["Пас аз [шаҳодати] ӯ бар қавмаш ҳеҷ сипоҳе аз осмон нафиристодем ва [пеш аз ин низ] фуру фиристанда набудем","[Кайфарашон] Ҷуз як бонги маргбор набуд; пас, ба ногоҳ ҳамагӣ [мурда ва] хомӯш гаштанд","Эй афсӯс, бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре ба сӯяшон наёмад, магар он ки масхарааш мекарданд","Оё надиданд [ва намедонанд] ки қабл аз онон чи бисёр наслҳоро ҳалок кардаем, ки дигар назди инҳо [ба дунё] бознамегарданд?","Ва [рӯзи қиёмат] ҳеҷ кас нест, магар он ки ҳамагӣ назди Мо эҳзор мешаванд","Барои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд","Ва дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем","То мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?","Пок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд","Ва шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд","Ва хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност","Ва барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад","На хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд","Нишонае [дигар аз қудрати Парвардигор] барои онон ин аст, ки падаронашонро дар киштӣ анбошта [аз сарнишин ва бор] ҳамл кардем","Ҳамчунин, барояшон чизе ҳаммонанди он [киштӣ] офаридаем, ки савораш шаванд","Агар бихоҳем, ғарқашон мекунем; дар ин сурат, на фарёдрасе доранд ва на [аз тақдири илоҳӣ] раҳоӣ меёбанд","Магар ин ки раҳмате аз ҷониби Мо [бинанд] ва баҳрамандӣ [аз неъматҳои дунё] то замоне [муайян шомили ҳолашон шавад]","Ва чун ба онон [мушрикон] гуфта мешавад: «Аз он чи пешорӯи шумост [азоби охират] ва он чи пушти сар мегузоред [сахтиҳои дунё] парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред», [итоат намекунанд]","Ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои [қудрат ва бузургии] Парвардигорашон бар онон арза намегардад, магар он ки аз он рӯй мегардонанд","Ва чун ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзидаанд, ба онон, ки имон овардаанд мегӯянд: «Оё ба касе ғизо бидиҳем, ки агар Аллоҳ таоло мехост, [Худ] ба ӯ ғизо медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»","Ва [бо тамасхур ба муъминон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд»?","[Ин мункирони қиёмат] ҷуз дар интизори як бонги маргбор нестанд, ки ногаҳон, дар ҳоле ки саргарми ҷидол [дар умури дунё] ҳастанд, ононро фаро гирад","Пас, [дар он ҳангом] наметавонанд [ба касе] васият кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд","Ва [ҳангоме ки барои дувумин бор] дар сур дамида шавад ва ногаҳон аз қабрҳояшон [берун меоянд ва] ба сӯи Парвардигорашон мешитобанд","[Ва бо нобоварӣ] Мегӯянд: «Вой бар мо! Чи касе моро аз қабрҳоямон барангехт?» [Ба онон гуфта мешавад] «Ин ҳамон [рӯзе] аст, ки [Парвардигори] Раҳмон ваъда дода буд; ва паёмбарон [дар ин бора] рост мегуфтанд","[Барангехтани мурдагон аз гӯр] Ҷуз як бонги ҳавлнок [дувумин дамидани сур] нест ва ногаҳон ҳамаро назди Мо ҳозир мекунанд","Пас, [бидонед, ки] имрӯз, ба ҳеҷ кас ситаме намешавад ва ҷуз дар баробари он чи [дар дунё] кардаед, ҷазо намебинед","Бе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд","Онон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд","Дар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст","[Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст","[Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед","Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?","Ва ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?","Ва бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?","Ин [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд","Имрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»","Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд","Ва агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?","Ва агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд","Ва Мо ба ҳар ки умри тӯлонӣ бидиҳем, дар офариниш дигаргунаш мекунем [ва ӯро ба нотавонии зеҳнӣ ва бадани даврони кӯдакӣ бармегардонем]. Пас, оё [дар бораи қудрати Парвардигор] намеандешанд?","Ва Мо ба ӯ [Муҳаммад] шеър наомӯхтаем ва [шоирӣ] шоистаи ӯ нест. Ин [ки омӯхтаем, чизе] нест, магар андарз ва Қуръоне равшан","То ҳар киро зинда [-дил] бошад, бим диҳад ва азоб бар кофирон муҳаққақ гардад","Оё надидаанд, ки Мо аз он чи дастҳоямон сохтааст, чаҳорпоёне барояшон офаридаем, ки молики онҳо ҳастанд?","Ва онҳоро дар хидмати эшон гузоштаем, то бар бархе савор шаванд ва аз [гӯшти] бархе тағзия кунанд","Ва аз он [ҳайвонот] баҳраҳои дигар ва нӯшиданиҳое [шир] доранд. Пас, оё сипос намегузоранд?","[Бо ин ҳама неъмат мушрикон] ба ҷои Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд; ба ин умед, ки [аз сӯйи онҳо] ёрӣ шаванд","Он [маъбудҳои беҷон] қодир ба ёриашон нестанд; ва ин [мушрикон дар қиёмат] лашкаре барои онҳо [бутҳо] хоҳанд буд, ки [ҳамагӣ дар оташи дузах] эҳзор мешаванд","[Эй Паёмбар] сухани онон туро ғамгин насозад. Бе тардид, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд, [ба хубӣ] медонем","Оё инсон надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем [он гоҳ мароҳили рушдро тай кард ва] сипас душмане ошкор шуд?","Ва барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?»","Бигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност","Ҳамон ки аз дарахти сабз оташе бароятон падид овард ва шумо [дар сурати ниёз] худ аз он [дарахт] оташ меафрӯзед»","Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, наметавонад ҳаммонанди инҳоро [пас аз маргашон дубора] биофаринад? Оре [метавонад] ва Ӯ Офаринандаи доност","Фармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад","Пас, пок ва муназзаҳ аст Парвардигоре, ки [ҳокимият ва] ихтиёри ҳама чиз ба дасти Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед","Савганд ба фариштагони саф ба саф [ки барои парастиши Парвардигор истодаанд]","Ва савганд ба фариштагоне, ки абрҳоро меронанд","Ва савганд ба фариштагоне, ки Қуръон тиловат мекунанд","[ки] Бе тардид, маъбуди шумо яктост","[Ҳамон] Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва Парвардигори [хуршед дар ғурубгоҳҳо ва] тулуъгоҳҳо","Ба ростӣ, ки Мо осмони дунёро бо зевари ситорагон оростем","Ва онро аз [дастрасии] ҳар шайтони саркаш ҳифз кардем","[Он шаётин ҳаргиз] наметавонанд [суханони фариштагони] олами болоро бишунаванд ва аз ҳар сӯ [бо шаҳобҳои оташин] тирборон мешаванд","[Аз вуруди онон ба олами фариштагон ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамвора ба] ақиб ронда мешаванд ва азоби ҷовидон [дар пеш] доранд","Магар касе, ки ногаҳон чизе [аз гуфтугӯи фариштагон]-ро дуздида гӯш диҳад, ки [дар ин сурат] шаҳоби дурахшон ӯро дунбол мекунад","Аз онон [кофирон] бипурс, ки оё офариниши [пайкарҳои] онон сахттар аст ё он чи ки Мо [аз замину осмонҳо ва ҷаҳони бекарон] офаридаем; [дар ҳоле ки] Мо онҳоро аз гили [беарзиш ва] часпида падид овардем","Ту [аз инкори онон] дар шигифтӣ ва онҳо [низ суханонатро дар бораи қиёмат] масхара мекунанд","Ва чун панд дода шаванд, намепазиранд","Ва чун нишонаҳои [дар мавриди ростгӯии Паёмбар] мебинанд, [онро] ба тамасхур мегиранд","Ва мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор","Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?","Оё падарони мо [низ барангехта мешаванд]?»","Бигӯ: «Оре, шумо, дар ҳоле ки хор ҳастед [зинда мешавед]»","Пас, [вуқуи қиёмат] танҳо бо як бонг [-и саҳмнок] аст ва ногаҳон [ҳама аз қабрҳо берун меоянд ва дар интизори дастури Парвардигор, ваҳшати қиёматро] назорат мекунанд","Ва мегӯянд: «Вой бар мо! Ин [ҳамон] рӯзи ҷазост»","[Гуфта мешавад: Оре] ин ҳамон рӯзи довариест, ки дурӯғаш меангоштед»","[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Касонеро, ки [бо ширк ба хеш] ситам карданд,ё бо [ҳамфикрон ва] ҳаммонандҳояшон","ва он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастиданд, гирд оваред ва ба роҳи дузах ҳидояташон кунед","Ва ононро нигаҳ доред, ки, ҳатман, [пеш аз рафтан ба дузах] бозхост хоҳанд шуд","[Аз дузахиён мепурсанд] «Чаро [монанди дунё] аз якдигар ҳимоят намекунед?»","Балки имрӯз [ҳамагӣ] таслим [-и амри Парвардигор] ҳастанд","Ва сарзанишкунон ба якдигар рӯ меоранд","[Ва ба роҳбарон ва бузургони худ] мегӯянд: «Шумо [барои ба куфр кашонондани мо бо иддаои дини ростин ва] аз ҷониби ҳақ ба суроғамон меомадед»","[Роҳбаронашон] Мегӯянд: «Мо муқассир нестем], балки шумо худ имон надоштед","Ва мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо надоштем; балки шумо худ гурӯҳи саркаш будед","Пас, [акнун] фармони муҷозоти Парвардигорамон бар мо муҳаққақ шуда ва ба ростӣ, мо [ҳамагӣ азоби дузахро] чашандаем","Пас, шуморо гумроҳ намудем [чаро ки] дар ҳақиқат, худ низ гумроҳ будем»","Пас, яқинан он рӯз ҳамаи [онон] дар азоб шариканд","Бе тардид, Мо бо гунаҳкорон инчунин [рафтор] мекунем","Онон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд","ва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоире девона раҳо кунем?»","[Чунин нест] балки ӯ ҳақ [тавҳид]- ро оварда ва паёмбарони [пешин] – ро тасдиқ кардааст","Шумо [кофирон], ҳатман, азоби дардноки [дузах]-ро мечашед","Ва ҷуз [дар баробари] он чи мекардед, муҷозот намешавед","Ҳама азоб мебинанд, магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло","Онон [дар пешгоҳи Парвардигор ризқу] рӯзии мушаххасе доранд","[Анвои] меваҳо [-ро дар ихтиёр хоҳанд дошт] ва гиромӣ дошта мешаванд","Дар боғҳои пурнеъмати [биҳишт]","Дар ҳоле ки муқобили якдигар бар тахтҳо [такя задаанд]","ҷоме аз шароби ноб [ва зулол] перомунашон мегардонанд","[Шаробе равшан ва] сафед, ки барои нӯшандагонашон лаззатбахш аст","[Шаробе, ки хуморӣ ва] сардардӣ дар нӯшиданаш нест ва аз он маст намегарданд","Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд","[Занон чунон сафедандоманд, ки] гӯё тухм [-и парандагон] ҳастанд [ва зери пар ва боли онҳо аз дастрасии ҳамагон] пинҳон мондаанд","[Биҳиштиён дар бораи рӯйдодҳои дунё суҳбат мекунанд ва] бархе аз онон пурсишкунон рӯ ба бархе дигар мекунанд","Яке аз онон мегӯяд: «Ман [дар дунё] ҳамнишине доштам","[Ӯ пайваста] Мегуфт: Оё ту воқеан [ба қиёмат] бовар дорӣ?","Оё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, оё ҳақиқатан [зинда мешавем ва ба хотири корҳоямон] ба мо кайфар медиҳанд?»","[Сипас, ба дӯстони биҳиштиаш] мегӯяд: «Оё [шумо низ ҳамроҳи ман] сар мекашед [то бидонем ӯ куҷост]?»","Он гоҳ худи ӯ сар мекашад ва ӯро дар миёни дузах мебинад","Ба ӯ мегӯяд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки наздик буд маро [бо васвасаҳои куфромезат] нобуд созӣ","Агар неъмати [ҳидояти] Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон [дар дузах] будам»","[Он гоҳ ба биҳиштиён мегӯяд] «Оё мо дигар марге нахоҳем дошт","ҷуз марги нахустин, ва азоб намешавем?","Ба ростӣ, ки ин ҳамон комёбии бузург аст","Аҳли амал бояд барои чунин [подош] бикӯшанд","Оё ин [неъмати биҳишт, каримонатар ва] барои пазироӣ беҳтар аст ё дарахти зақум [дар дузах]?","Бе тардид, Мо он дарахтро мояи озмоиши ситамгорони [мушрик] додаем [чаро ки мегӯянд: «Ҳеҷ дарахте дар оташ намерӯяд»]","Дар ҳақиқат, он [мояи азоб] дарахте аст, ки аз жарфои дузах мерӯяд","Меваҳояш [чунон бадманзар аст, ки] гӯё сарҳои шаётин аст","Онон [дузахиён] аз [меваҳои талхи] он мехӯранд ва шикамҳоро аз онҳо анбошта мекунанд","Он гоҳ рӯи ин [ғизои нопок, ба ҷойи нӯшидани] омезаҳои аз оби ҷӯшон доранд","Сипас, яқинан, бозгашташон ба дузах аст","Онон падарони худро гумроҳ ёфтанд","Ва [ҳамчунон] дар пайи онон мешитофтанд","Ва, ҳатман, қабл аз онон низ бештари пешиниён гумроҳ шуданд","Ва бе тардид, Мо миёнашон ҳушдордиҳандагон [-и бисёр] фиристодем","Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чи гуна буд","[Ҳама гирифтори азоб шуданд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло","Нуҳ ба даргоҳи Мо дуо кард ва [Мо] чи наку иҷобаткунанда будем!","Ва ӯ ва хонаводаашро [бо ҳамроҳи муъминон] аз балои бузурги [туфон] наҷот додем","Ва [пас аз туфон, фақат пайравони муъмин ва] хонаводаи ӯро [дар замин] боқӣ гузоштем","Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем","Салом [ва ситоиши] ҷаҳониён бар Нуҳ бод","Ба ростӣ Мо накукоронро, инчунин, подош медиҳем","Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд","Он гоҳ дигаронро [ки дар туфон монда буданд] ғарқ кардем","Ва, ҳатман, Иброҳим аз пайравони ӯ [Нуҳ] буд","[Ёд кун аз] ҳангоме ки вай бо дили пок [ва холӣ аз ширк] ба [даргоҳи] Парвардигораш омад","Он гоҳ ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизе мепарастед?","Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло ин маъбудони дурӯғинро мехоҳед?","Гумонатон дар бораи Парвардигори ҷаҳониён чист?»","Сипас нигоҳе ба ситорагон афканд [ва андешид]","Ва гуфт: «Ман беморам [ва дар ҷашн ширкат намекунам]»","Мардум ӯро тарк карданд ва рафтанд","Он гоҳ пинҳонӣ назди бутҳояшон рафт ва [бо тамасхур] гуфт: «Чизе намехуред?","Шуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед?»","Сипас бо дасти рости худ зарбаҳои [муҳкам] бар онҳо ворид овард [ва ҷуз бути бузург ҳамаро шикаст]","Пас, қавмаш шитофтанд ва ба сӯйи ӯ омаданд","[Иброҳим] гуфт: «Оё чизеро, ки худ метарошед, мепарастед?","Ва ҳол он ки Аллоҳ таоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст","[Вақте бутпарастон аз посух дармонданд] Гуфтанд: «Барояш бинои [баланд] бисозед ва ӯро дар оташ биафканед»","Пас, барои [нобудии] ӯ найранг хостанд, [вале] Мо ононро паст ва [мағлуб] сохтем [ва оташ бар Иброҳим сард ва беасар шуд]","Ва гуфт: «Ман ба сӯи [сарзамини дигаре барои ибодати] Парвардигорам меравам ва Ӯ ҳидоятам хоҳад кард","Парвардигоро, ба ман [фарзанде] аз шоистагон ато кун»","Мо [дуояшро мустаҷоб кардем ва] ӯро ба таваллуди писари бурдборе башорат додем","Ва чун [Исмоил] ба [синни навҷавонӣ ва] ҳадди талош [ва ҳамкорӣ] бо ӯ [Иброҳим] расид, ба вай гуфт: Писарам, дар хоб [ба ман ваҳй мешавад ва] мебинам, ки туро забҳ мекунам. Назарат дар ин бора чист?» [Исмоил] гуфт: «Падарҷон, он чиро ки ба ту амр шудааст анҷом бидеҳ. Иншоаллоҳ маро [дар баробари ин фармон] шикебо хоҳӣ ёфт»","Пас, чун ҳар ду таслими [фармони Парвардигор] шуданд ва [Иброҳим] ӯро бо гуна [бар хок] ниҳод","Ба ӯ нидо додем, ки «Эй Иброҳим!","Яқинан хобатро таҳаққуқ бахшидӣ». Мо накукоронро чунин подош медиҳем","Бе тардид, ин [хоб] озмоише ошкор буд [ва Иброҳим аз он сарбаланд берун омад]","Ва [ҷони] ӯро дар баробари қурбонии бузурге бозхаридем","Ва барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем","Салом бар Иброҳим","Мо накукоронро чунин подош медиҳем","Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд","Ва ӯро ба [таваллуди] Исҳоқ, ки паёмбаре аз шоистагон буд, башорат додем","[Мо] Ба ӯ ва Исҳоқ баракат додем, ва [бархе] аз афроди дудмонашон накукор буданд ва [бархе дигар] ошкоро нисбат ба хештан ситамгор буданд","Ва ба ростӣ, бар Мӯсо ва Ҳорун миннат ниҳодем","Ва он дуро ҳамроҳи қавмашон аз андуҳи бузург [ситами Фиръавн ва хатари ғарқ шудан дар Нил] наҷот додем","Ва ёриашон кардем, то пирӯз шуданд","Ва ба он ду китоби равшангар [Таврот] додем","Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем","Ва барояшон дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем","Салом бар Мӯсо ва Ҳорун","Мо накукоронро чунин подош медиҳем","Бе тардид, он ду бандагони муъмини Мо буданд","Ва, ҳатман, Илёс [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд","[Ёд кун аз] Ҳангоме ки ӯ ба қавмаш гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?","Оё [бути] «Баъл»-ро [ба парастиш] мехонед ва беҳтарин офарандаро раҳо мекунед?","Аллоҳ таоло [-ро тарк мекунед], ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон аст»","Аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва мусалламан, [барои азоб] ҳозир карда мешаванд","Магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло","Мо барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем","Салом бар Илёс","Ба ростӣ, Мо накукоронро чунин подош медиҳем","Бе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд","Ва ҳатман, Лут [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд","[Ёд кун аз] ҳангоме ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем","Магар пиразане, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд","Сипас дигаронро ҳалок кардем","Ва шумо [дар сафар ба сарзамини Шом] субҳгоҳон бар [вайронаҳои шаҳрҳои] онон мегузаред,","ва шабонгоҳ. Оё намеандешед [ва ибрат намегиред]?","Ва, ҳатман, Юнус [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд","[Ёд кун аз] ҳангоме ки [ хашмгин аз куфри қавмаш, бидуни иҷозати Парвардигор] ба киштии анбошта [аз мусофир ва бор] гурехт","Пас, [чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан буд, Юнус ҳамроҳи мусофирон барои берун андохтани бархе афрод] қуръа андохтанд ва бозанда шуд [ва ӯро ба дарё андохтанд]","Сипас моҳии [бузурге] ӯро балъид [фурӯ бурд], дар ҳоле ки [худро ба хотири тарки вазифа] сарзаниш мекард","Пас, агар дар зумраи тасбеҳгӯёни [Парвардигор] набуд,","Яқинан, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, дар шиками он [моҳӣ] боқӣ мемонд","Он гоҳ ӯро дар ҳоле ки [заъиф ва] бемор буд ба сарзамини хушк [ва бегиёҳ] афкандем","Ва бар [сари] ӯ бутаи каду рӯёндем [то аз соя ва меваҳояш баҳра гирад]","Ва [дубора] ӯро ба сӯйи сад ҳазор нафар ё бештар [ба рисолат] фиристодем","Пас, онон имон оварданд ва Мо низ то муддате [аз неъматҳои зиндагӣ] баҳрамандашон сохтем","Пас, аз эшон [мушрикон] бипурс, оё духтарҳо барои Парвардигори ту ва писарҳо барои онҳост?","Оё Мо фариштагонро духтар офаридем ва онҳо ҳузур доштанд?","Огоҳ бош! Онон аз [рӯи туҳмат ва] дурӯғгӯӣ","мегӯянд: «Аллоҳ таоло фарзанд дорад» ва, яқинан, дурӯғ мегӯянд","Оё [Аллоҳ таоло] духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?","Шуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?","Оё [намеандешед ва] панд намегиред?","Оё [бар иддаои ботили хеш] далели равшане доред?","Пас, агар ростгӯед, китобатонро биёваред","[Мушрикон] байни Ӯ [Аллоҳ таоло] ва фариштагон, хешовандӣ қоил шудаанд; дар ҳоле ки фариштагон ба яқин медонанд, ки [мушрикон рӯзи қиёмат барои ҳисобрасӣ] эҳзор мешаванд","Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст","[Мардум дар тавсифи Парвардигор, сухани газоф мегӯянд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло","Пас, шумо [мушрикон] ва он чи мепарастед,","[ҳаргиз] гумроҳгари [касе аз дини ҳақ] нестед","Магар он ки [ба тақдири илоҳӣ] аҳли дузах бошад","Ва [фариштагон мегӯянд]: «Ҳеҷ як аз мо нест, магар он ки мақоми мушаххасе [дар пешгоҳи илоҳӣ] дорад","Моем, ки [барои парастиш ва ниёиш ба даргоҳи Парвардигор] ба саф истодаем","Ва бе тардид, моем, ки тасбеҳгӯи [Ӯ] ҳастем»","Ва [кофирон, пеш аз биъсат] ҳамвора мегуфтанд:","«Агар китобе аз [китобҳои осмонии] пешиниён наздамон буд,","яқинан, аз бандагони мухлиси Аллоҳ таоло мешудем»","Аммо [ҳангоме ки паёмбар бо Қуръон ба сӯяшон омад, ҳаққонияти] онро инкор карданд; пас, ба зудӣ [натиҷаи ин корашонро] хоҳанд донист","Ва ҳатман суханони Мо дар бораи бандагони фиристодаамон аз пеш содир шудааст","Онон, ҳатман, аз ҷониби Мо ёрӣ шудаанд","Ва бе тардид, лашкари Мо пирӯзанд","Пас, [эй Паёмбар] то муддате аз онон [мушрикон] рӯй бигардон","Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид","Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?","Он гоҳ ки [азоби илоҳӣ] бар хонаҳояшон фуруд ояд, чи бад аст бомдоди ҳушдорёфтагон!","Ва то муддате аз онон рӯй бигардон","Ва ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид","Пок ва муназзаҳ аст Парвардигорат - Парвардигори иззат ва қудрат-аз он чи [мушрикон ба дурӯғ] васф мекунанд","Ва салом бар паёмбарон","Ва сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло- Парвардигори ҷаҳониён- аст","Сод.[1] Савганд ба Қуръони пандомӯз [ки Аллоҳ таоло ҳеҷ шарике надорад]###[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.","Аммо кофирон гирифтори таассуб [-у ҷоҳилият] ва ситезанд","Чи бисёр наслҳои кофирро пеш аз онон ҳалок кардем, ки [дар ҳангоми нузули азоб] фарёд мезаданд, аммо [он замон дигар] ҳангоми наҷот набуд","Мушрикон аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ карданд ва гуфтанд: «Ин мард ҷодугару дурӯғгӯст","Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст»","Бузургонашон ба по хостанд [ва ба пайравони худ гуфтанд]: «Биравед ва бар [парастишу ҳифзи] маъбудонатон истодагарӣ кунед. Бе тардид, [Муҳаммад бо] ин кор хостааст [ки шуморо гумроҳ кунад ва худро ба раёсат бирасонад]","Мо ин [назарияи тавҳид]-ро ҳатто дар оини масеҳият ҳам нашнидаем. Ин сухан ҷуз дурӯғ [чизе] нест","Оё аз миёни [ҳамаи] мо Қуръон ба ӯ нозил шудааст»? [Чунин нест, ки онон мегӯянд] Балки онон дар [асли] ваҳйи Ман тардид доранд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд","Оё ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори шикастнопазири бахшандаат наздашон ҳаст?","Оё фармонравои осмонҳо ва замин ва байни онҳо ҳастанд? [Агар чунин аст] Бо васоил [-у имконоти худ ба осмон] авҷ бигиранд [ва монеи нузули ваҳй гарданд]","[Ин кофирон] Лашкаре шикастхӯрда аз ҷумла соири гурӯҳҳо [ва аҳзоби мухолифи паёмбарон] ҳастанд","Пеш аз онон низ қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳибсипоҳ низ [паёмбарони Моро] такзиб карданд","Қавми Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Айка [қавми Шуайб] низ аз он гурӯҳҳо буданд [ки паёмбаронро такзиб карданд]","Ҳар як [аз ин гурӯҳҳо] паёмбарон [-и худ]-ро такзиб карданд ва кайфари ман [дар мавридашон] таҳаққуқ ёфт","Инон фақат бонге саҳмнокро интизор мекашанд, ки ҳеҷ бозгаште надорад","[Бо тамасхур] Мегӯянд: «Парвардигоро, пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб баҳраи моро [аз азоб] ба шитоб бидеҳ»","[Эй паёмбар] Дар баробари гуфторашон шикебо бош ва аз Довуд, бандаи тавонманди Мо ёд кун, ки ҳамвора [бо тавба ва анҷоми кори хайр ба даргоҳи мо] бозмегашт","Мо кӯҳҳоро ба ӯ ба хидмат гумоштем, ки ҳамнаво бо ӯ шомгоҳон ва бомдодон [Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд","Ва парандагонро [низ ба хидмат гумоштем], ки гирд меомаданд ва ҳамагӣ мутеаш буданд [ва бо вай дар зикри Парвардигор ҳамовозӣ мекарданд]","Мо фармонравоиашро устувор намудем ва ба ӯ паёмбарӣ ва каломе файсалабахш ато кардем","Оё хабари афроде ба ту расидааст, ки барои додхоҳӣ [ба суроғи Довуд омаданд ва] аз девори ибодатгоҳаш боло рафтанд?","Чун [бидуни иттилоъ] бар Довуд ворид шуданд, аз диданашон ба ваҳшат афтод; онон гуфтанд: «Натарс, мо ду нафари шокӣ [шикояткунанда] ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёнамон ба адолат доварӣ кун ва аз ҳақ дур нашав ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун»","[Яке аз онон гуфт] «Ин мард бародари ман аст. Ӯ наваду нуҳ меш дорад ва ман як меш дорам ва [ба исрор] мегӯяд: «Он [як меш]-ро ҳам ба ман во гузор» ва дар баҳс бар ман пирӯз шудааст»","[Довуд] Гуфт: «Мусалламан, ӯ бо хостани меши ту [барои афзудан] ба мешҳои худаш бар ту ситам кардааст ва бисёре аз шарикон [ва ҳамкорон] дар ҳаққи якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки [онҳо низ] бисёр нодиранд». Довуд [ки бидуни тавзеҳ хостан аз тарафи дигар ҳукм содир карда буд] мутаваҷҷеҳ шуд, ки имтиҳонаш кардаем. Он гоҳ аз Парвардигораш омурзиш хост ва бо фурӯтанӣ ба замин афтод ва [ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кард","Пас, ӯро ба хотири он [хато] бахшидем ва барояш дар пешгоҳи худ мақоме воло қарор додем ва [дар охират] бозгашти некуе хоҳад дошт","Эй Довуд, мо туро дар замин халифа ва фармонраво қарор додем; Пас, дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва пайрави ҳаво [-и нафс] набош, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунад. Бе гумон касоне, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ мешаванд, ба сазои он ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, азоби шадиде [дар пеш] доранд","Мо осмон ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони кофирон аст. Пас, вой бар кофирон аз оташи дузах!","Оё касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, монанди касоне ба ҳисоб меоварем, ки дар замин табаҳкорӣ кардаанд? Оё парҳезкоронро монанди бадкорон ба ҳисоб меоварем?","[Эй Муҳаммад, ин Қуръон] Китобест пурбаракат, ки бар ту нозил кардем, то [мардум] дар оёташ биандешанд ва хирадмандон панд гиранд","Мо Сулаймонро ба Довуд ато кардем, неку бандае буд ва ҳамвора [ба даргоҳи Парвардигораш] тавба мекард","[Ёд кун] Он гоҳ ки асргоҳон аспҳои асил [ва тундпо] барояш оварданд","[Сулаймон саргарми тамошои аспҳо шуд ва вақти намоз гузашт.] Он гоҳ гуфт: «Ба ростӣ, ки дӯстии ин аспҳо, маро аз ёди Парвардигорам ғофил кард, то он ки [хуршед] дар пардаи мағриб пинҳон шуд","[Бори дигар] Онҳоро назди ман бозгардонед». Он гоҳ [ба нишонаи вақф дар роҳи Аллоҳ таоло] ба соқу гардани аспҳо даст кашид","Сулаймонро озмудем ва ҷасади навзодеро [ки бидуни таваккал бар Аллоҳ таоло муштоқона дар интизори таваллудаш буд] бар тахташ афкандем [то дарёбад, ки қудрат ба тамомӣ дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст]. Он гоҳ [тавба кард ва ба даргоҳи илоҳӣ] бозгашт","Гуфт: «Парвардигоро, маро биомурз ва ҳукумате ба ман арзонӣ дор, ки пас аз ман беназир бошад, ки бахшоянда Туӣ, Ту»","Пас, [Мо] бодро дар хидматаш гумоштем, ки ҳар куҷо ирода мекард, ба фармони Ӯ ба оромӣ равон мешуд","Ва ҳар бинокор ва ғаввосе аз ҷинниёнро [ки мехост, ба фармонаш даровардем]","Ва [гурӯҳи] дигаре [аз ҷиниён]-ро [ки ҳамагӣ] дар ғулу занҷир буданд, [таҳти султааш] даровардем","[Ба ӯ гуфтем] «Ин атои Мост, пас, [ба ҳар кас мехоҳӣ] бибахш ва аз ҳар ки мехоҳӣ, боз дор. Ҳисобе бар ту нест»","Бе тардид, барои Сулаймон дар пешгоҳи худ мақоми воло қарор додем ва [дар охират] бозгаште неку хоҳад дошт","[Эй паёмбар] Аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки: «Шайтон маро ба ранҷу дард овардааст»","[Ба ӯ фармон додем] «Пойи худро бар замин бикӯб [то чашмае биҷӯшад]. Ин чашмасоре хунук барои шустушӯ ва ошомиданист»","Ва хонаводаашро [ки аз даст дода буд] дучанд ба вай бахшидем, то [нишонаи] раҳмате аз ҷониби Мо ва андарзе барои хирадмандон бошад","Ва [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд","Ва [эй паёмбар] аз бандагони Мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, ки тавонманду бобасират буданд","Мо бо [мавҳибати] ёди охират ба онон хулуси вижае бахшидем","Онон дар пешгоҳи Мо некмард ва баргузида буданд","Ва [низ] ёд кун аз Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифл, ки ҳамагӣ аз некон буданд","Ин [Қуръон] пандест ва бе гумон, парҳезгорон [дар биҳишт] манзилгоҳе неку хоҳанд дошт","Боғҳое ҷовидон, ки дарҳояш ба рӯяшон кушодааст","Он ҷо, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд, дастури меваҳои фаровон ва нӯшиданӣ медиҳанд","Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд ва [ҳамагӣ] ҳамсин ҳастанд","Ин ҳамон неъматҳоест, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад","Ин ризқу рӯзӣ аз ҷониби Мост, ки ҳаргиз [қатъ намешавад ва] поён намепазирад","Ин [подоши парҳезкорон] аст ва саркашон бадтарин бозгаштро доранд","[Ҳамон] Дузах, ки дар он ворид мешаванд ва чи бад қароргоҳе аст!","Ин [муҷозот] оби ҷӯшон ва хунобаи чирколудест, ки бояд аз он бичашанд","Ва ҷуз инҳо кайфарҳои гуногуни дигаре ҳаммонанди он доранд","[Ба раҳбарони дузахӣ гуфта мешавад] «Ин гурӯҳ низ ҳамроҳи шумо [ба дузах] дармеоянд». [Онон посух медиҳанд] «Хуш омад бар онон мабод! Чаро ки ба оташ дармеоянд»","[Пайравон] Мегӯянд: «Балки, шуморо хушомад мабод, ки ин [азоб]-ро пеши пойи мо ниҳодед. Пас, [дузах] чи бад қароргоҳе аст»!","[Сипас] Мегӯянд: «Парвардигоро, ҳар кас, ки ин [азоб]-ро барои Мо фароҳам кардааст, азобашро дар оташ дучанд кун»","[Дузахиёни мутакаббир] Мегӯянд: «Чаро касонеро, ки [дар дунё] дар зумраи ашрор мепиндоштем, [дар дузах] намебинем?","Оё [бе ҷиҳат] ононро, ки тамасхур мегирифтем ё [ин ҷо ҳастанд ва] чашмон [-и мо] бар эшон намеафтад?»","Ин муҷодалаи аҳли оташ қатъан рост аст","[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳи ягонаи пирӯзманд нест","Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. [Он] Шикастнопазири омурзанда»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ин [Қуръон] хабаре бузург аст,","шумо аз он рӯйгардонед","[Агар ба ман ваҳй намешуд] Аз олами болотар он гоҳ, ки фариштагон [дар мавриди офариниши инсон] ҷидол мекарданд, ҳеҷ иттилое надоштам","Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае ошкорам»","[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башаре аз гил меофаринам","Он гоҳ ки ӯро сомон додам ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамидам, дар баробараш саҷда кунед»","Пас, [чун Одам халқ шуд] фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд","Магар Иблис, ки такаббур варзид ва кофир шуд","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чи чиз муҷиб шуд, ки дар баробари он чи ба дастони худ офаридаам, саҷда накунӣ? Оё такаббур варзидӣ ё бартариҷӯӣ кардӣ»?","Гуфт: «Ман аз ӯ бартарам: Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил»","Аллоҳ таоло фармуд: «Аз биҳишт берун шав, ки ту [манфуру] рондашудаӣ","Ва лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд»","[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, пас то рӯзе, ки [бандагонат] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ»","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Муҳлат хоҳӣ дошт","То [рӯзи қиёмат] он вақти муайян»","[Иблис] Гуфт: «Ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард","Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»","[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [сухани Ман] ҳақ аст ва ҳақро мегӯям","Қатъан, ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар ки аз ту пайравӣ кунад, анбошта хоҳам сохт»","[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам ва фиребкор нестам [ва ба дурӯғ иддаои нубувват намекунам]»","Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест","Ва қатъан, пас аз марг аз хабари [ҳаққоният ва ростии] он огоҳ хоҳед шуд","Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст","Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун","Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард","Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд","Осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офарид. Шабро бар рӯз мегустуронад ва рӯзро бар шаб ва хуршеду моҳро дар хидмат [-и шумо] гумошт, ки ҳар як то саромади муайяне равон аст. Огоҳ бошед! Ӯ шикастнопазири омурзгор аст","Ӯ шуморо аз як тан офарид, он гоҳ ҳамсарашро низ аз вай падид овард ва барои [истифодаи] шумо ҳашт навъ аз чаҳорпоён [нару модаи шутур, гов, гӯсфанд ва буз]-ро офарид. Шуморо дар шиками модаратон тайи мароҳили мухталиф дар ниҳонгоҳҳои сегона меофаринад. Ин аст Аллоҳ таоло, Парвардигори шумо, ки фармонравоӣ хоси Ӯст. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, чи гуна ба бероҳа меравед?","Агар носипосӣ кунед, [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз носипосии бандагонашро намеписандад ва агар шукри Ӯро ба ҷой оваред, ин корро бароятон меписандад ва ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад, пас, бозгаштатон ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ Ӯ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ мекунад. Яқинан, Ӯ аз рози дилҳо огоҳ аст","Ҳаргоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне мешавад, Парвардигорашро [бо тазарруъ ва зорӣ] мехонад ва ба даргоҳаш бозмегардад. Аммо ҳангоме ки неъмате аз ҷониби худ ба вай мебахшем, мушкилеро, ки қаблан барояш дуо мекард, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ таоло [дар қудрат] ҳамтоёне қоил мешавад, то [дигаронро низ] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунад. [Эй паёмбар, ба чунин касе] Бигӯ: «Андак замоне бо носипосӣ [аз неъматҳои дунё] баҳраманд шав, ки қатъан дузахӣ хоҳӣ буд»","Оё [чунин мушрике беҳтар аст ё] он ки дар тӯли шаб дар ҳоли саҷда ва қиём ба ибодат машғул аст ва аз [азоби] охират тарсон аст ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё касоне, ки [ҳаққи бандагии Парвардигорро] медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд? Танҳо хирадмандон панд мепазиранд»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй бандагони боимони ман, аз Парвардигоратон парво кунед. Афроде, ки некуӣ мекунанд [илова бар охират дар ин дунё низ] подоши неку доранд. Замини Аллоҳ таоло густурдааст [пас, агар барои ҳифзи ақидаи худ дучори мушкил шудед, ҳиҷрат кунед]. Қатъан, подоши пойдорон комилу бедареғ ато хоҳад шуд»","Бигӯ: «Ман маъмурам бо хулуси эътиқод Аллоҳро бипарастам","Ва маъмур шудаам нахустин касе [дар ин уммат] бошам, ки таслим [маҳз дар муқобили Парвардигор] аст»","Бигӯ: «Агар дар баробари Парвардигорам нофармон бошам, аз азоби рӯзи бузург [қиёмат] метарсам»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман Аллоҳро бо хулуси эътиқоди худ мепарастам","Шумо низ ғайр аз Аллоҳ таоло ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст","Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ таоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед","Башорат барои касонест, ки аз парастиши тоғут [бутҳо] иҷтиноб варзиданд ва [тавбакунон] ба даргоҳи илоҳӣ бозгаштанд. Пас, [эй паёмбар] ба бандагонам [биҳиштро] башорат бидеҳ","[Ҳамон] Касоне, ки сухан [-ҳои мухталиф]-ро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда ва хирадманданд","Оё касеро, ки фармони муҷозот бар ӯ қатъӣ шудааст [метавон ҳидоят намуд]? Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст, наҷот диҳӣ?","Аммо касоне, ки аз Парвардигорашон парво доранд, [дар биҳишт] ғурфаҳое доранд, ки бар фарози онҳо ғурфаҳое [дигар] сохта шудааст [ва] аз зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорист. Аллоҳ таоло [ба дурустӣ] ваъда додааст ва ваъдахилофӣ намекунад","Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст","Оё касе, ки Аллоҳ таоло дилашро пазирои Ислом карда ва аз ҷониби Парвардигораш аз нур [ҳидоят ва басират] бархӯрдор гашта [ҳаммонанди сахтдилон аст]? Вой бар онон дар баробари зикри Аллоҳ таоло сангдил шудаанд! Онон дар гумроҳии ошкоранд","Аллоҳ таоло беҳтарин суханро дар сурати китобе нозил карда, ки [бархе аз оёташ] ҳаммонанди якдигар ва [бархе низ] мукаррар аст. Касоне, ки аз [муҷозоти] Парвардигорашон бим доранд, [бо шунидани ин оёт] мӯй бар танашон рост мешавад ва сипас дилу ҷонашон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Ин ҳидояти Аллоҳ таоло аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳ менамояд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ созад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт","Оё касе, ки дар рӯзи қиёмат [дастонаш баста аст ва ночор] бо рӯяш он азоби сахтро дафъ мекунад, [ҳамчун касест, ки дар осоиши биҳишт қарор дорад]? Ба ситамгорон [-и мушрик] гуфта шавад, [натиҷаи] дастовардатонро бичашед","Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Аллоҳро] дурӯғ шумурданд ва аз ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд","Пас, Аллоҳ таоло [таъми] расвоӣ ва хориро дар зиндагии дунё ба онон чашонд ва мусалламан, азоби охират бузургтар [ва сахттар] аст. Агар мушрикон медонистанд [ки рафторашон чи пайомаде дорад, ибрат мегирифтанд]","Дар ин Қуръон аз ҳар [гуна] масале барои мардум овардаем, бошад, ки панд пазиранд","Қуръоне ба забони фасеҳи арабӣ ва бидуни ҳеҷ гуна ибҳому инҳироф [нозил кардем], бошад, ки [таҳти таълимоташ аз Парвардигори якто] парво кунанд","Аллоҳ таоло [барои муқоисаи мушрику муваҳҳид] мардеро мисол мезанад, ки чанд шарик дар бораи [моликияти] ӯ пайваста бо ҳам ихтилофу мушоҷара доранд ва дар муқобилаш марде, ки таҳти фармони як нафар қарор дорад. Оё ин ду нафар [аз назари мавқеият] яксонанд? Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, вале бештарашон намедонанд","[Эй Паёмбар] Қатъан, ту хоҳӣ мурд ва онон [низ] хоҳанд мурд","Он гоҳ [шумо-мардум] дар рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон [дар бораи масоили мавриди ихтилоф] муҷодала хоҳед кард"]