["Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»","Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,","то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем,","ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд».","Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.","Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем.","Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.","Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем.","Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»","Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд.","Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем.","Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт.","Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед».","Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.","Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд.","Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд.","Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.","Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем!","Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред.","Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.","Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.","Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!»","Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд.","Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард.","Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад.","Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам.","Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд).","Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор!","Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!","Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!","Қасам ба кӯҳи Тур","ва қасам ба китоби навишташуда,","дар сафҳае кушода (Қуръон)","ва қасам ба байтулмаъмур","ва қасам ба ин, сақфи барафрошта (осмон)","ва қасам ба дарёи моломол, (пур)","ки азоби Парвардигорат воқеъ шуданист.","Ва онро дафъкунандае нест.","Рӯзе, ки осмон сахт бичархад","ва кӯҳҳо ба шитоб равон шаванд,","пас дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон,","онон, ки саргарми кордон ботили худанд!","Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд.","Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед.","Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед?","Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунад, фарқе накунад. Шуморо дар баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд.","Парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд.","Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ доштааст.","Ба музди корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод.","Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсарашон мегардонем.","Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз музди амалашон ҳеҷ кам намекунем, ки дар касе дар гарави кори худ аст.","Ва пайваста аз ҳар гуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем.","Дар он ҷо ҷоми май диҳанд ва ҷоми май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на гуноҳ кардан.","Ғуломонашон чун марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд.","Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд.","Мегӯянд: «Пеш аз ин дар миёни касонамон танҳо мо аз Худо метарсидем.","Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт.","Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»","Пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин (ҷодугар) ҳастиву на маҷнун.","Ё мегӯянд: «Шоиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». (ки шояд бимирад).","Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ман низ бо шумо интизор мекашам».","Оё ононро рӯъёҳояшон (хобҳояшон) ба ин пиндорҳо кашонида ё худ, мардуме саркаш ҳастанд.","Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» На, онҳо имон намеоваранд!","Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд.","Оё бе ҳеҷ холиқе офарида шуданд, ё худ холиқи худанд?","Ё осмонҳову заминро ҳал кардаанд? На, ба яқин нарасидаанд.","Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд).","Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад.","Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон.","Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст?","Ё илми ғайб медонанду менависанд?","Ё мехоҳанд ҳилае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳила гирифторанд.","ё онҳоро худоест ғайри Худои якто? Пок аст Худои якто аз ҳар чӣ шарикаш месозанд.","Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабат-қабат ҷамъшуда)».","Пас онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар оя ба ҳалокат мерасанд, бингаранд,","рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон фоидае накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад.","Барои касоне, ки зулм мекунанд, боз ҳам азобест ғайри ин азоб, вале бештаринашон намедонанд.","Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!","Ва тасбҳ гӯй дар қисме аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон,","Қасам ба он ситора, чун пинҳон шуд,","ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст.","Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд.","Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад.","Ӯро он фариштаи пурқувват таълим додааст,","соҳибнерӯе, ки рост истод","ва Ӯ ба канораи балаыди осмон буд,","сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд","то ба қадри ду камон ё наздиктар.","Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд, ваҳй кунад, ваҳй кард.","Дил он чиро, ки, дид, дурӯғ нашумурд.","Оё дар он чӣ мебинад, бо Ӯ ҷидол (баҳс) мекунед?","Ӯро дигар бор ҳам бидид","назди сидратулмунтаҳо,","ки оромгоҳи биҳишт назди он дарахт аст.","Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид,","чашм хато накард ва аз ҳад дарнагузашт.","Албатта баъзе аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид.","Оё Лот ва Уззоро дидаед?","Ва Манот он бути саввуми дигарро?","Оё шуморо писар бошад ва Ӯро духтар?","Ин тақсимест ғайри одилона.","Инҳо чизе нестанд ғайри номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону ҳавои нафси худ мераванд ва хол он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд.","Оё ҳарчи одами орзу кунад, барояш ҳосил аст?","Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост.","Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ нафъ надиҳад, лекин аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад. (нафъ кунад).","Онон, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро ба номҳои занон меноманд.","Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!","Пас ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯйгардон мешавад ва ғайри зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон.","Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Парвардигори ту ба он касе ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад ё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст.","Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари корҳояшон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон мукофот диҳад.","Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, — ғайри он ки гуноҳе кӯчак аз онҳо сар занад, — бидонанд, ки бахшоиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Худатонро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад!","Оё онро, ки аз ту рӯйгардои шуд, дидӣ?","Андак мебахшид ва дар садақа бахилӣ мекард.","Оё илми ғайб дораду мебинад?","Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст?","Ё аз Иброҳим, ки ҳаққи пайғамбариро адо кард?","Ки ҳеҷ кас бори гуноҳи, дигареро барнадорад?","Ва ин ки: барои мардум музде ғайри он чӣ худ кардаанд, нест?","Ва ба зудӣ, ки кушиши ӯ дар назар ояд (рӯзи қиёмат).","Сипас ба ӯ ҷазое комил диҳанд.","Ва поёни роҳи ҳама Парвардигори туст.","Ва Ӯст, ки механдонаду мегирёнад.","Ва Ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад.","Ва Ӯст, ки ҷуфтҳои нару модаро офаридааст,","аз дутфа, он гоҳ, ки дар раҳм рехта мешавад.","Ва бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда кунад.","Ва Ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад,","Ва Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро.","Ва Ӯст, ки Од — он қавми пешинро ҳалок кард,","ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт.","Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ситамкортару саркаштар буданд","ва низ Мӯътафикаро нобуд кард.","Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард).","Пас ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ?","Ин бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин.","Қиёмат фаро расид.","Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад.","Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед?","Ва механдеду намегирйед?","Ва шумо ғофил шудаед.","Пас Худоро саҷда кунед ва Ӯро бипарастед!","Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид.","Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «\"Ҷодуе бузург аст!»","Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст.","Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст.","Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.","Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав.","Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд.","Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»","Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд.","Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»","Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.","Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.","Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.","Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт.","Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?","Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?","Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?","Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?","Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,","ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд.","Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?","Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?","Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд.","Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем!","Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».","Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист!","Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун!","Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад.","Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.","Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?","Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд.","Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?","Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд.","Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.","Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем.","Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд.","Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро!","Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад.","Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед!","Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?","Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.","Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат.","Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?","Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем?","Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд.","Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст.","Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд.","Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!","Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!","Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест.","Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?","Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост.","Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст.","Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд,","дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно!","Худои раҳмон","Қуръонро таълим дод,","инсонро биёфарид,","ба ӯ гуфтан омӯхт.","Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд.","Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд.","Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод,","то дар тарозу таҷовуз накунед.","Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед!","Заминро барои мардум қарор дод.","Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд.","Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид,","Ва ҷинро аз шӯълае бедуд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд,","миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед?","Аз он ду марвориду марҷон берун меояд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист.","Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Эй ҷинниёну одамиён, ба ҳисоби шумо хоҳем расид!","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ё дуде низ пас бо ӯ муқобала натавонед кард.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Он гоҳ, ки осмон шикофта шавад, ранге сурх чун ранги чарм хоҳад дошт.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Пас дар он рӯз аз гуноҳи ҳеҷ ҷинневу одамие напурсанд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Кофиронро ба нишони қиёфаашон мешиносанд ва аз мӯи ҷилави сар ва пойҳояшон мегиранд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дурӯғаш мепиндоштанд.","Ва акнун дар миёни он ва оби ҷӯшон, мегарданд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ҳ, ар касро, ки аз истодан ба пешгоҳи Парвардигораш тарсида бошад, ду биҳишт аст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Он ду пур аз дарахтонанд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Дар он ду, ду чашма ҷорист.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Дар он ҷо аз ҳар гуна мевае ду қисм аст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Бар бистарҳое, ки астарашон аз истабрақ аст, такя задаанд ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошад.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Дар он ҷост заноне, ки ҷуз ба шавҳари худ нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба ояҳо даст назадааст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Гӯй, ки он ҳурон монанди ёқуту марҷонанд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморад?","Мукофоти некӣ некисту бас.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Ва ғайри онҳо ду биҳишти дигар аст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Аз шиддати сабзӣ моил ба сиёҳианд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед,?","Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Дар он ду мева ҳаст ва дарахти хурмо ҳасту анор ҳаст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Дар он ҷо занонест нексирату зеборӯй.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигаратонро дурӯғ мешуморед?","Ҳуроне нигаҳдошташуда дар хаймаҳо.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамеву ҷинне ба онҳо даст назадааст.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Бар болишҳои сабзу фаршҳои, некӯ такя мезананд.","Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?","Бузург аст номи Парвардигори ту — он соҳиби бузургиву икром!","Чун қиёмат воқеъ шавад,","ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,","гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.","Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад","ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд","ва чун ғуборе пароканда гарданд,","шумо се гурӯҳ бошед:","яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?","Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?","Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).","Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд)","дар биҳиштҳои пурнеъмат.","Гурӯҳе аз пешиниён","ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд","бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)","рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.","Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд","бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист,","аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд.","Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд.","Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд,","Ва ҳурони дуруштчашм","ҳамонанди марворидҳое дар садаф.","Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд.","Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд","ҷуз як сухан: «Салом, салом!»","Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?","Дар зери дарахти сидри бехор","ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда","ва сояе доим","ва обе ҷорӣ","ва мевае бисёр,","ки бепоён ва касро аз он бознадоранд.","Ва фаршҳои баланд","Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ","ва душизагон сохтем.","Маъшуқи ҳамсарони худанд,","барои аҳли саъодат,","гурӯҳе аз пешиниён","ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд.","Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд?","Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд","дар сояе аз дуди сиёҳ","на сарду на хуш.","\"Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд.","ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд","ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд","ё ниёгони моро?»","Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд,","ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд.","Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда,","аз дарахтони заққум хоҳед хурд","ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард","ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид,","чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад.","Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо.","Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед?","Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?","Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?","Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки","ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.","Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?","Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?","Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?","Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед.","Гӯянд: «Мо зиён кардагонем,","мо бенасиб мондагонем».","Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?","Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем?.","Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед?","Оё он оташро, ки меафрузед дидаед?","Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?","Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем.","Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй!","Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон!","Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург.","Албатта ин Қуръонест гиромиқадр","дар китобе макнун,","ки ҷуз покон даст бар он назананд.","Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.","Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед?","Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед?","Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад","ва шумо дар ин ҳангом менигаред?","Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.","Агар қиёматро бовар надоред,","агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад)","Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад.","барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат.","Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад,","пас туро аз аҳли саъодат салом аст.","Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад,","ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд","ва ба дӯзахаш дароваранд.","Ин сухан сухане росту яқин аст!","Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй!","Худовандро тасбеҳ мегӯянд, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Ӯ ғолибу ҳаким аст!","Фарманравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва бар ҳар чиз тавоност.","Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботия ва Ӯ ба ҳар чизе доност!","Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арш пардохт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин борун ояд ва ҳар чиро аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!","Фармонравоии оомонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад.","Аз шаб мекоҳад (кӯтоҳ кунад) ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз мехоҳад ва ба шаб меафзояд. Ва ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.","Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расоядааст, инфоқ (садақа) кунед. Аз миёни шумо ҳар киро имон оварда ва инфоқ карда, музде фаровонаш диҳанд.","Чист шуморо, ки ба Худо имон намеоваред ва ҳол он ки паёмбар шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар бовар доред, аз шумо паймон гирифтааст?","Ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оёти, равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад. Зеро Худо ба шумо мушфиқу меҳрубон аст.","Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ намекунед ва ҳол он ки, аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо инҳо, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд, Дараҷати онон болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.","Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро мукофоте некӯ бошад?","Рӯзе, ки мардони мӯъмину занонимӯъминро бубинӣ, ки нурашон пешопеш ва дар самти росташон меравад. Дар он рӯз башорататон (хушхабаратон) ба биҳиштҳоест, ки дар он, наҳрҳо равон аст ва дар он ҷовид хоҳед монд ва ин комёбии бузургест.","Рӯзе, ки мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Гӯянд: «Ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад, даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб.","Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо, шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо худатонро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо даррасид ва шайтон ба Худо фиребатон кард.","Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»","Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробарӣ ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (моил, мутеъ, ҳозир) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд.","Бидонед, ки Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, бошад, ки ба ақл дарёбед!","Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзулҳасана медиҳанд, дучандон музд медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст.","Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби музду нури худанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд, дар ҷаҳаннаманд.","Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнудии Ӯ. Ва зиндагии дунё фақат матоъе фиребанда аст.","Барои расидан ба бахшоиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад, онро ато мекунад, ва Худо соҳиби бахшоише бузург аст.","Ҳар мусибате ба мол ё ба ҷонатон расад албатта пеш аз он ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст!","То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин набошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад.","онон, ки бахилӣ мекунанд ва мардумро ба бухл вомедоранд. Ва ҳар кӣ рӯйгардон мешавад, бидонад, ки Худо беҳоҷату сутуданист. (васф карданист).","Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобу тарозуро низ возил кардем, то мардум, ба адолат амал кунанд. Ва оҳанро, ки дар он нерӯе сахт ва фоидаҳое барои мардум аст, фурӯд овардем то Худо бидонад чӣ касе ба нодида Ӯ ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Зеро Худо тавонову ғолиб аст!","Мо Нӯҳу Иброҳимро ба пайғамбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Баъзеяшон ҳидоятёфтагон, буданд, вале бештаринашон нофармонон.","Сипас паёмбаронамонро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо бинни Марямро аз паи онҳо равона кардем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем. Ва руҳбонияте (узлат; гӯшанншинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммодар он хушнудии Худо меҷӯстанд, вале ҳаққи, онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, мукофот додем, вале бештаринашон нофармон буданд.","Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати худ ду бор музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, ки дар рӯшноии он роҳ биҷӯед ва шуморо бибахшояд, ки Худо бахшояндаи меҳрубон аст,","то аҳли китоб бидонанд, ки ба бахшоиши Худованд ҳеҷ дастрасӣ надоранд ва ин бахшоиш ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад ато мекунад ва Худоро бахшоише азим аст!"]