["Аллоҳ таоло сухани он занро шунид, ки бо ту дар бораи шавҳараш суҳбат мекард ва ба Аллоҳ таоло шикоят мебурд. Аллоҳ таоло гуфтугӯи шуморо мешунавад, чаро ки Аллоҳ таоло шунавои биност","Касоне аз шумо, ки ҳамсарони хешро [аз лиҳози ҳурмати ҳамбистарӣ ҳамчун] модари худ талаққӣ мекунанд, [бидонанд, ки] он занон ҳаргиз модаронашон нахоҳанд буд; модарони эшон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онон сухане нописанд ва ноҳақ мегӯянд ва [агар тавба кунанд] Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст","Касоне, ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чи гуфтаанд, бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам бардаеро озод кунанд. Ин ҳукмест, ки ба он [панду] андарз дода мешавед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст","Пас, касе, ки [бардаеро] наёбад, пеш аз омезиши ҷинсӣ ду моҳ паёпай рӯза бигирад ва касе, ки наметавонад [рӯза бигирад, дар он сурат] бояд шаст мискинро таом диҳад. Ин [каффора] барои он аст, ки ба Аллоҳ таоло ва расулаш имон биёваред ва инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст ва барои кофирон азоби дардноке [дар пеш] аст","Ҳамоно касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш душманӣ мекунанд, хор [-у залил] мешаванд, ҳамон гуна ки пешиниёни онҳо низ хор [-у залил] шуданд ва ба ростӣ, Мо оёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст","Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи онҳоро [аз гӯр] бармеангезад, сипас онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад, [ҳамон аъмоле, ки] Аллоҳ таоло ҳисоби онро нигаҳ дошта, аммо онҳо фаромӯшаш кардаанд ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ [ва нозир] аст","Магар надидаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад? Ҳеҷ наҷвое миёни се нафар набошад, магар он ки Ӯ чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ нафар, магар он ки Ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин [адад] на бештар, магар он ки ҳар куҷо бошанд, Ӯ ҳамроҳи онҳост. Сипас рӯзи қиёмат онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност","[Эй Паёмбар,] магар надидаӣ касонеро, ки аз наҷво наҳй шуданд, сипас ба он чӣ аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва ба гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд ва ҳангоме ки назди ту меоянд, ба наҷво ба ту дуруд мефиристанд, ки [ҳатто] Аллоҳ таоло бо он [калимот] ба ту дуруду салом нагуфтааст; ва [онҳо] дар дили худ мегӯянд: «Чаро Аллоҳ таоло моро ба [кайфари] он чи мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофӣ аст, [ки] ба он ворид мешаванд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо якдигар наҷво мекунед, ба қасди гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз расул наҷво накунед ва ба некӣ ва парҳезгорӣ наҷво кунед ва аз Аллоҳ таоло битарсед, ки ба сӯи Ӯ ҳашр хоҳед шуд.","Ҷуз ин нест, ки сухани пинҳоне [ки муҷиби гуноҳ ва душманӣ мегардад] аз сӯи шайтон аст, то касонеро, ки имон овардаанд, [бо онҳо гирифтор кунад ва дар натиҷа] андӯҳгин созад ва [ҳол он ки ӯ] ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло наметавонад ҳеҷ зараре ба онон бирасонад; пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки ба шумо гуфта шавад: «Дар маҷолис ҷо боз кунед», пас, [ҷо] боз кунед [ки бо ин кор] Аллоҳ таоло барои шумо кушоиш меоварад ва ҳангоме ки гуфта шавад: «Бархезед», пас, бархезед. Аллоҳ таоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки мехоҳед бо расулуллоҳ наҷво кунед, пеш аз наҷвоятон садақае [дар роҳи Аллоҳ таоло] бидиҳед. Ин [кор] барои шумо беҳтару покизатар аст. Аммо агар чизе наёфтед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст","Оё [аз фақр] тарсидед, ки пеш аз наҷвоятон садақаҳое диҳед? Ҳол ки чунин накардед ва Аллоҳ таоло аз шумо даргузашт, пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед, ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст.","[Эй Паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ карданд, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] кардааст; онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон [яҳудиён]; ва ба дурӯғ савганд ёд мекунанд [ки мусулмонанд], дар ҳоле ки худ медонанд [ки мунофиқанд].","Аллоҳ таоло азоби сахте барои онҳо омода кардааст, чаро ки бе гумон, аъмоли баде анҷом медоданд","Онҳо савгандҳои худро сипар [-и бало] қарор доданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд; пас, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд.","Ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онҳо дафъ нахоҳад кард. Онҳо аҳл [-и оташ]-и дузаханд ва ҷовидона дар он мемонанд","Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд","Шайтон бар онҳо чира шуда ва ёди Аллоҳро аз хотирашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтон ҳастанд ва огоҳ бошед [ва бидонед], ки ҳизби шайтон зиёнкоранд","Бе гумон, касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] мекунанд, дар зумраи хортарин [афрод]-анд","Аллоҳ таоло муқаррар доштааст, ки «яқинан, ману расулонам пирӯз мешавем». Бе гумон, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст.","[Эй Паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ таоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ таоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ таоло растагоранд","Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст","Ӯст, ки касоне аз аҳли китобро, ки кофир шуданд, бо нахустин бархӯрд [ва гирдоварии лашкар] аз диёрашон берун ронд. Гумон намекардед, ки онҳо хориҷ шуданд ва худашон [низ] гумон мекарданд, ки дижҳо [-и муҳкам]а-шон онҳоро аз [азоби] Аллоҳ таоло монеъ мешавад; пас, [азоби] Аллоҳ таоло аз ҷойе, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, [ба гунае ки] хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти муъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони биниш, ибрат гиред","Агар Аллоҳ таоло тарки ватан [ва оворагӣ]-ро бар онон муқаррар надошта буд, яқинан ононро дар [ҳамин] дунё азоб мекард ва барои эшон дар охират азоби оташ [-и ҷаҳаннам] аст","Ин [оворагӣ ва азоб] ба хотири он аст, ки онҳо бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] карданд ва ҳар кас бо Аллоҳ таоло мухолифат [ва душманӣ] кунад, бе гумон, Аллоҳ таоло сахткайфар аст","Он чи аз дарахти хурмо буридед ва ё онро истода бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ таоло буд, то фосиқонро хор [-у расво] созад.","Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] онҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, пас, бар он [амвол] на аспе тохтед ва на шутуре; вале Аллоҳ таоло расулонашро бар ҳар кас, ки бихоҳад, чира мегардонад ва Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност","Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст","[Ин амвол] Барои фуқарои муҳоҷире аст, ки аз хона ва амволашон берун ронда шуданд, аз Аллоҳ таоло фазл ва хушнудӣ металабанд ва Аллоҳ таоло ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд. Онҳо ростгӯёнанд","Ва [низ] касоне, ки пеш аз онон дар диёри ислом [Мадина] ҷой гирифта ва имон овардаанд, афродеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат мекунанд, дӯст доранд ва дар дилҳои худ аз он чи [ба муҳоҷирон] дода шуда, эҳсоси ҳасад [ва ниёз] намекунанд ва эшонро бар худ муқаддам медоранд, ҳатто агар худ ниёзманд бошанд; ва касоне, ки аз бухл [-у ҳирс]-и нафси хеш дар амон бимонанд [ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунанд], онон растагоранд","Ва [низ] Касоне, ки пас аз онҳо [пас аз муҳоҷирону ансор] омадаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, кинае қарор мадеҳ. Парвардигоро, бе гумон, Ту дилсӯзи меҳрубонӣ»","Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд","Агар онҳо [яҳудиён]-ро [аз ватанашон] берун кунанд, эшон ҳамроҳи онон берун намераванд ва агар бо онҳо ҷанг шавад, ёриашон нахоҳанд кард ва агар [ҳам] ёриашон кунанд, албатта, пушт [ба майдон] карда, фирор мекунанд ва дигар ёрӣ дода намешаванд","[Эй муъминон] Шумо, ҳатман, дар дилҳои онон беш аз Аллоҳ таоло мояи ҳаросед, зеро онон мардумоне ҳастанд, ки намефаҳманд","Онҳо [яҳудиён] ҳаргиз дастаҷамъӣ бо шумо намеҷанганд, магар дар рустоҳо [ва дижҳо]-и муҳкам ё аз пушти деворҳо. Ҷангашон дар миёни худашон сахт аст. Ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар холе ки дилҳояшон пароканда аст, зеро онҳо қавме ҳастанд, ки намеандешанд","[Достони ин яҳудиён] Монанди [достони] касонест, ки андаке пеш аз онон буданд [ва дар воқеаи Бадр] сазои кор [-и бад]-и худро чашиданд ва барои эшон азоби дардноке [дар пеш] аст","Ҳамчун [достони] шайтон аст, ҳангоме ки ба инсон гуфт: «Кофир шав»; пас, чун кофир шуд, [ба ӯ] гуфт: «Ман аз ту безорам, [чаро ки] ман аз Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – метарсам»","Пас, саранҷом [-и кор]-и онҳо ин шуд, ки онҳо ҳар ду дар оташи [дузах] хоҳанд буд. Ҷовидона дар он мемонанд ва ин аст кайфари ситамгорон.","Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо чи пеш фиристодааст ва аз Аллоҳ таоло битарсед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст","Ва ҳамчун касоне набошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд, пас, Аллоҳ таоло [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ сохт. Онҳо [бадкору] нофармонанд","Ҳаргиз аҳли ҷаҳаннам ва аҳли биҳишт яксон нестанд. Аҳли биҳишт растагоранд","Агар ин Қуръонро бар кӯҳе нозил мекардем, яқинан, онро аз тарси Аллоҳ таоло фурутан ва аз ҳам пошида медидӣ; ва ин масалҳоро барои мардум мезанем, бошад, ки бияндешанд.","Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ростин] нест; донои ғайб ва ошкор аст; Ӯ бахшандаи меҳрубон аст","Ӯ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ маъбуде [баҳақ] нест; [Ӯст] фармонраво, муназзаҳ, беайб ва нуқс, тасдиқкунандаи паёмбаронаш, муроқиб [-и аъмоли бандагонаш], қудратманди шикастнопазир, шукӯҳманду шикастдиҳандаи мутлақ, воломақому шоистаи азамат. Аллоҳ таоло аз он чи [барои Ӯ] шарик меоваранд, поку муназзаҳ аст","Ӯ Аллоҳ таоло аст: холиқи ҳастӣ, офаридгори он аз нестӣ [ва] шаклдиҳандаи махлуқот; номҳои нек барои Ӯст. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ қудратманди шикастнопазир [ва] ҳаким аст.","Эй касоне, ки имон овардаед, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби хушнудии Ман аз [ватани худ] берун омадаед, душмани Ману душмани худатонро дӯст магиред, ки ба онҳо меҳрубонӣ кунӣ; ва ҳол он ки онон ба дини ҳаққе, ки барои шумо омадааст, куфру инкор варзидаанд ва паёмбар ва шуморо овора кардаанд; чаро ки ба Аллоҳ таоло – Парвардигоратон – имон доред. Шумо пинҳонӣ бо онҳо пайванди дӯстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле ки Ман ба он чи ки пинҳон медоред ва он чи ки ошкор месозед, донотарам; ва ҳар кас аз шумо, ки чунин [коре] кунад, яқинан роҳи ростро гум кардааст.","Агар онҳо бар шумо даст ёбанд, душманонатон хоҳанд буд ва ба озоратон дасту забон мекушоянд ва дӯст доранд, ки шумо [низ] кофир гардед","Рӯзи қиёмат ҳаргиз хешовандонатон ва фарзандонатон ба ҳолатон суде нахоҳанд дошт. Аллоҳ таоло дар миёни шумо ҷудоӣ меандозад ва Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, биност","Яқинан барои шумо дар [зиндагии] Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд, сармашқи хубе вуҷуд дорад; он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва аз он чи ғайр аз Аллоҳ таоло мепарастед, безорем; ба шумо кофир шудаем ва миёни мо ва шумо душманӣ ва кинаи ҳамешагӣ падид омадааст, то вақте ки ба Аллоҳи ягона имон оваред», магар он сухани Иброҳим, ки ба падараш [Озар] гуфт: «Ман бароят омурзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ таоло барои ту ихтиёри чизеро надорам». Парвардигоро, бар Ту таваккал кардем ва ба сӯйи Ту рӯй овардем ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Туст.","Парвардигоро, моро дастхуши [фитнаи] кофирон қарор мадеҳ ва моро биёмурз эй Парвардигори мо; ҳамоно Ту пирӯзманди ҳакимӣ»","Мусалламан барои шумо дар [зиндагии] онҳо [Иброҳим ва ёронаш] сармашқи хубе аст, барои касоне, ки умед ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат доранд; ва ҳар кас рӯйгардон шавад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст","Чи басо Аллоҳ таоло миёни шумо ва касоне [аз мушрикин], ки бо онҳо душманӣ доштаед, [пайванди] дӯстӣ [ва муҳаббат] барқарор кунад; ва Аллоҳ таоло тавоност; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.","Аллоҳ таоло шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар [амри] дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, наҳй намекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло адолатпешагонро дӯст медорад","[Ӯ] Танҳо шуморо аз дӯстӣ бо касоне наҳй мекунад, ки дар [амри] дин бо шумо ҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун кардаанд ва бар берун рондани шумо [ба дигарон] кумак кардаанд; ва ҳар кас бо онон дӯстӣ кунад, ононанд, ки ситамгоронанд.","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки занони муъмини муҳоҷир ба назди шумо меоянд, онҳоро биозмоед; Аллоҳ таоло ба имонашон донотар аст. Пас, агар онҳоро [занони] муъмин ёфтед, эшонро ба сӯйи кофирон бознагардонед. На он занон бар эшон [кофирон] ҳалоланд ва на он [мардон] бар ин занони ҳалол; ва ҳар чи [шавҳарони кофир] харҷи [ин занон] кардаанд, ба онҳо бидиҳед; ва бар шумо гуноҳе нест, ки пас аз он ки маҳрияҳояшонро пардохтед, бо онон издивоҷ кунед; ва ба [нигаҳ доштани пайванди заношӯӣ бо] занони кофир дил набандед; [ва чун занони шумо назди онон раванд, раҳояшон кунед] ва он чиро харҷ кардаед, [аз эшон] мутолиба кунед; ва [кофирон низ] он чиро харҷ кардаанд, мутолиба кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ таоло аст, ки дар миёни шумо доварӣ мекунад; ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст","Агар яке аз ҳамсарони шумо ба сӯйи кофирон рафт, он гоҳ шумо [дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва] ба интиқом аз кофирон бархостед, пас, ба касоне, ки ҳамсаронашон [ба сӯйи куффор] рафтаанд, ҳаммонанди он чиро, ки харҷ кардаанд, [аз ғаноим] бипардозед; ва аз Аллоҳе, ки шумо ба Ӯ имон доред, парво кунед","Эй Паёмбар, ҳангоме ки занони муъмин назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро бо Аллоҳ таоло шарик насозанд ва дуздӣ накунанд ва муртакиби зино нашаванд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро ба дурӯғ ба шавҳаронашон нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек аз ту нофармонӣ накунанд, бо онон байъат кун ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст","Эй касоне, ки имон овардаед, бо қавме, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] гирифтааст, дӯстӣ накунед. Онҳо аз охират маъюсанд, ҳамон гуна ки кофирон аз гӯрхуфтагон [мурдагони дар гӯристон дафншуда] маъюсанд","Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст","Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки [ба он] амал намекунед?","Назди Аллоҳ таоло сахт нописанд [ва муҷиби хашм] аст, ки чизеро бигӯед, ки [ба он] амал намекунед.","Бе гумон, Аллоҳ таоло касонеро, ки чун бинои оҳанин саф баста [ва] дар роҳи Ӯ пайкор мекунанд, дӯст медорад","Ва [эй Паёмбар, ба ёд овар] ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро озор [ва азият] мерасонед, дар ҳоле ки медонед, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯи шумо ҳастам?». Пас, чун онон [аз ҳақ] мунҳариф шуданд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро мунҳариф сохт; ва Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад.","Ва [ёдовар бош] ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: «Эй Бани Исроил, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи шумо ҳастам. Он чи аз Таврот, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва [низ] муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва номаш «Аҳмад» аст». Пас ҳангоме ки ӯ [Аҳмад] бо муъҷизаҳо [ва далоили равшан] ба сӯи онон омад, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкор аст».","Чи касе ситамгортар аз он касе аст, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бубандад, дар ҳоле ки ба [дини] ислом даъват мешавад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад.","Онҳо мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳони худ хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло комилкунандаи нури хеш аст; ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд.","Ӯст, ки Паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд","Эй касоне, ки имон овардаед, оё [мехоҳед] шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад?","Ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин [кор] барои шумо беҳтар аст.","[Агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборон аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва дар хонаҳои покиза дар биҳишт ҷовидон [ҷой медиҳад]. Ин комёбии бузурге аст.","Ва [неъмати] дигаре, ки онро дӯст доред, [низ ба шумо иноят мефармояд, ки ҳамоно] ёрӣ аз сӯйи Аллоҳ таоло ва пирӯзии наздик аст; ва муъминонро [ба ин пирӯзӣ] башорат деҳ.","Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони [дини] Аллоҳ таоло бошед; ҳамон гуна ки Исо – писари Марям – ба ҳавориюн гуфт: «Чи касоне ёварони ман [дар даъват] ба сӯи Аллоҳ таоло ҳастанд?». Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем». Пас, гурӯҳе аз Бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Он гоҳ мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон неру [ва тавоноӣ] додем, ва саранҷом пирӯз шуданд","Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд; [Аллоҳ таоло] ки фармонраво, муназзаҳ [ва] пирӯзманду ҳаким аст","Ӯст, ки аз миёни бесаводон Паёмбаре аз миёни худашон барангехт, ки оятҳояшро бар онҳо бихонад ва эшонро пок гардонад ва ба онон Китоб [Қуръон] ва ҳикмат биёмӯзад; агарчи пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд","Ва [ин Паёмбар] бар гурӯҳи дигаре аз онон [низ мабъус шудааст], ки ҳанӯз ба онҳо [наслҳои пешин] напайвастаанд; ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст","Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло дорои фазли азим аст","Масали касоне, ки [амал ба] Таврот ба онон таклиф шуд, вале онро [чунончи бояду шояд] риоя накарданд, ҳамчун харест, ки китобҳоеро ҳамл мекунад [аммо аз он чизе намефаҳмад]. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оёти илоҳиро такзиб карданд! Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад","Бигӯ: «Эй яҳудиён, агар гумон доред, ки [танҳо] шумо дӯстони Аллоҳ таоло ҳастед, на мардуми дигар, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед»","Вале онҳо ба хотири он чи аз пеш фиристодаанд, ҳаргиз он орзуро нахоҳанд кард; ва Аллоҳ таоло [аз ҳоли] ситамгорон огоҳ аст","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Он марге, ки аз он фирор мекунед, яқинан, ба шумо хоҳад расид, сипас ба сӯйи [Аллоҳ таоло он] донои ғайб ва ошкор бозгардонда мешавед; он гоҳ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ месозад»","Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст","Пас, ҳангоме ки намоз поён ёфт, [барои касби ризқу рӯзӣ] дар замин пароканда шавед ва аз фазли Аллоҳ таоло талаб кунед; ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то растагор шавед","[Эй Паёмбар, бархе аз ин мардум] Ҳангоме ки тиҷорат ё саргармие бубинанд, [аз атрофи ту] ба сӯйи он пароканда мешаванд ва туро истода [бар минбар] раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чи дар назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар аз саргармӣ ва тиҷорат аст; ва Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст»","Ҳангоме ки мунофиқон назди ту оянд, [савганд мехӯранд ва] мегӯянд: «Мо гувоҳӣ медиҳем, ки, яқинан, ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ»; ва Аллоҳ таоло медонад, ки бе гумон, ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд","Онҳо савгандҳои худро сипар қарор доданд, пас, [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд. Ростӣ, ки онон чи бад мекунанд!","Ин бад-он хотир аст, ки онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуда, пас, дарнамеёбанд","Ва ҳангоме ки онҳоро бубинӣ, ҷисм [ва чеҳра]-ашон туро ба шигифт оварад ва агар [сухан] гӯянд, [ба хотири фасоҳати каломашон] ба суханонашон гӯш медиҳӣ. Гӯё, онҳо чӯбҳои такядода ба деворанд, ҳар бонгеро алайҳи худ мепиндоранд. Онон душман [-и ҳақиқӣ] ҳастанд; пас, аз онон бар ҳазар бош. Аллоҳ таоло онҳоро бикушад! Чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?","Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд","Барои онҳо яксон аст, ки барояшон омурзиш бихоҳӣ ё нахоҳӣ; Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намебахшад. Бе гумон, Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад","Онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба онон, ки назди Расулуллоҳ ҳастанд, [чизе] инфоқ накунед, то [аз гирди ӯ] пароканда шаванд; ҳоло онки ганҷинаҳои осмон ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, вале мунофиқон дарнамеёбанд","Онҳо мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, яқинан соҳибони иззат фурумоягонро аз он ҷо берун мекунанд»; дар ҳоле ки иззат аз они Аллоҳ таоло ва фиристодаи Ӯ ва муъминон аст; вале мунофиқон намедонанд","Эй касоне, ки имон овардаед, амволу фарзандонатон шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ғофил накунад; ва ҳар кас, ки чунин кунад, онон зиёнкоранд","Ва аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, пеш аз он ки марг ба суроғи яке аз шумо ояд ва бигӯяд: «Парвардигоро, эй кош [марги] маро муддати каме ба таъхир меандохтӣ, то [дар роҳи ту] садақа диҳам ва аз накукорон бошам»","Ва[-ле] ҳар кас аҷалаш фаро расад, ҳаргиз Аллоҳ таоло [онро] ба таъхир намеандозад, ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст","Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, ҳама тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва сипос [-у ситоиш низ] аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност","Ӯст, ки шуморо офарид; пас, [гурӯҳе] аз шумо кофиранд ва [гурӯҳе] аз шумо муъмин ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст","Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва шуморо [дар раҳими модаронатон] шаклу сурат бахшид. Пас, шаклу сурататонро наку [ва зебо] гардонд, ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст","Он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон медоред ва он чиро ки ошкор мекунед, [низ] медонад; ва Аллоҳ таоло аз он чи дар синаҳост, огоҳ аст","Оё хабари касонеро, ки пеш аз ин кофир шуданд, ба шумо нарасидааст? Онҳо [таъми] кайфари кори худро чашиданд ва азоби дардноке хоҳанд дошт","Ин бад-он сабаб аст, ки паёмбаронашон бо муъҷизот [ва далоили равшан] ба сӯйи онон омаданд, пас, [онҳо аз рӯи такаббур] гуфтанд: «Оё башаре [монанди мо] мехоҳад ҳидоятамон кунад?». Он гоҳ кофир шуданд ва рӯй гардонданд ва Аллоҳ таоло [аз онон ва имонашон] бениёз буд; ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст","Касоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: «Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст»","Пас, ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва нуре, ки нозил кардаем, имон биёваред; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст.","Рӯзе, ки ҳамаи шуморо [дар маҳшар] гирд меоварад. Он рӯз рӯзи зиёнкоре аст ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, гуноҳони ӯро мебахшад ва ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд. Ин комёбии бузург аст.","Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти Моро такзиб карданд, онон аҳли оташ [-и дузах]-анд ва ҷовидона дар он мемонанд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!","Ҳеҷ мусибате [ба инсон] намерасад, магар ба ҳукм [-у фармони] Аллоҳ таоло; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад, [Аллоҳ таоло] қалбашро ҳидоят мекунад; ва Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност.","Аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва расулро [низ] итоат кунед. Пас, агар рӯй бигардонед, [бидонед, ки] фиристодаи Мо вазифае ҷуз иблоғи ошкор надорад.","Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; пас муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд.","Эй касоне, ки имон овардаед, ба ростӣ, ки [баъзе] аз ҳамсаронатон ва фарзандонатон душманони шумо ҳастанд; пас, аз онҳо барҳазар бошед; ва агар афв кунед ва чашм бипӯшед ва бибахшед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.","Ҷуз ин нест, ки амволу фарзандонатон василаи омурзиши [шумо] ҳастанд; ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши бузург назди Ӯст.","Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ҳақро] бишнавед ва фармон баред ва инфоқ кунед, ки барои худи шумо беҳтар аст; ва касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш дар амон бимонанд, ононанд, ки растагоранд.","Агар ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед, онро барои шумо афзун мекунад ва шуморо меомурзад; ва Аллоҳ таоло қадршиноси бурдбор аст.","[Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст","Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]","Пас, чун [онҳоро талоқ додед ва] иддаашон ба сар расид, эшонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед; ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ бигиред ва шаҳодатро барои Аллоҳ таоло барпо доред. Ин [ҳукме аст], ки ҳар кас ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он панду андарз дода мешавад; ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ таоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад","Ва ӯро аз ҷойе, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад; ва ҳар кас бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст. Бе гумон, Аллоҳ таоло фармони худро ба анҷом мерасонад. Мусалламан, Аллоҳ таоло барои ҳар чизе андозае қарор додааст.","Ва касоне аз занонатон, ки аз одати моҳона маъюс шудаанд, агар [ба бордории онон] шак кардед, иддаи онон се моҳ аст ва [низ] онҳо, ки ҳайз нашудаанд ва иддаи занони бордор ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло битарсад корашро барояш осон месозад","Ин фармони Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо нозил кардааст; ва ҳар кас аз Аллоҳ таоло парво кунад, Аллоҳ таоло гуноҳҳояшро аз ӯ мезудояд [ва мебахшад] ва подоши ӯро бузург мегардонад","Онон [занони муталлақа]-ро дар ҳадди тавони худ ҳар ҷо ки худатон сукунат доред, [ва дар тавонии шумост] сукунат диҳед ва ба онҳо зиён нарасонед, то [арсаро] бар онон танг кунед [ва пеш аз поёни идда маҷбур ба тарки манзил шаванд] ва агар бордор ҳастанд, нафақаи онҳоро бидиҳед, то вазъи ҳамл кунанд. Пас, агар [фарзандатонро] барои шумо шир медиҳанд, муздашонро бипардозед ва [ин корро] ба некӣ ва бо машварати ҳамдигар анҷом диҳед; ва агар ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигаре [ба дархости шавҳар] ӯро шир диҳад","Онон, ки доро [ва сарватманд] ҳастанд, бояд аз дороӣ [ва сарвати] худ инфоқ кунанд ва касе, ки тангдаст аст, бояд аз он чи ки Аллоҳ таоло ба ӯ дода инфоқ кунад. Аллоҳ таоло ҳеҷ касро ҷуз ба он андоза, ки ба ӯ [тавон] додааст, мукаллаф намекунад. Аллоҳ таоло ба зудӣ баъд аз сахтӣ [ва тангдастӣ] осонӣ [ва кушоиш] қарор медиҳад","Чи бисёр [аҳолии] шаҳрҳо, ки аз фармони Парвардигорашон ва [фармони] паёмбаронаш сарпечӣ карданд; пас, Мо ба шиддат аз онҳо ҳисоб кашидем ва ба азобе сахт [ва саҳмнок] азобашон кардем.","Пас онон кайфари кори худро чашиданд ва саранҷоми корашон зиён буд.","Аллоҳ таоло азоби сахте барояшон муҳайё кардааст. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед. Ҳамоно Аллоҳ таоло зикр [Қуръон]-ро ба сӯйи шумо нозил кардааст","[Ва низ] Паёмбаре [фиристода], ки оёти равшани Аллоҳро бар шумо мехонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он бимонанд. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ризқу рӯзиашро наку гардонидааст","Аллоҳ таоло аст, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин [низ] ҳаммонанди онҳоро [офарид] ва фармони [Аллоҳ таоло] пайваста дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чиз тавоност ва ин ки илми Аллоҳ таоло бар ҳама чиз иҳота дорад","Эй Паёмбар, чаро чизеро, ки Аллоҳ таоло бар ту ҳалол кардааст, ба хотири хушнудии ҳамсаронат [бар худ] ҳаром мекунӣ? Ва [бидон, ки дар ҳама ҳол] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст.","Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикасти савгандҳоятонро [бо додани каффора] бар шумо раво доштааст; ва Аллоҳ таоло дӯстдори шумост ва Ӯ донои ҳаким аст.","Ва ҳангоме ки Паёмбар ба баъзе аз ҳамсаронаш суханонеро ба роз гуфт, пас, чун [он ҳамсар] онро [ба дигаре] хабар дод ва Аллоҳ таоло ӯ [Паёмбар]-ро бар он огоҳ кард, қисмате аз онро барои ӯ баён кард ва аз қисмате [дигар] худдорӣ намуд. Пас, ҳангоме ки [паёмбар] ӯро аз он хабар дод, [он зан] гуфт: «Чи касе инро ба ту хабар додааст?». [Паёмбар] Гуфт: «[Аллоҳи] донои огоҳ маро хабар додааст»","[Эй ҳамсарони паёмбар] агар шумо ду нафар ба даргоҳи Аллоҳ таоло тавба кунед [ба суди шумост]; бе гумон, дилҳоятон [аз ҳақ] мунҳариф гаштааст ва агар шумо ду нафар бар алайҳи ӯ ҳамдаст [муттафиқ] шавед, [бидонед] ки Аллоҳ таоло дӯсту ёвари ӯст ва [низ] Ҷабраил ва мардумони шоиста – аз муъминону фариштагон – [низ] баъд аз он пуштибон [мададгори ӯ] ҳастанд","Чи басо агар шуморо талоқ диҳад, Парвардигораш ҳамсароне беҳтар аз шумо барояш ҷойгузин кунад, [ки] дӯшизагон ё занони мусулмон, муъмин, фармонбардор, тавбакор, ибодатгар [ва] рӯзадор бошанд","Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуму сангҳост нигаҳ доред; [оташе, ки] бар он фариштагони хашин ва сахтгир [гуморида шудаанд], ки ҳаргиз аз Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи ба онон фармон дода, нофармонӣ намекунанд ва ҳар чи фармон меёбанд, анҷом медиҳанд.","Эй касоне, ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед. Ҷуз ин нест, ки дар баробари он чи мекардед, ҷазо дода мешавед","Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ таоло тавба кунед, тавбае холисона. Умед аст Парвардигоратон гуноҳонатонро аз шумо бизудояд ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Дар рӯзе ки Аллоҳ таоло Паёмбар ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ эмон овардаанд хор намекунад. Нурашон пешопеши онон ба самти росташон дар ҳаракат аст, мегӯянд: «Парвардигоро, нури моро ба тамом [ва камол] бирасон ва моро биёмурз. Бе гумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ».","Эй Паёмбар, бо кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст; ва чи бад ҷойгоҳе аст!","Аллоҳ таоло барои касоне, ки кофир шудаанд, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро масал задааст, ки он ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд, пас, ба он ду хиёнат карданд ва [он ду бандаи солеҳ] натавонистанд, чизе аз [азоби] Аллоҳро аз он ду [зан] дафъ кунанд ва [ба онҳо] гуфта шуд: «Ҳамроҳи воридшавандагони ба оташи [ҷаҳаннам шумо низ] ворид шавед»","Аллоҳ таоло барои касоне, ки имон овардаанд, ҳамсари Фиръавн [Осия]-ро масал задааст, ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, хонае бароям назди худ дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдораш наҷот бидеҳ ва маро аз қавми ситамгар раҳоӣ бахш»","Ва [низ] Марям – духтари Имрон – ро [масал задааст], ки шармгоҳи хешро [пок] нигаҳ дошт, пас, Мо аз рӯҳи худ дар он дамидем ва [ӯ] калимоти Парвардигораш ва китобҳои Ӯро тасдиқ кард ва аз фармонбардорон буд"]