["Худо сухани занеро, ки дар бораи шавҳараш бо ту ба муҷодала омадааст ва ба Худо шиква мекунад, шунид. Ва Худо гуфтугӯи шуморо мешунавад, зеро шунавову биност!","Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳр (монанд кардани яке аз узвҳои зан бо узви модар, ки навъе аз қасам аст) мекунанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нестанд, модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд ва сухане нописанду дурӯғ аст, ки мегӯянд. Ва Худо аз гуноҳ он даргузаранда аст ва бахшоянда аст!","Онҳое, ки заношашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мещаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Аммо касоне, ки ғуломе наёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд. Ва он кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст, ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо, ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!","Касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) мекунанд, залилу хор мешаванд, ҳамчунон ки пешиниёнашон хор шудаанд. Мо, оёте равшан нозил кардем ва кофиронро азобест хоркунанда!","Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунанд, ононро аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо корҳои онҳоро шумора кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест!","Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани махфӣ) кунанд, Худованд чаҳорумини онҳост ва панч кас бошанд, Худованд шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, — ҳар ҷо ки бошанд, — ва бештар аз ин. Худо бо онҳост. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунад. Зеро Худо бар ҳама чиз огоҳ аст!","Оё онҳоро, ки аз наҷво манъ туда буданд, надидӣ, ки кореро, ки аз он манъ шуда буданд, аз сар гирифтанд ва боз ҳам барои гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд? Ва чун назди ту меоянд, ба гунае туро салом мегӯянд, ки Худо туро ба он гуна салом нагуфтааст ва дар дил мегӯянд: «Чаро Худо моро ба он чӣ мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофист. Ва он дохил мешаванд ва ин бад бозгаштест!","Эй касоне, ки имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво макунед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед. Аз он Худое, ки ҳамагон назди Ӯ ҷамъ меоед, битарсед,","Ҳар оина (албатта) наҷво кардан кори шайтон аст, ки мехоҳад мӯъминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармони худованд ба онҳо намерасонад, Ва мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккал кунанд!","Эй касоне, ки имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷолис ҷой боз кунед, ҷой боз кунед, то Худо дар кори шумо кушоиш диҳад, Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд, ба дараҷаҳо баланд бардорад, ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Эй касоне, ки имон овардаед, чун хоҳед, ки бо паёмбар наҷво кунед, пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед. Ин барои шумо беҳтару покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед, Худо бахшояндаву меҳрубон аст?","Оё тарсидед пеш аз наҷво кардан садақа бидиҳед? Ҳол, ки садақа надодаед ва Худо ҳам тавбаи шуморо пазируфтааст, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Оё надидаӣ он касонро, ки бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифта буд, дӯстӣ карданд? Инҳо на аз шумоянд ва на аз онҳо. Ва худ медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд.","Худо барояшон азобе сахт омода кардааст. Зеро корҳое. ки мекунанд, нописанд аст!","Аз савгандҳояшон сипаре сохтаанд. Ва аз роҳи Худо рӯйгардон шуданд. Пас барои онҳост азобе хоркунанда!","Молҳову авлодашон барояшон дар баробари хашми Худо нафъ накунад. Аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд,","Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро зинда мекунад, ҳамчунон ки барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хурд. Ва мепиндоранд, ки фоидае хоҳанд бурд. Огоҳ бошед, ки дурӯғгӯёнанд.","Шайтон бар онҳо чира (ғолиб) шудааст ва номи Худоро аз ёдашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд!","Касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат мекунанд, дар зумраи хоршудагонанд.","Худо муқаррар дошта, ки албатта, Ману паёмбаронам ғолиб мешавем! Зеро Худо тавонову ғолиб аст!","Намеёбӣ мардумеро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд, вале бо касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд, ҳарчанд, он мухолифон падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё қабилаи онҳо бошанд. Худо бар дилашон имонро навишта ва ба рӯҳе аз худ ёрияшон кардааст ва онҳоро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад. Дар он ҷо ҷовидона бошанд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо растагоронанд (наҷотёфтагон)!","Худовандро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Ва Ӯст ғолибу ҳаким!","Ӯст он Худое, ки нахустин бор касоне аз аҳли китобро, ки кофирон буданд, аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо намепиндоштед, ки берун раванд. Онҳо низ мепиндоштанд қалъаҳояшонро тавони он хаст, ки дар баробари Худо нигаҳдораон бошад, Худо аз сӯе, ки гумонашро намекарданд, бар онҳо азоб овард ва дар дилашон тарс андохт, чунон ки хонаҳои худро ба дасти худ ва ба дасти мӯъминон хароб мекарданд. Пас, эй соҳибақлҳо ибрат бигиред!","Агар Худр тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоб гирифторашон мекард ва дар охираташон азоби оташ аст.","Ва ин ба ҷазои он буд, ки бо Худову паёмбараш мухолифат карданд ва ҳар кӣ бо Худо мухолифат мекунад, бидонад, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!","Ҳар дарахти хурмоерр, ки буридед, ё онро бар решааш боқӣ гузоридед,, ба фармони Худо бувад, то нофармонон хор гарданд.","Ва он чӣ Худо аз дороияшон ба паёмбари худ ғанимат дод, шумо бо асп ё шутуре бар он натохта будед, балки Худо паёмбаронашро бар ҳар кӣ бихоҳад, ғолиб, месозад ва Худо бар ҳар чизе қодир, аст!","Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш кардааст, аз они Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, ки Худо сахтуқубат аст!","Низ ғаноим аз они муҳоҷирони (тарки Ватан кардагон) фақирест, ки аз сарзаминашон ронда шудаанд ва онҳо дар талаби фазлу хушнудии Худоянд ва Худову паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд","Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон, дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон мухоҷират кардаанд, дӯст медорад. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро бар худ ихтиёр мекунанд, ҳарчанд худ мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бахилии худ дар амон монда бошанд, наҷотёфтагонанд!","Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»","Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба ёрони худ аз аҳли китоб, ки кофир буданд, мегуфтанд: «Агар шуморо бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ба зиёни шумо ба ҳеҷ кас итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.","Агар онҳоро бадарға кунанд, бо онҳо берун нашааванд. Ва агар ба ҷангашон биёянд, ёриаатон намекунанд ва агар ҳам ба, ёриашон бархезанд, ба душман пушт мекунанд. Пас рӯи ёрӣ набинанд.","Тарси аз шумо дар дили онҳо бештар аз бими Худост. Зеро мардуме ҳастанд, ки ба фаҳм дарнамеёбанд.","Онон ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту якдил мепиндорияшон ва ҳол он ки дилҳошон аз ҳам ҷудост, ки мардуме бехираданд.","Монанди онҳое ҳастанд, ки чанде пеш вуболи гуноҳи худро чашиданд. Ва ба азобе дардовар низ гирифтор хоҳанд шуд.","Монанди шайтон, ки ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, гуфт: «Ман аз ту безорам. Ман аз Худо — он ПарварДигори ҷаҳониён метарсам!»","Саранҷомашон он шуд, ки ҳар ду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ин аст ҷазои ситамкорон!","Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ фиристодааст. Аз Худо битарсед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Аз он касон мабошед, ки Худоро фаромӯш кардард ва Худо низ чунон кард, то худро фаромӯш кунанд. Онҳо нофармонанд (фосиқонанд).","Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ зафарёфтагонанд.","Агар ин Қуръонро бар кӯҳ нозил мекардем, аз хавфи Худо онро тарсида ва шикофхӯрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурӯ раванд.","Ӯст Худои ягона ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст!","Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ худои дигаре ҷуз Ӯ нест, фармонравост, пок аст, дар саломат аз ҳар айб аст, эминибахш аст, нигаҳбон аст, ғолиб аст, боҷабарут (азамат) аст ва бузургвор аст. Ва аз ҳар ки барои Ӯ шарик карор медиҳанд, пок аст!","Ӯст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некӯ аз они Ӯст. Ҳарчи дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳгӯи Ӯ ҳастанд ва Ӯ ғолибу ҳаким аст!","Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр накунед. Шумо бо онон пайғоми дӯстӣ меафканед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки бар шумо омададст, имон надоранд. Ва ба он сабаб, ки ба Худо — Парвардигори худ имон оварда будед, паёмбар ва шуморо берун ронданд. Агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, дар ниҳон бо онҳо дӯстӣ накунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳтарам. Ва ҳар кӣ чунин кунад, аз роҳи рост гумроҳ гаштааст.","Агар бар шумо даст ёбанд, душманӣ мекунанд ва ба озоратон дасту зйбон мекушоянд ва дӯст доранд ки шумо низ кофир гардед.","Дар рӯзи қиёмат на хешовандон бароятои нафъ кунанд, на фарзандонатон. Худо миёнатон ҷудои меандозад ва амалҳоятонро мебинад.","Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд, он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд, ки мо аз шумо ва аз он чӣ ҷуз Худои якто мепарастед, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред, бароятон некӯ муқтадое (пешвое) буданд. Магар он гоҳ ки Иброҳим падарашро гуфт, ки барои ту бахшоиш металабам, зеро наметавонам азоби Худоро аз ту дафъ кунам. Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккал кардем ва ба Ту рӯй овардем ва ба сӯи туст бозгашт!","Эй Парвардигори мо, моро чунон макун, ки кофирон хор дорандамон. Ва моро бибахшо, ки Ту ғолибу ҳакимӣ!","Онҳо некӯ муқтадое (пешвое) ҳастанд барои шумо — барои касоне, ки ба Худову рӯзи қиёмат умед доранд. Ва ҳар кӣ рӯйгардон шавад. Худо беэҳтиёҷу соҳиби шукр аст!","Шояд Худо миёни шумову касоне, ки бо онҳо душманӣ мекунед, дӯстӣ падид оварад. Худо қодир аст ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст.","Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор. мекунанд, дӯст дорад.","Фақат Худо аз дӯстӣ кардан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзамини худ берунатон рондаанд ё дар берун ронданатон ҳамдастӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ кунад, аз ситамкорон хоҳад буд.","Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъмине, ки муҳоҷират (тарки Ватан) кардаанд, ба наздатон оянд, онҳоро бисанҷед. Худо ба имонашон донотар аст. Пас агар донистед, ки имон овардаанд, назди кофирон бозашон нагардонед. Зеро инҳо бар мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар онҳо ҳалол нестанд. Ва ҳар чӣ он кофирон барои ин гуна занон нафақа кардаанд, бипардозед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе накардаед. Ва занони кофири худро нигоҳ надоред. Ва ҳар чӣ нафақа кардаед, аз мардони кофир бихоҳед ва онҳо низ ҳар чӣ хазина (нафақа) кардаанд, аз шумо бихоҳанд. Ин ҳукми Худост. Худо миёни шумо ҳукм мекунад, ва Ӯ донову ҳаким аст!","Ва агар яке аз занони шумо ба кофирон пайваст ва он гоҳ ба интиқом аз кофирон бархостед, ба касоне, ки занонашон рафтаанд, ба миқдори нафақае, ки кардаанд, бипардозед ва аз Худое, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед!","Эй паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то баъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Худо шарик накунанд ва дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро, ки аз они шавҳарашон нест, ба дурӯғ ба ӯ нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Худо бахшоиш бихоҳ, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Эй каооне, ки имон овардаед, бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Инҳо аз охират ноумеданд, ҳамчунон ки он кофироне, ки инак дар гӯранд, аз охират ноумеданд.","Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмошҳову дар замин аст ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!","Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед, ки иҷро намекунед?","Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизе бигӯеду ба ҷой наёваред.","Худо дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи Ӯ саф кашида монанди деворе, ки хиштҳояшонро ба ҳам пайванд дода бошанд, меҷанганд.","Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро меозоред, ҳол он ки медонед, ки ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам?» Чун аз ҳақ рӯйгардон шуданд, Худо низ дилҳошонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.","Ва Исо бинни Марям гуфт: «Эй банӣ-Исроил, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо мӯъҷизаҳои равшан омад, гуфтанд: Ин ҷодуест ошкор!»","Кист золимтар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ мебандад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом даъйат мекунанд? Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.","Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури худ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.","Ӯст он Худое, ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, дарчанд мушриконро нохуш ояд.","Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ нишон диҳам?","Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷони худ ҷиҳод кунед. Ва ин барои шумо беҳтар аст, агар доно бошед.","Гуноҳони шуморо мебахшояд ва ба биҳиштҳое, ки дарунаш наҳрҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовид дохил мекунад ва ин пирӯзии бузургест.","Ва неъмате дигар, ки дӯсташ доред: нусратест (ёриест) аз ҷониби Худованд ва пирӯзии наздик мӯъминонро хабари хуш деҳ.","Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони Худо бошед, ҳамчунон ки Исо бинни Марям ба ҳавориён (ёварон) гуфт: «Чӣ касоне ёварони ман дар роҳи Худоянд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёварони Худо ҳастем». Пас гурӯҳе аз банӣ-Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, то ғолиб шуданд.","Худоро тасбеҳ гуянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, он фармонравои пок аз айбро, он ғолиби ҳакимро!","Ӯст Худое, ки ба миёни мардуме бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмузад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор буданд,","Ва бар гурӯҳе дигар аз онҳо, ки ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд. Ва Ӯст Ғолибу ҳаким!","Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст.","Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо дода шуда ва ба он амал намекунанд, мисли он хар аст, ки китобҳоеро мебардорад. Бад мисолест мисолм мардуме, ки оёти Худоро дурӯғ мешумурдаанд. Ва Худо золимонро ҳидоят намекунад.","Бигӯ: «Эй қавми яҳуд, ҳар гоҳ мепипдоред, ки шумо дӯстони Худо ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед!»","Ва онон ба сабаби амалҳое, ки пеш аз ин кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Ба Худо ба ситамкорон доност!","Бигӯ: «Он марге, ки аз он мегурезед, шуморо дархоҳад ёфт ва сипас назди он донои ниҳону ошкоро баргардонда мешавед, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳатон созад».","Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба намоз бишитобед ва доду гирифтро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.","Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед ва бисёр ёдаш кунед, бошад, ки наҷот ёбед!","Ва чун тиҷорате ё бозичае бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳанчунон истода раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозичаву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!","Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту паёмбари Худо ҳастӣ». Худо медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Худо шоҳидӣ медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯянд.","Аз савгандҳои худ сипаре сохтанд ва аз роҳи Худо боздоштанд ва ба ҳақиқат он чӣ мекунанд, нописанд аст.","Ин ба он сабаб аст, ки имон оварданд, сипас кофир шуданд. Худо низ бар дилҳошон мӯҳр ниҳод ва онон дарнамеёбанд.","Чун онҳоро бубинӣ, туро аз зоҳирашон хуш меояд ва чун сухан бигӯянд, ба суханашон гӯш медиҳӣ. Гӯё ки чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. Ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд. Аз онҳо ҳазар кун. Худояшон бикушад. Ба куҷо каҷрав мешаванд?","Чун ба онҳо гуфта шавад, ки биёед, то паёмбари Худо бароятон бахшоиш бихоҳад, сар мепечанд. Мебинӣ, ки рӯйгардониву такаббурӣ мекунанд.","Тафовуте накунад, чӣ барояшон бахшоиш бихоҳӣ, чӣ бахшоиш нахоҳӣ. Худояшон нахоҳад бахшид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!","Инҳо ҳамонҳоянд, ки мегӯянд: «Бар онҳо, ки гирди паёмбари Худоянд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол, он ки хазинаҳои осмонҳову замин аз они Худост, вале мунофиқон намефаҳманд!","Мегӯянд: «Чун ба Мадина, бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо берун хоҳанд кард». Иззат аз они Худову паёмбараш ва мӯъминон аст. Вале мунофиқон намедонанд.","Эй касоне, ки имон овардаед, молҳову авлодатон шуморо аз зикри Худо, ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст.","Аз он чӣ рӯзиятон додаем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке' аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд; «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»","Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намегузорад, Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва шукр сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност!","Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад!","Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид ва шуморо сурат баст ва некӯ сурат баст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст!","Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон медоред, ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доно аст!","Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати амалашонро чашиданд ва онҳорост азобе дардовар.","Ин ба ҷазои он буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд, Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас кофир шуданд ва рӯйгардон гаштанд ва Худо беҳоҷат асту тавонгар ва сазовори ситоиш аст.","Кофирон пиндоштанд, ки онҳоро зинда намекунанд. Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо зинда мекунанд, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳ, созанд. Ва ин бар Худо осон аст».","Пас ба Худову паёмбараш ва ин нур, ки нозил кардаем, имон биёваред. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!","Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар маҳшар ҷамъ оварад, он рӯз рӯзи зиён аст. Ва ҳар ки ба Худо имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мерезад ва ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳанд буд. Ин комёбии бузургест!","Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ бароварданд, аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам бад бозгаштест!","Ҳеҷ мусибате бе фармони Худо ба касе намерасад, Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад, Худо қалбашро ҳидоят мекунад,. Ва Худо ба ҳар чизе доност!","Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед. Пас агар шумо рӯй гардонед, бар фиристодаи Мо вазифае ғайри расонидани паёми ошкор нест.","Худо яктост, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Мӯъминон, албатта, бар Худои якто таваккал кунанд.","Эй касоне, ки имон овардаед, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кунед, Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашон пӯшида доред, Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки музди фаровон назди Худост.","То тавонед, аз Худо битарсед ва гӯш андозед ва итоъат кунед ва ба нафъи худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз ҳирси нафси худ дар амон мондаанд, наҷот ёфтагонанд.","Агар ба Худо қарзулҳасана садақа дар роҳи Худо диҳед, бароятон ду 'баробараш хоҳад кард. Ва шуморо мебахшояд, ки Ӯ шукркунандаву бурдбор аст.","Донои ниҳону ошкор аст, ғолибу ҳаким аст!","Эй паёмбар, агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро нигаҳ доред. Ва аз Худои якто—Парвардигорагош битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун накунед. Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту чӣ донӣ, шояд Худо аз ин пас амре тоза падид оварад.","Ва чун ба поёни муддат расиданд ё ба ваҷҳе некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳе некӯ аз онҳо ҷудо шавед ва ду тан одил аз худатонро ба гувоҳӣ гиред. Ва барои Худо гувоҳиро ба ростӣ адо кунед. Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд медиҳанд. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ роҳе барои берун шудаи қарор хоҳад дод","ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро кофист. Худо кори худро ба иҷро мерасонад ва ҳар чизро андозае қарор додааст.","Агар дар шубҳа ҳастед, аз миёни занонатон аз онҳое, ки аз ҳайз маъюс шудаанд ва онҳое, ки ҳанӯз ҳайз нашудаанд, иддаашон се моҳ аст. Ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, Худо корашро осон хоҳад кард.","Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, гуноҳонашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро музде бузург медиҳад.","Ҳар ҷо, ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавонии худ маскан диҳед. Ва то бар онҳо танг гиред, маёзоредашон. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро 'бидиҳед, то вазъи ҳамд кунанд. Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва ба ваҷҳе некӯ бо якдигар маслиҳат кунед. Ва агар мувофиқат накардед, аз зане дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.","Ҳар молдоре аз моли худ нафақа дихаҳд ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва ба зуди Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад.","Чӣ басо мардуми деҳае, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш бар боззаданд. Он гоҳ Мо сахт аз онҳо ҳисоб гирифтем ва ба азобе сангин азобашон кардем.","Пас уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.","Худованд барояшон азобе сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Худо бар шумо Қуръонро нозил кардааст.","Ва паёмбаре, ки оёти равшани Худоро бароятон мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикӣ ба рушноӣ оварад, Ва ҳар киро ба Худо имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое дароварад, ки дар он наҳрҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва Худо рӯзияшонро бепоён гардонад.","Худост, он ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фармони Ӯ миёни осмонҳову замин ҷорист, то бидонед, ки Худо ба ҳар чиз қодир аст ва ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад.","Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худо бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнуд сохтани занонат бар худ ҳаром мекунӣ? Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!","Худо барои шумо кушодани савганд ҳоятонро муқаррар дошта аст. Худост ёвари шумо ва Ӯст донову ҳаким!","Он гоҳ ки паёмбар бо яке аз занони худ розе дар миён ниҳод, чун он зан он роз бо дигаре бозгуфт. Худо паёмбарро аз он огоҳ сохт ва ӯ баъзе аз он розро бар он зан ошкор, кард ва аз ифшон баъзеи дигар рӯй тофт. Чун ӯро аз он хабар дод, гуфт: «Чӣ касе туро аз ин моҷаро огоҳ кардааст?» Гуфт: «Он Худои донои огоҳ ба ман хабар додааст».","Агар шумо ду зан тавба кунед, беҳтар аст, зеро дилҳоятон аз ҳақ бозгаштааст. Ва агар барои озораш ҳамдаст шавед, Худо ёвари ӯст ва низ Ҷабраил ва мӯъминони шоиставу фаришгагон аз он пас ёвари ӯ хоҳанд буд,","Шояд агар шуморо талоқ гӯяд, Парвардигораш ба ҷои шумо заноне, беҳтар аз шумояш бидиҳад. Заноне мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ибодаткунанда рӯзагиранда, хоҳ шавҳар карда, хоҳ бокира.","Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаи худро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳо ҳастанд, нигаҳ доред. Фариштагоне дуруштгуфтору сахтгир бар он оташ муваккаланд (вазифадор). Ҳар чӣ Худо бигӯяд, нофармонӣ намекунанд ва ҳамон мекунанд, ки ба он амр шудаанд.","Эй кофирон, дар он рӯз узр махоҳед. Фақат баробари коре, ки кардаед, ҷазо дода шавед.","Эй касоне, ки имон овардаед, ба даргоҳи Худо тавба кунед, тавбае аз рӯи ихлос. Бошад, ки Парвардигоратон гуноҳонатонро маҳв (дур) кунад ва шуморо ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он рӯз Худо паёмбар ва касонеро, ки бо ӯ имон овардаанд, хору зор накунад ва нурашон пешопеш ва самти росташон дар ҳаракат бошад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо ба камол расон ва моро бибахшой, ки Ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!»","Эй паёмбар, ба кофирону мунофиқон: чиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннаад аст, ки бад ҷои бозгашт аст!","Худо барои кофирон мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он ду хиёнат карданд, Ва онҳо натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва гуфта шуд: «Бо дигарон ба оташ дароед!»","Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди Худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми золим бираҳон!»","Ва Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи худро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. Ва ӯ калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ӯ аз фармонбардорон буд."]