["Илм ба рӯзи қиёмат назди Ӯст. Ва ҳар мевае аз ғилофи худ берун меояд ва ҳар модае ҳомиладор мешаваду мезояд, албатта ки Ӯ ба он огоҳ аст. Ва он рӯз, ки онҳоро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: Огоҳат кардем, ки касе аз мо ба ширк гувоҳӣ намедиҳад!","Ва он чиро пеш аз ин ба, худоӣ мехонданд, аз даст доданд ва донистанд, ки роҳи гурезе надоранд.","Одами ҳар чӣ талаби хайр кунад, хаста намешавад, аммо чун бадӣ ба ӯ бирасад, бадандешу ноумед мегардад.","Агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва напиндорам, ки қиёмате барпо шавад. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта, ки назди Ӯ ҳолате хуштар бошад». Пас кофиронро ба амалҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азобе сахт мечашонем.","Чун ба одами неъмате ато кунем, рӯйгардон мешавад ва ба такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ бадие бирасад, бисёр фарёду фиғон мекунад.","Бигӯ: «Чӣ мебинед?» Агар ин китоб аз ҷониби Худост ва шумо ба он имон намеоваред, гумроҳтар аз касе, ки ҳамчунон роҳи мухолифат (зиддият) дар пеш гирифтааст, кист?","Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки, Ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест?","Баҳуш (огоҳ) бош, ки онҳо аз дидори Парвардигорашон дар шубҳаанд. Баҳуш бош, ки Ӯ бар ҳар чизе иҳота дорад.","Ҳо, мим.","Айн, син, қоф.","Худованди ғолибу ҳаким ба ту ва касоне, ки пеш аз ту буданд, инчунин ваҳй мефиристад:","аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯст он баландмартабаи бузургвор!","Наздик аст, ки осмонҳо ба болои якдигар дар ҳам шикананд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои сокинони замин бахшоиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Худо муроқиби (нозири) аъмоли касонест, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ гирифтанд. Ва ту вакили онҳо нестӣ.","Ва низ ин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем то уммулқуро ва сокинони атрофашро бим диҳй. Ҳамчунин ононро аз рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки гурӯҳе дар биҳиштанд ва гурӯҳе дар оташи сӯзон.","Агар Худо мехост, ҳамаро як уммат карда буд. Вале Ӯ ҳар киро ки бихоҳад, ба раҳмати худ дароварад ва ситамкоронро ҳеҷ дӯсту ёваре нест!","Оё ғайри Худоро ба дӯстӣ гирифтанд? Дӯсти ҳақиқӣ Худост. Ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност!","Дар ҳар чӣ ихтилоф мекунед, ҳукмаш бо Худост. Ин Худои якто Парвардигори ман аст. Бар Ӯ таваккал кардам ва ба Ӯ рӯй меоварам.","Офаридгори осмонҳову замин аст. Барои шумо, ҳам аз шумо ҳамсароне биёфарид. Ва низ барои чорпоён ҷуфтҳое падид овард. Во офариниши ҳамсарон бар шуморатон меафзояд. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност!","Калидҳои осмонҳову замин аз они Ӯст. Дар рӯзии ҳар кӣ бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад ва Ӯ ба ҳар чизе доност!","Барои шумо дину оине муқаррар кард аз ҳамон гуна, ки ба Нӯҳ тавсия карда буд ва аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо тавсия кардаем, ки динро барпой нигаҳ доред ва дар он фирқа-фирқа машавед. Таҳаммули он чӣ ба он даъват мекунед, бар мушрикон душвор аст. Худо ҳар киро хоҳад, барои пайғамбарии Худ интихоб мекунад ва ҳар киро ба ӯ бозгардад, ба Худ роҳ менамояд.","Аз рӯи ҳасаду адоват фирқа-фирқа шуданд, аз он пас, ки ба дониш даст ёфтанд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда буд, ки онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат аст, бар онҳо ҳукми азоб мерафт. Ва касоне, ки баъд аз онҳо вориси китоби Худо шудаанд, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.","Барои он даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз паи хоҳишҳояшон марав ва бигӯ: «Ба китобе, ки Худо нозил кардааст, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо ба адолат рафтор кунам. Худои якто Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумо. Миёну мову шумо ҳеҷ муҳоҷҷае (душмание) нест. Худо моро дар як ҷо ҷамъ меоварад ва бозгашт ба сӯи Ӯст!»","Ва касоне, ки дар бораи Худо ҷидол мекунанд, пас аз он ки даъвати Ӯро иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷаташон ночиз аст. Бар онҳост хашми Худо ва бар онҳост азобе сахт!","Худост, ки ин китоби бархақ ва тарозуро нозил кардааст. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.","Онон, ки бовараш надоранд, (омадани) онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз он бимноканд ва медонанд, ки ҳақ аст. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.","Худо бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ тавонову ғолиб аст!","Ҳар кас кишти охиратро бихоҳад, ба киштааш меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад, ба ӯ ато мекунем, вале дигар дар кишти охираташ насибе нест.","Оё мушриконро бутонест, ки дине барояшон овардаанд, ки Худо рухсати онро надодааст? Ва агар қасди таъхири (ба дер партофтани) азобашон набуд, корашон ба поён омада буд ва ситамкоронро азобест дардовар!","Ситамкоронро бинӣ, ки аз ҳосили корҳояшон бимноканд. Ва албатта, ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон ҳаст. Ва ин фазлу бахшоисти бузургест!","Ин аст он чизе, ки Худо он гурӯҳ аз бандагокашро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он мужда медиҳад. Бигӯ: «Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дӯст доштани хешовандон намехоҳам». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯияш меафзоем, зеро Худо бахшояндаву шукрпазир аст!","Ё мегӯянд, ки бар Худо дурӯғ мебандад. Агар Худо бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Худо ба калигмоти худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност!","Ва Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз гуноҳон афвашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед, медонад,","Ва дуьои касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, иҷобат мекунад ва аз фазли худ ононро бисёр медиҳад. Ва кофиронро азобе сахт аст!","Агар Худо рӯзии бандагонашро бисёр кунад, дар замин фасод мекунанд, вале ба миқдоре, ки бихоҳад, рӯзӣ мефиристад. Зеро бар бандагони худ огоҳу биност!","Ва Ӯст он Худое, ки баъд аз ноумедияшон борон мефиристад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва Ӯст корсозу соҳиби ҳамду сано.","Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва парокандани ҷунбандагон дар он дӯст. Ва ҳар гоҳ бихоҳад, бар ҷамъ оварданашон тавоност!","Агар шуморо мусибате расад, ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Худо бисёре аз гуноҳонро афв мекунад.","Шумо натавонед дар рӯи замин аз Ӯ бигурезед ва шуморо ғайри Ӯ корсозу ёваре нест!","Аз нишонаҳои қудрати Ӯ киштиҳоест чун кӯҳ ки дар дарёҳо равонанд.","Агар бихоҳад, бодро нигаҳ медорад, то киштиҳо бар рӯи дарё аз рафтан бозмонанд. Албатта дар ин барои сабркунандагони шукргузор ибратҳоест.","Ё онҳоро ба хотири амалҳояшон ғарк мекунад ва бисёреро низ мебахшояд.","Ва то бидонанд, касоне, ки дар оёти Мо ҷидол мекунанд. Ононро ҳеҷ гурезгоҳе нест.","Он чӣ шуморо додаанд, баҳраи ин зиндагии дунявист. Ва он чӣ дар назди Худост, барои онҳо, ки имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.","Ва он касоне, ки аз гуноҳони бузург ва зиштиҳо парҳез мекунанд ва чун дар хашм шаванд, хатоҳоро мебахшоянд;","ва онон, ки даъвати Парвардигорашонро қабул мекунанд ва намоз мегузоранд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, садақа мекунанд;","ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд.","Ҷазои ҳар бадӣ бадиест монанди он. Пас касе, ки афв кунад ва оштӣ кунад, муздаш бо Худост, зеро Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.","Бар касоне, ки пас аз зулме, ки бар онҳо рафта бошад, интиқом мегиранд, маломате нест.","Маломат бар касонест, ки ба мардум зулм мекунанд ва ба ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ мекунанд. Барои онҳост азобе дардовар!","Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳои писандида аст.","Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт. Ва золимонро мебинӣ, ки чун азобро бингаранд, мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ҳаст?»","Онҳоро мебинӣ, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида мекунанд. Касоне, ки имон оварда буданд, мегӯянд: «Инҳо худ ва касонашонро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки ситамкорон дар азоби доим хоҳанд буд!","Ғайри Худо ёру мададгоре надоранд ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳе барояш нест!","Пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки аз ҷониби Худо бозгаште надорад, ба Парвардигоратон ҷавоби қабул диҳед. Дар он рӯз на паноҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо муҳофизат тавонад кард!","Агар рӯй гардонанд, туро нафиристодаем, ки нигаҳбонашон бошӣ. Бар ту ғайри расонидани пайғом ҳеҷ нест. Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳое, ки кардааст, норавоӣ ба ӯ расад, носипосӣ мекунад.","Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад, духтар мебахшад ва ба ҳар кӣ бихоҳад, писар мебахшад.","Ва ё ҳам писар диҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, зеро Ӯ донову тавоност!","Ҳеҷ башареро нарасад, ки Худо ҷуз ба ваҳй ё аз он сӯи парда бо ӯ сухан гӯяд. Ё фариштае мефиристад то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ӯ баландпояву ҳаким аст!","Ҳамчунин каломи Худро ба фармони Худ ба ту ваҳй кардем. Ту намедонистӣ китобу имон чист. Вале Мо онро нуре сохтем то ҳар як аз бандагонамонро, ки бихоҳем, ба он ҳидоят кунем ва ту ба роҳи рост роҳ нишон медиҳӣ,","роҳи он Худое, ки аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Огоҳ бошед, ки ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад!","Ҳо, мим.","Савганд ба ин китоби равшангар!","Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки ба ақл дарёбед.","Ва он дар уммулкитоб аст дар назди Мо: китобе арҷманду ҳикматомез.","Оё ба он сабаб, ки мардуме аз ҳад гузашта ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо дареғ дорем?","Ба миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем.","Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, ки масхарааш накарда бошанд.","Онҳоро, ки аз онҳо боқувваттар буданд, ҳалок кардем. Ва достони пешиниён гузашт.","Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро он ғолиби доно офаридааст!»","Он ки заминро бисоти шумо сохт ва бароятон роҳҳо дар он падид овард, бошад, ки ҳидоят шавед.","Ва он ки аз осмон об фиристод ба миқдор. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун оварда шавед","ва он ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён маркабҳо сохт, ки савор шавед.","Ва чун бар пушти онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он кас, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд.","Ва мо ба сӯи Парвардигорамон бозмегардем».","Ва барон Ӯ аз миёни бандагонаш фарзанде қоил шуданд. Одамӣ ба ошкоро носипос (ношукр) аст!","Оё Ӯ аз миёни махлуқонаш барои Худ духтарон баргирифта ва писаронро хоси шумо кардааст?","Ва чун ба яке аз онҳо муждаи таваллуди ҳамон чизеро диҳанд, ки ба Худои раҳмон нисбат дода, рӯяш сиёҳ гардад ва пур аз хашм шавад.","Оё он ки ба ороиш парвариш ёфта (яъне духтар) ва дар ҳангоми ҷидол ошкор намегардад, аз они Худост?","Ва фариштагонро, ки бандагони Худоянд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офаринишашон он ҷо ҳозир будаанд? Ба зудӣ ин шоҳидиашонро менависанд ва аз онҳо бозхост мешавад.","Гуфтанд: «Агар Худои раҳмон мехост, мо фариштагонро намепарастидем». Он чӣ мегӯянд, аз рӯи нодонист ва ғайри ба дурӯғ сухан намегӯянд.","Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он ҷанг мезананд? (пайравӣ мекунанд).","На, мегӯянд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо аз паи онҳо меравем».","Ва он тавр пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, мутанаъимонаш (соҳибнеъматонаш) гуфтанд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба амалҳои онҳо иқтидо (панравӣ) мекунем».","Гуфт: «Ҳатто агар барои шумо чизе биёварам, ки аз он чӣ падаронатонро бар он ёфта будед, ҳидояткунандатар бошад?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки шуморо ба он фиристодаанд, беимонем».","Пас аз онҳо интиқом гирифтем. Ва бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст?","Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Ман аз он чӣ шумо мепарастед, безорам,","ғайри он ки маро офарида, ки Ӯ роҳнамоиям хоҳад кард».","Ва ин суханро дар фарзандони худ сухане поянда кард, бошад, ки ба Худо бозгарданд.","Ва Ман инҳову падаронашонро аз зиндагӣ баҳраманд кардам, то он гоҳ ки ҳақ ва паёмбаре равшангар ба сӯяшон омад.","Чун ҳақ бар онҳо ошкор шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва мо ба он имон намеоварем».","Гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа нозил нашудааст?»","Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Хол он ки мо рузии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додаем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд, беҳтар аст.","Ва агар на он буд, ки ҳамаи мардум як уммат намешуданд, сақфҳои хонаҳои касонеро, ки Худои раҳмонро бовар надоранд, аз нуқра мекардем ва бар онҳо нардбонҳое, мениҳодем, то бар он боло раванд.","Ва барои хонаҳояшон низ дарҳое аз нуқра мекардем ва тахтҳое, ки бар онҳо такя зананд","ва аз ҳар гуна зинат. Ва ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст.","Ҳар кас, ки аз ёди Худои раҳмон рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ обаста мекунем,, ки ҳамеоша ҳамроҳаш бошад.","Ва он шайтонҳо ононро аз роҳи Худо бозмегардонанд, вале пиндоранд, ки ҳидоятёфтагонанд.","То он гоҳ ки назди Мо ояд, мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту (мисли) дурии машриқу мағриб буд. Ва ту чӣ ҳамроҳи баде буди».","Чун ситам кардед, он рӯз пушаймонӣ фоида накунад ва ҳар ду дар азоб шарик бошед.","Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишунавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ нишон диҳӣ?","Ва агар туро бибарем, аз онҳо интиқом мегирем.","Ё он азоберо, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, ки Мо бар онҳо тавоно ҳастем.","Пас дар он чӣ ба ту ваҳй шудааст, ҷанг бизан, (пайравӣ кун), ки ту бар роҳи рост ҳастӣ.","Ва Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва ба зудӣ бозхост шавед.","Аз паёмбарони Мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ғайри Худои раҳмон дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»","Ва албатта Мӯсоро ҳамроҳ бо оёти Худ бар Фиръавн ва раисони қавмаш фиристодем ва гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»","Чун оёти Моро бар онон арза дошт, ба ногоҳ ҳама аз он ба ханда афтоданд.","Ва ҳар мӯъҷизае, ки ба онҳо нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар азимтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азоб гирифтор кардем, бошад, ки бозгарданд.","Гуфтанд: «Эй ҷодугар, Парвардигоратро бо он номҳое, ки бо ту ваҳй кардааст, баром мо бихон, ки мо ҳидоятшудагонем».","Чун азобро аз онҳо бардоштем, паймони худро шикастанд.","Фиръавн дар миёни мардумаш нидо дод, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пои ман ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё намебинед?","Оё ман беҳтарам ё ин марди хори залил, ки дуруст сухан гуфтан натавонад?","Чаро дастҳояшро ба дастбандҳои тилло наёростаанд? Ва чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?","Пас Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ба ӯ итоъат карданд, ки мардуме табаҳ кор буданд!","Чун Моро ба хашм оварданд, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамагонро ғарқ сохтем.","Ононро дар шумори гузаштагон ва достон барои ояндагон кардем.","Ва чун достони писари Марям оварда шуд, қавми ту ба шодмонӣ фарёд заданд","ва гуфтан, д: «Оё худоёни мо беҳтаранд ё Ӯ?» Ва ин суханро фақат барои ҷидол бо ту гуфтаанд, ки мардуме хусумат кунандаанд,","Ӯ фақат бандае буд, ки Мо неъматаш ато кардем ва мояи ибрати банӣ- Исроилаш гардонидем.","Агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишини шумо гарданд.","Ва бешубҳа ӯ (Исо) нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Дар ин шак макунед ва ба Ман пайравӣ кунед! Ин аст роҳи рост.","Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори шумост.","Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ омад, гуфт: «Бароятон ҳикмат овардаам ва омадаам, то чизҳоеро, ки дар он ихтилоф мекунед, баён кунам. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед.","Худои якто Парвардигори ману Парвардигори шумост. Ӯро бипарастед. Роҳи рост ин аст».","Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд. Пас вой бар ситамкорон аз азоби дардовари қиёмат!","Оё чашм ба роҳи чизе ҷуз қиёматанд, ки ногоҳ ва бехабар бар онҳо биёяд?.","Дар он рӯз дӯстон, — ғайр аз парҳезгорон, — душмани якдигаранд.","Эй бандагони Ман, дар он рӯз биме бар шумо нест ва шумо ғамгин намешавед.","Он касон, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслими амри Мо шудаанд,","шумо ва ҷуфтҳоятон бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед.","Қадаҳҳои заррин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чи нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд!","Ин биҳиштест, ки ба ивази корҳое, ки кардаед, ба меросаш мебаред.","Дар он ҷо бароятон меваҳои бисёр ҳаст, ки аз онҳо мехӯред.","Гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд!","Азобашон кам намешавад ва онҳо аз ноумедӣ хомуш бошанд.","Мо ба онҳо зулме накардаем, онҳо худ ба худашон ситам кардаанд.","Фарёд бароваранд, ки эй молики дӯзах кош Парвардигори ту моро бимиронад. Мегӯяд: «На, шумо дар ин ҷо монданӣ ҳастед».","Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед.","Оё онҳо дар эътиқоди худ пой фишурдаанд? Мо ҳам пой фишурдаем.","Оё мепиндоранд, Мо розу наҷво (суханони пинҳониашонро) намешунавем? Оре, расулони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд.","Бигӯ: «Агар Худои раҳмонро фарзанде мебуд, ман аз нахустин парастандагон мебудам.","Пок аст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори арш аз он нисбатҳо, ки ба Ӯ медиҳенд.","Пас бигузорашон, то ба ҳамон суханони ботил машғул бошанд ва ба бозича саргарм, то он рӯзе, ки онҳоро ваъда додаанд, бирасад.","Ӯст, ки ҳам дар осмон Худост ва ҳам дар замин Худост ва ҳакиму доност!","Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба Ӯ бозгардонида мешавед.","Касоне ғайри Ӯро, ки ба худоӣ мехонанд, қодир ба шафоъати касе нестанд. Ғайри касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шоҳидӣ дода бошанд.","Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, мегӯянд: «Оллоҳ». Пас чаро аз ҳақ рӯй мегардонанд?","Гуфтори пайёмбар ин буд: «Эй Парвардигори ман, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд!","Пас, аз онҳо даргузар ва бигӯ: «Саломат бошед!» Оре, ба зуди хоҳанд донист.","Ҳо, мим.","Савганд ба ин китоби равшангар!","Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем.","Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,","фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем.","Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно.","Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед.","Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост.","На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд!","Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад.","Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар.","«Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем».","Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд,","аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»","Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед.","Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем!","Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад,","«ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам.","Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам.","Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам,","ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред».","Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд).","Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд.","Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд.","Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд","ва киштзорҳову хонаҳои некӯ","ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.","Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем.","На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.","Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем.","аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда","ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем.","Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.","Албатта инҳо мегӯянд:","«Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.","Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».","Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд.","Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.","Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд.","Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст.","Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,","ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон.","Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум","таъоми гуноҳкорон аст.","Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад.","Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон.","Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед","ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.","Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ!","Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.","Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,","дар боғҳову чашмасорҳо","либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд.","Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем.","Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.","Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.","Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!","Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд!","Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд.","Ҳо, мим.","Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст.","Албатта дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!","Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон ибратҳост барои аҳли яқин. (имон)","Омадушуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо ибратҳост барои оқилон.","Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ғайри Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд?","Вой бар ҳар дурӯғбофи гунаҳкоре!","Оёти Худоро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ сахт меистад, чунон ки гӯӣ ҳеҷ нашунидааст. Пас ба азобе дардовараш башорат (хушхабар) деҳ.","Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, ба масхарааш мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд.","Пеши рӯяшон ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Худои якто ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Онҳорост азобе бузург!","Ин раҳнамоиест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест ва сахттарин азобҳои дардовар.","Худост, ки дарёро роми шумо кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, бошад, ки шукргузор бошед!","Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они Ӯст. Дар ин барои фикркунандагон ибратҳоест.","Ба касоне, ки имон овардаанд, бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои Худо бовар надоранд, даргузаред, то худ он мардумро ба ҷазои амалҳое, ки муртакиб шудаанд (кардаанд), ҷазо диҳад.","Ҳар кас кори шоистае кунад, ба нафъи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.","Мо ба банӣ-Исроил китоб ва илми довариву паёмбарӣ ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рузияшон кардем. Ва бар ҷаҳониён бартарияшон (беҳтариашон) додем.","Ва онҳоро дар бораи он амр далоиле равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф карданд, он гоҳ, ки дониш ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф (зиддият) мекарданд, довари хоҳад кард.","Пас туро ба роҳи дин андохтем. Бо он роҳ бирав ва аз паи хоҳиши нодонон марав.","Инҳо туро ҳеҷ аз азоби Худо дафъ намекунанд ва золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст.","Ин Қуръон далелҳои равшани мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.","Оё окон, ки кунандаи бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.","Ва Худо осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, ҷазо диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.","Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо аз рӯи илм гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? Чаро панд намегиред?","Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ғайри даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва фақат дар пиндоре ҳастанд.","Ва чун оёти равшани Мо бар онҳо тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед».","Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиранад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, — ки шаке дар он нест, — ҷамъ меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»","Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард.","Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонанд. Дар чунин рӯзе дар баробари амалҳое, ки кардаед, ҷазо мебинед.","Ин навиштаи Мост, ки ба ҳақ сухан мегӯяд, зеро Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштаем.","Аммо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд. Парвардигорашон дохил дар раҳмати Худ мекунад ва ин зафари ошкор аст.","Аммо, эй онон, ки имон наёвардаед, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур менамудед ва мардуме гуноҳкор будед?","Чун гуфта мешуд, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Фақат андак гумоне мебарем ва ба яқин (имони қавӣ) нарасидаем»,","Амалҳои зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд гирд бар гирдашонро бигирифт.","Ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромушатон мекунем, ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.","Ва, ин ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва зиндагии дунявӣ шуморо бифирефт». Пас имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро қабул накунад,","Ситоиш аз они Худост — Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён.","Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст ғолибу ҳаким!"]