ таоло ва Паёмбар итоат карда будем","[Онон баҳона меоваранд ва] мегӯянд: «Парвардигоро, мо аз раҳбарон ва бузургони худ итоат кардем ва онон [буданд], ки моро гумроҳ карданд","Парвардигоро! Азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузург [ва сахт] лаънат бифармо!»","Эй касоне, ки имон овардаед, [Паёмбарро наёзоред ва] монанди касоне набошед ки Мӯсоро [бо тӯҳматҳои нораво] озурданд, сипас Аллоҳ таоло ӯро [аз он чи дар ҳаққаш мегуфтанд] табриа намуд; ва [Мӯсо] ҳамвора назди Аллоҳ обрӯманд аст.","Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед","[Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ таоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад ва [бидонед] ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст","Мо амонати [анҷоми амрҳои шаръӣ] – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳсорон арза доштем ва онҳо аз таҳаммулаш сар боз заданд ва аз он тарсиданд ва [-ле] инсон онро пазируфт. Ҳаққо, ки ӯ [дар ҳаққи хеш] ҳамвора ситамгор ва нодон аст","[Инсон чунин кард] то Аллоҳ таоло мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардону занони муъминро [ки амонатдорони шоистае буданд] бипазирад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст","Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва дар охират [низ] ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст","Ҳар чи дар замин фурӯ меравад ва ҳар чи аз он бармеояд ва он чи аз осмон фуруд меояд ва он чи ба сӯйи он боло меравад [ҳамаро Аллоҳ таоло] медонад ва Ӯ меҳрубони омурзанда аст","Касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донои ғайб аст, ҳатман, ба суроғатон меояд. ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пӯшида нест ва кучактар ва бузургтар аз он зарра чизе нест, магар он ки дар китобе ошкор [Лавҳи маҳфуз] сабт аст","То касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд подош диҳад. Эшонанд, ки бахшоиш ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд»","Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо кӯшиданд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, азобе сахт ва дарднок [дар пеш] доранд","Аҳли дониш [донишмандони саҳоба ва уламои муъмини аҳли китоб] медонанд он чи ки аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва ба роҳи [Аллоҳ таоло] шикастнопазири сутуда ҳидоят мекунад","Касоне, ки куфр вазиданд [бо тамасхур ба якдигар] мегӯянд: «Мехоҳед мардеро нишонатон диҳем, ки иддио мекунад вақте [пас аз марг] комилан муталошӣ шудед, [бори дигар] дар офаринише нав дархоҳед омад?","Оё [ин мард] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё девона аст?» [ҳаргиз чунин нест] балки касоне, ки ба охират имон надоранд, дар азоб [шадиди охират] ва гумроҳии дуру дароз [дунё] гирифторанд","Оё [кофирон] ба осмону замине, ки пеши рӯ ва пушти сарашон аст, нанигаристаанд? Агар бихоҳем, ононро [монанди Қорун] дар замин фурӯ мебарем ё [ҳамчун қавми Шуайб] тиккае аз осмонро бар сарашон меафканем. Бе гумон, дар ин [ҳушдор] барои ҳар бандаи тавбакор, нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст","Мо аз ҷониби хеш ба Довуд фазилате [ҳукмронӣ ва нубувват] бахшидем [ва гуфтем] «Эй кӯҳсорон ва эй парандагон, [дар ситоиш ва ниёиш] бо ӯ ҳамовоз шавед» ва оҳанро барояш нарм кардем [то ҳар чи мехоҳад бисозад]","[Ба ӯ дастур додем] ки: «Зиреҳҳои баланд [ва фарох] бисоз ва дар бофтан [ва пайвастани ҳалқаҳои зиреҳ] санҷида ва дақиқ кор кун ва [шумо эй мардум] некукорӣ кунед, [ки] бе тардид, Ман ба он чи мекунед, бино ҳастам»","Ва барои Сулаймон бодро [ба хидмат гумоштем], ки [дар вазиш] субҳгоҳон, масири як моҳаро тай мекард ва шомгоҳон [низ] масири як моҳаро мепаймуд; ва чашмаи миси [гудохта]-ро барояш равон сохтем ва гурӯҳе аз ҷинниён, ба фармони Парвардигораш, назди ӯ кор мекарданд ва ҳар як аз онон, ки аз фармони Мо сарпечӣ мекард, ба ӯ аз азоби сӯзон мечашондем","Онҳо барои ӯ ҳар чи мехост месохтанд: аз [кох ва] ибодатгоҳ ва муҷассама ва косаҳое [ки аз бузургӣ] ҳамчун ҳавз [буданд] ва дегҳое бисёр бузург ва собит. [Ба онон гуфтем] «Эй оли Довуд, сипоси [неъматҳои Маро] ба ҷой оваред» ва [-ле] андаке аз бандагонам сипосгузоранд","Пас, чун маргро бар Сулаймон муқаррар доштем, [ҳеҷ кас] ононро аз маргаш огоҳ насохт, магар мӯриёна [кирмак]-е, ки асояшро хӯрд. Пас, чун [пайкари Сулаймон] фурӯ афтод, ҷинниён дарёфтанд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, ҳаргиз дар он азоби сангин [ва кори тоқатфарсо] боқӣ намемонданд","Дар маҳалли сукунати [қавми] «Сабаъ» ду боғ [бузург] аз рост ва чап [қарор дошт], ки нишонае [аз қудрат ва бахшиши илоҳӣ] буд. [Ба онон гуфтем] «Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукргузораш бошед, [ки] сарзамине пок ва Парвардигоре омурзанда [доред]","Аммо онон [аз шукр ва имон] рӯй гардонданд; пас, Мо сели вайронгар ба сӯяшон равон кардем ва ду боғи [пурмаҳсули] ононро ба ду боғи [беарзиш] табдил намудем, [ки танҳо] меваҳои талх ва дарахти шӯрагаз ва андаке дарахти сидр дошт","Мо ононро ба сазои носипосиашон, инчунин, кайфар додем ва оё ҷуз носипосро кайфар медиҳем?","Ва [ҳамчунин] миёни онҳо [қавми Сабаъ дар Яман] ва сарзаминҳое, ки ба онҳо баракат дода будем, [Шом] шаҳрҳое [хуррам ва] ба ҳам пайваста қарор додем ва сайру сафаре [осон] дар он муқаррар намудем [ва ба онон гуфтем] «Шабу рӯз байни онҳо эмин [ва осуда] сафар кунед»","Аммо онон [бо носипосӣ] гуфтанд: «Парвардигоро, миёни сафарҳои мо фосила [-и бештаре] эҷод кун [то арзиши аспҳо ва шутурҳоямон намоён гардад ва бенавоён натавонанд ҳамчун сарватмандон ба роҳати сафар кунанд]» ва ба хештан ситам карданд; пас, Мо [низ саргузашти] ононро достоне [ибратомӯз] барои дигарон сохтем ва сахт [муталошӣ ва] парокандаашон намудем. Ба ростӣ, ки дар ин [моҷаро] барои ҳар шикебоӣ сипосгузор, нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст","Ва яқинан, иблис гумони худро дар мавриди онон ба таҳаққуқ расонд; пас, ҷуз гурӯҳе [андак] аз муъминон, [ҳамагӣ] аз ӯ пайравӣ карданд","[Шайтон] бар онон ҳеҷ тасаллуте надошт; балки [Мо мехостем] касеро, ки ба охират имон дорад, аз касе, ки дар бораи он тардид дорад, боз шиносем; ва Парвардигорат бар ҳар чизе нигаҳбон аст","[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ таоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад","Шафоат [ҳеҷ кас] назди Ӯ [Аллоҳ таоло] суде надорад; магар барои он ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ иҷозат дода бошад. [Дар он рӯз фариштагон аз хавф ва ҳайбати илоҳӣ тарсонанд] то онгоҳ, ки изтироб [ва ташвиш] аз дилҳояшон бартараф мегардад, [гурӯҳе аз онон ба гурӯҳи дигар] мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» [Онон дар посух] мегӯянд: «ҳақро [фармуд] ва Ӯ баланмартабаи бузург аст»","[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Чи касе аз осмонҳо ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?» [Дар посух] бигӯ: «Аллоҳ таоло; ва яқинан [як гурӯҳ аз байни] мо ва шумост ё бар [роҳи] ҳидоят ё дар гумроҳии ошкор»","Бигӯ: «[Рӯзи қиёмат] Шумо аз гуноҳе, ки мо муртакиб шудаем, бозхост намешавед ва моро [низ] ба хотири он чи шумо анҷом медиҳед, бозхост намекунанд","Бигӯ: «[Он рӯз] Парвардигорамон [ҳамаи] моро гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ [ва адолат] доварӣ мекунад ва Ӯ довари доност»","Бигӯ: «Касонеро, ки [дар қудрат ва тадбир] шарики Ӯ [Аллоҳ таоло] сохтаед, нишонам диҳед. Ҳаргиз [чунин нест, ки мепиндоред], балки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст","[Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд","Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»","Бигӯ: «Ваъдагоҳатон рӯзест, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на [бар он] пешӣ мегиред»","Ва касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва ба он [китобҳое], ки пеш аз он будааст, имон намеоварем». Кош медидӣ он вақтро, ки ин ситамгорон дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд [ва] сухани якдигарро рад мекунанд [ва ҳар як гуноҳро ба гардани дигаре меандозад]. Онон, ки [дар дунё] ба нотавонӣ кашида шуда буданд ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо ҳатман, имон меовардем»","Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед»","Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ таоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд?","Ва дар ҳеҷ шаҳре бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки сарватмандони саркаши онҷо гуфтанд: «Паёмеро, ки маъмур ба [расидани] он шудаед, ҳатман, инкор мекунем»","Онон мегуфтанд: «Амвол ва фарзандони мо [аз шумо] бештар аст ва ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд»","[Эй Паёмбар] бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [барои озмоиши мардум, неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; вале бештари мардум намедонанд","Ва амволу фарзандонатон [фазилате] нест, ки шуморо ба пешгоҳи Мо наздик созад, магар касе, ки имон оварда ва коре шоиста анҷом додааст; пас, онон дар баробари он чи кардаанд, подоши дучандон доранд ва дар хонаҳои баланди биҳишт дар амну осоишанд","Ва касоне, ки дар [дур кардани мардум аз] оёти Мо мекӯшанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, ононанд, ки [ба азоби дузах] фаро хонда мешаванд","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст»","Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро бармеангезад, онгоҳ ба фариштагон мегӯяд: «Оё инҳо шуморо мепарастиданд?»","[Фариштагон] мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ; [дӯст ва] корсози мо Ту ҳастӣ, на онон; балки [ин мушрикон] шаётинро мепарастиданд ва бештарашон ба онҳо имон доштанд»","Пас, имрӯз ҳеҷ як аз шумо суд ва зиёне барои дигаре надорад; ва ба касоне, ки [бо ширк варзидан] ба худ ситам мекарданд, мегӯем: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш меангоштед","Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон [кофирон] хонда мешавад, мегӯянд: «Ин ҷуз марде нест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад»; ва [низ] мегӯянд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе барбофта нест»; ва касоне, ки куфр варзиданд, дар бораи ҳақ – вақте ба сӯяшон омад – гуфтанд: «Ин [Қуръон, чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»","Мо [пеш аз ин Қуръон] ҳеҷ китобе ба онон [мушрикон] надодаем, ки онро бихонанд [ва бо истинод ба матолибаш туро дурӯғгӯ бидонанд] ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае ба сӯяшон нафиристодаем","Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд ва [ин дар ҳоле аст, ки мушрикони қавми ту, ҳатто] ба даҳяки он чи [аз қудрату сарват] ба онон дода будем, нарасидаанд, вале [он кофирон] паёмбаронамро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд","[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ таоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»","Бигӯ: «Ҳар подоше, ки [барои рисолатам] аз шумо хостаам, барои худатон бошад. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва Ӯ бар ҳар чизе гувоҳ аст»","Бигӯ: «Яқинан Парвардигорам, ки донои розҳои ниҳон аст, [истидлолҳои] ҳақро бар ботил фурӯ меафканад [ва онро нобуд месозад]»","Бигӯ: «Ҳақ [Ислом] фаро расид ва ботил наметавонад [таъсир ва қудрати ҷадиде] оғоз кунад ва на [нуфузи гузаштаашро] бозгардонад","Бигӯ: «Агар [ман бо расондани ин паём] гумроҳ шуда бошам, ҷуз ин нест, ки ба зиёни хеш гумроҳ шудаам ва агар ҳидоят ёфта бошам, ба сабаби он [сухане] аст, ки Парвардигорам бар ман ваҳй мекунад. Бе тардид, Ӯ шунаво [ва] наздик аст»","Кош ҳангомеро медидӣ, ки [кофирон аз мушоҳидаи азоб] ваҳшатзада мешаванд ва [ҳеҷ роҳи] гурезе нест ва ононро аз ҷойи наздике [ки интизорашро надоранд] дастгир мекунанд","Онон [дар ин ҳол] мегӯянд: «Ба ин [қиёмат] имон овардем»; ва [акнун, ки мурдаанд] чи гуна аз ҷойи [чунин] дур дастрасӣ [ба имон] барояшон мумкин аст?","Ҳол он ки онон дар дунё ин [қиёмат]-ро инкор мекарданд ва аз дур [ва бидуни дониш ва огоҳӣ, ба Паёмбар] нисбатҳои нораво медонанд","Ва [саранҷом] миёни онон ва он чи [аз лаззатҳои дунявӣ] ки хуш доранд, ҷудоӣ афтод; чунонки пеш аз ин низ бо амсоли [ва ҳамфикрони] эшон низ чунин рафторе шуд [чаро ки] яқинан онон [низ нисбат ба қиёмат] сахт дар тардид буданд","Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност","Ҳар [бахшоиш ва] раҳмате, ки Аллоҳ таоло барои мардумон бикушояд, ҳеҷ боздорандае барояш нест ва ҳар чиро бозгирад, фиристандае пас аз Ӯ вуҷуд надорад; ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст","Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ таоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?","[Эй Паёмбар] Агар мушрикон туро дурӯғгӯ меангоранд [ғамгин мабош; зеро] паёмбарони пеш аз туро низ дурӯғгӯ ангоштанд ва [саранҷом ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло боз гардонида мешавад","Эй мардум, яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст; пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунё шуморо нафиребад ва шайтон шуморо нисбат ба [таъхир дар азоб ва шикебоӣ] Аллоҳ таоло нафиребад","Бе тардид, шайтон душмани шумост; пас, шумо низ ӯро душман [-и худ] гиред. Ҷуз ин нест, ки ӯ пайравонашро [ба куфр] мехонад, то аз аҳли оташ бошанд","Касоне, ки куфр варзидаанд, азобе сахт [дар пеш] доранд ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд омурзиш ва подоше бузург [дар итизор] доранд","Пас, оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш ороста гаштааст ва онро неку мебинад [ҳамчун муъмини ҳақиқатбин аст?] пас, бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; пас, [эй паёмбар] вуҷудатро ба хотири дареғҳо [-и фаровон] бар [гумроҳии] онон табоҳ накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар он чи мекунанд, огоҳ аст","Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ] абреро бармеангезанд; сипас Мо он [абр]-ро ба сӯйи сарзамине [хушк ва] мурда мефиристем ва ба [василаи] он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш–зинда мекунем. Барангехтан [-и мурдагон аз қабрҳо низ] чунин аст","Ҳар ки сарбаландӣ [-и дунё ва охиратро] мехоҳад, [бидонад, ки] сарбаландӣ ҳама аз они Аллоҳ таоло аст. Гуфтори пок [ва зикри илоҳӣ] ба сӯяш авҷ мегирад ва кирдори шоистаи он [гуфтор]-ро боло мебарад; ва онон, ки зиштиҳо [ва гуноҳон]-ро дасисачинӣ мекунанд, азоби сахте [дар пеш] доранд ва [нақша ва] найрангашон нобуд мегардад","Ва Аллоҳ таоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегардад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст","Ва он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред","[Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд","Агар ононро бихонед, садоятонро намешунаванд ва [ба фарзи маҳол] агар бишнаванд, посухатонро намедиҳанд ва рӯзи қиёмат аз ширки шумо безорӣ меҷӯянд; ва [эй паёмбар] ҳеҷ кас ҳамчун [Парвардгори] огоҳ туро [аз ҳақоиқ] хабардор намесозад","Эй мардум, [ҳамаи] шумо ба Аллоҳ таоло ниёзмандед ва [танҳо] Аллоҳ таоло аст, ки бениёзи сутуда аст","Ӯ агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷойи шумо падид] меоварад","Ва [анҷоми] ин кор барои Аллоҳ таоло душвор нест","Ва ҳеҷ гунаҳгоре, бори гуноҳи дигареро ба дӯш намегирад ва агар [шахси] гаронборе, [дигареро] барои ҳамли бори [гуноҳони] хеш фаро бихонад, [чизе аз он бор] бардошта намешавад; ҳарчанд, ки ӯ хешованд [-и наздикаш] бошад. [Эй паёмбар] Ҷуз ин нест, ки ту фақат ба касоне ҳушдор медиҳӣ, ки дар ниҳон аз [муҷозоти] Парвардгорашон метарсанд ва намоз барпо медоранд. Ҳар ки [аз гуноҳон] пок шавад, пас? яқинан танҳо ба суди хеш пок гаштааст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст","Ва [кофир ва муъмин баробар нестанд; чунонки] нобино ва бино яксон нестанд","Ва на торикиҳо ва нур","Ва на соя ва боди сӯзон","Ва зиндагон ва мурдагон яксон нестанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нидои ҳақро] ба гӯши ҳар ки бихоҳад мерасонад ва ту [эй паёмбар] наметавонӣ касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, шунаво созӣ","Ту ҷуз бимдиҳандае [беш] нестӣ","Ба ростӣ, Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва [дар наслҳои гузашта низ] ҳеҷ уммате набуд, магар он ки миёнашон бимдиҳандае гузашта аст","Ва агар [мушрикон] туро дурӯғгӯ меангоранд, [аҷиб нест; чаро ки] бе тардид, касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ] паёмбаронашонро, ки бо далоили равшан ва китобҳои осмонӣ ва китоби равшангар ба суроғашон омаданд, дурӯғгӯ ангоштанд","Он гоҳ [Ман низ] касонеро, ки куфр варзида буданд, нобуд кардам; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд","Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе нозил кард ва ба [василаи] он [аз дарахтони мухталиф] меваҳое падид овардем, ки рангҳояш гуногун аст ва аз кӯҳҳо [низ рагаҳо ва] роҳҳое сафед ва қирмиз ва комилан сиёҳ [офаридем], ки рангҳояш гуногун аст?","Ва ҳамчунин аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён [низ махлуқоте офаридем, ки] рангҳояш гуногун аст. Ба ростӣ, аз [миёни] бандагони Аллоҳ таоло, танҳо доноён [ҳастанд, ки ба сифот ва аҳкоми илоҳӣ огоҳӣ доранд ва] аз Ӯ метарсанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири омурзанда аст","Дар ҳақиқат, касоне, ки китоби Аллоҳро мехонанд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, ба тиҷорате [пурсуд] умед доранд, ки ҳаргиз зиён [ва касодӣ] надорад","То [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст","[Эй Паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност","Онгоҳ ин китоб [Қуръон]-ро ба гурӯҳе аз бандагонамон, ки баргузидем [уммати Муҳаммад] ба мерос додем; пас, [бархе] аз онон дар ҳаққи хеш ситамгоранд ва [бархе дигар] аз онон миёнарав ҳастанд ва [бархе] аз онон ба фармони Аллоҳ таоло дар некиҳо пештозанд. Ин [мусулмонӣ ва баҳрамандӣ аз Қуръон, фазилат ва] бахшоиши бузург аст","[Подошашон] боғҳои ҷовидон [-и биҳиштӣ] аст, ки ба он ворид мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳое аз тилло ва марворид ороста мегарданд ва либосашон аз ҳарир аст","[Онон пас аз вуруд] мегӯянд: «Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло аст, ки андӯҳро аз мо дур кард. Ба ростӣ, ки Парвардигорамон омурзандаи сипосгузор аст","Он [маъбуде], ки аз фазли хеш моро дар ин сарои ҷовид ҷой дод; дар он ҷо ранҷе ба мо намерасад ва дучори хастагӣ [ва касолат] намешавем","Ва барои касоне, ки куфр варзидаанд оташи дузах [дар пеш] аст. На фармон [-и марг] бар онон ҷорӣ мешавад, то бимиранд ва на [чизе] аз азобаш бар онон коста мегардад. Мо ҳар носипосеро чунин ҷазо медиҳем","[Дузахиён] Дар он [оташ] фарёд мезананд: «Парвардигоро, моро [аз ин азоб] берун овар, то ғайр аз он чи [пештар] мекардем, кори шоистае анҷом диҳем». [Ба онон гуфта мешавад] «Оё ба шумо [он қадар фурсат ва] умр надодем, то ҳар ки пандпазир аст, дар он [муддат] панд гирад? Ва [паёмбар низ ба унвони] бимдиҳанда наздатон омад; пас, [ҳоло ки итоат накардед, таъми азобро] бичашед, ки ситамгорон ҳеҷ ёригаре надоранд","Бе тардид, Аллоҳ таоло донои ниҳони осмонҳо ва замин аст [ва] Ӯст, ки ба рози дилҳо доност","Ӯст, ки шуморо дар замин ҷонишин [-и пешиниён] қарор дод; пас, ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни худи ӯст; ва кофиронро куфрашон назди Парвардгорашон ҷуз хашм [ва безорӣ] намеафзояд; ва кофиронро куфрашон ҷуз зиён [ва гуноҳ, чизе] намеафзояд","[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Он маъбудоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, нишонам диҳед, чи чизе аз заминро офаридаанд? Ё [ҳамроҳи Аллоҳ таоло] дар офариниши осмонҳо ширкат доштаанд? Ё ба онон [мушрикон] китобе додаем ва аз [матолиби] он нишонаи равшане [бар ҳаққонияти худ] доранд?» [Чунин нест] Балки ситамгорон [-и мушрик] ҷуз фиреб, ба якдигар ваъдае намедиҳанд","Ба ростӣ, Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад, то [аз масиру мадори худ] мунҳариф нашаванд ва агар инҳироф ёбанд, пас, аз Ӯ касе онҳоро нигаҳ намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бурдбори омурзанда аст","[Кофирон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар [паёмбари] бимдиҳандае бар эшон биёяд, аз ҳар уммате роҳёфтатаранд; аммо чун [Муҳаммад ба унвони] бимдиҳандае наздашон омад, ҷуз дурӣ [ва нафрат аз ҳақ чизе] бар онон наафзуд","[Савгандҳояшон содиқона набуд; балки] Аз рӯйи гарданкашӣ дар замин ва найранги зишт [буд] ва найранги зишт, ҷуз домангири соҳибаш намегардад. Пас, оё [кофирон чизе] ҷуз суннати [илоҳӣ ва кайфари] пешиниёнро интизор доранд? Пас, ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло табдиле намеёбӣ ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло тағйире намеёбӣ","Оё [кофирон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон ва нерумандтар аз онон буданд, чи гуна шуд? Ҳеҷ чизе дар осмонҳо ва замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад [ва аз ҳавзаи қудраташ берун равад]. Бе тардид, Ӯ ҳамвора донову тавоност","Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба сабаби он чи кардаанд, муҷозот мекард, ҳеҷ ҷунбандаеро бар пушти замин боқӣ намегузошт, аммо [муҳлат медиҳад ва кайфари] ононро то саромади муайяне ба таъхир меандозад; пас, ҳангоме ки аҷалашон [дар қиёмат] фаро расад, яқинан, Аллоҳ таоло ба ҳоли бандагонаш биност.","Ё, син.[1]###[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.","Савганд ба Қуръони ҳаким","Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ","[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]","[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст","То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд","Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд","[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]","Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд","[Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд","Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ","Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем","[Эй Паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд","Ва вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»","[Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»","[Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем","Ва мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»","[Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»","[Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»","Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»","Пайрави касоне бошед, ки аз шумо подоше намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд","Ва чаро маъбудеро напарастам, ки маро офаридааст ва [шумо низ] ба сӯяш бозгардонда мешавед?","Оё ба ҷои Ӯ маъбудоне баргузинам, ки агар [Парвардигори] Раҳмон бихоҳад, газанде ба ман бирасонад, на шафоаташон бароям суде дорад ва на метавонанд [аз азоби илоҳӣ] наҷотам диҳанд?","Дар он сурат, яқинан, дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд","Ман ба Парвардигоратон имон овардаам [ва аз марг ҳаросе надорам] пас, суханонамро бишунавед","[Пас, чун он мард ба дасти қавмаш ба шаҳодат расид] Ба вай гуфта шуд: «Вориди биҳишт шав». Ӯ гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,","ки Парвардигорам маро омурзида ва гиромӣ доштааст»"]