["Пурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност","[Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст","Он ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ?","Бори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад","Ба ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем","Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст!","Ҳангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад","Аз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?»","Мегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед»","Ва [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем»","Пас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод!","Бе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд","[Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст","Оё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст","Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст","Оё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд?","Ё худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст!","Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд!","Оё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност","Оё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд","Ё он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд","Оё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад?","Бигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед»","Бигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед»","Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?»","Бигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»","Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?»","Бигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?»","Нун.[1] Савганд ба қалам ва он чи менависанд###[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.","Ки ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ","Ва барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст","Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ","Пас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид,","ки кадом як аз шумо девона аст","Парвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст","Пас аз такзибкунандагон итоат макун","Онҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд","Ва аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун","[Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад","Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст","Гузашта аз он, дурушту бетабор ва бадном аст","Бад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст","Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»","Ба зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем","Мо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд","Ва [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд","Пас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд","Пас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд","Он гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд","Ки агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед","Пас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:","«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»","Ва субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд","Пас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем","балки ҳама чизро аз даст додаем","Яке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»","Гуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»","Он гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд","[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем!","Умедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»","Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.","Ба ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст","Оё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем?","Шуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед?","Оё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред?","Ва [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст?","Ё ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад?","[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст?","Ва ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд","Рӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд]","[Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд","Пас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд","Ва ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст","[Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст?","Ё [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд","Пас, [эй Паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод.","Агар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд","Пас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод","Ва [эй Паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»","Дар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.","[Рӯзи] Воқеъшуданӣ [растохез]","Он воқеъшуданӣ чист?","Ва ту чи донӣ он воқеъшуданӣ чист [ва чи гуна аст]?","[Қавми] Самуд ва [қавми] Од [қиёмати] дарҳамкӯбандаро такзиб карданд","Ва аммо [қавми] Самуд ба бонги саҳмгин ҳалок шуданд","Ва аммо [қавми] Од бо тундбоде саркаш ва сард ба ҳалокат расиданд","[Аллоҳ таоло] ҳафт шабу ҳафт рӯз паёпай он [азоб]-ро бар онҳо мусаллат намуд. Пас, [агар он ҷо будӣ] [он] қавмро [дар асари он тундбод] монанди танаҳои пӯсидаи дарахтони хурмо бар замин афтода [ва ҳалокшуда] медидӣ","Пас, оё аз онҳо касеро мебинӣ, ки боқӣ монда бошад?","Ва Фиръавну касоне, ки пеш аз ӯ буданд ва [мардуми] шаҳрҳои вайроншудаи [қавми Лут] муртакиби гуноҳони [бузург] шуданд","Пас, онҳо аз [фармони] фиристодаи Парвардигорашон сарпечӣ карданд, он гоҳ [Аллоҳ таоло] ононро ба азоби сахте гирифтор кард","Ҳангоме ки об туғён кард, Мо шуморо дар киштӣ савор кардем","То панде барои шумо қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишнаванд ва ба ёд биспоранд","Пас, он гоҳ ки як бор дар сур дамида шавад","Ва замину кӯҳҳо аз ҷо канда шуда ва якбора дарҳам кӯбида [ва муталошӣ] шаванд","Дар он рӯз воқеаи [азими] қиёмат ба вуқуъ] мепайвандад","Ва осмон шикофта мешавад ва дар он рӯз суст мегардад [ва фурӯ мерезад]","Ва фариштагон бар канораҳои он [осмон] қарор мегиранд ва он рӯз ҳашт [фаришта] арши Парвардигоратро бар сари худ ҳамл мекунанд","Дар он рӯз шумо [ҳамагӣ барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Аллоҳ таоло] арза мешавед ва ҳеҷ чиз аз [корҳои] шумо пинҳон нахоҳад монд","Аммо касе, ки номаи [аъмолаш]-ро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Биёед, нома [-и аъмол] -и маро бихонед","Ман яқин доштам, ки бо ҳисоб [-и аъмол]-и худ мувоҷеҳ хоҳам шуд»","Пас, ӯ дар як зиндагии писандида [ва ризоятбахш] хоҳад буд","Дар биҳиште барин","Ки меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст","[Ва ба онҳо гуфта мешавад]: «Ба [хотири] он чи дар айёми гузашта пеш фиристодаед, бихӯред ва биёшомед, гувороятон бод»","Ва аммо касе, ки нома [-и аъмол]-ашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош, ҳаргиз нома [-и аъмол] - амро ба ман намедоданд","Ва намедонистам, ҳисобам чист!","Эй кош, [бо марг] ҳама чиз тамом мешуд [ва поёни кор буд]!","Молу дороиям маро бениёз накард [ва суде набахшид]","Қудрату фармонравоиям [низ] аз [дасти] ман рафт [ва ба куллӣ нобуд шуд]»","[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Ӯро бигиред ва дар банду занҷир кунед","Сипас ӯро ба [оташи] дузах бияфканед.","Он гоҳ вайро дар занҷире бибандед, ки тӯлаш ҳафтод зироъ аст","Бе гумон, ӯ ҳаргиз ба Аллоҳи бузург имон намеовард","Ва ҳаргиз [мардумро] бар таом додани бенаво[-ён] ташвиқ намекард","Пас, имрӯз дар ин ҷо дӯсти самимӣ [ва меҳрубоне] надорад [ки ёриаш кунад]","Ва ғизое ба ҷуз чирку хун надорад","[Ғизое, ки] Ҷуз гунаҳгорон онро намехӯранд»","Пас, савганд ба он чи мебинед","Ва ба он чи намебинед","Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба паёмбар бар уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст","Ва инҳо гуфтори шоире нест, [аммо шумо кофирон] камтар имон меоваред","Ва [низ] гуфтори коҳине нест, [аммо шумо] камтар панд мегиред.","Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст","Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст","Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем","Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем","Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад","Яқинан, ин [Қуръон] панду тазкире барои парҳезкорон аст","Ва Мо яқинан, медонем, ки бархе аз шумо такзибкунандагон [-и ин каломи илоҳӣ] ҳастед","Ва ҳамоно ин [Қуръон] бар кофирон мояи ҳасрату надомат аст","Ва бе гумон, ин [Қуръон] ҳақиқати ростин аст","Пас, [эй паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [Ӯро] тасбеҳ гӯй","Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст","[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад","Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост","Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст","Пас, ту [эй Паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун","Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд","Ва Мо онро наздик мебинем","[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад","Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад","Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад","[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад","Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро","ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод","Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад","[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст","[Ки] пӯст аз сар бармеканад","Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад","Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд]","Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст","Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад","Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад","Магар намозгузорон","Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.","Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст","Барои мустаманд ва маҳрум","Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд","Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд","[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд","Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд","Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест","Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд","Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд","Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд","Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд","Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд","Пас, [эй Паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?","[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]","Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?","Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем","Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем","Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем","Пас, [эй Паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст","[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд","[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад","Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]","[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам","Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед","[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»","Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам","Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд","Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд","Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам","Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам","Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст","То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад","Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад","Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?","Дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид","Оё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?","Ва моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?","Ва Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид","Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад","Ва Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт","То аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»","Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст","Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд","Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]","Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»","[Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд","Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор","Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд","Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»","[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинниён [ба ин Қуръон] гӯш фаро додаанд, пас, гуфтанд: «Бе гумон, мо Қуръоне шигифтовар шунидем","Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем","Ва ин ки шаъну азамати Парвардигорамон бас [азиму] баланд аст. Ӯ [ҳаргиз барои худ] ҳамсару фарзанде интихоб накардааст","Ва ин ки сафеҳ [-у нодон]-и мо [шайтон] дар бораи Аллоҳ таоло суханони норавое мегуфт","Ва мо [чунин] гумон мекардем, ки ҳаргиз инсу ҷин бар Аллоҳ таоло дурӯғ намебанданд","Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд","Ва ин ки онон [кофирон] гумон мекарданд – ҳамон гуна ки шумо [ҷинниён] мепиндоштед – ки Аллоҳ таоло ҳеҷ касро [дубора] зинда намегардонад","Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷӯ кардем, пас, онро пур аз муҳофизони неруманд ва тирҳои шиҳоб ёфтем","Ва ин ки дар [осмон] барои шунидан ба камин менишастем, [аммо] акнун ҳар ки бихоҳад ба гӯш бошад, тири шиҳобе дар камини худ меёбад","Ва ин ки мо намедонем, оё барои аҳли замин шарре ирода шуда, ё Парвардигорашон хайру ҳидояти эшонро хостааст","Ва ин ки дар миёни мо афроде солеҳ ва афроде нодуруст, мо гурӯҳҳое мутафовит [ва гуногун] ҳастем","Ва ин ки мо яқин дорем, ки ҳаргиз наметавонем дар рӯйи замин Аллоҳро оҷизу нотавон кунем ва ҳаргиз бо гурез наметавонем, Ӯро нотавон созем [ва роҳи фироре надорем]","Ва ин ки мо ҳангоме ки [сухани] ҳидоятро шунидем, ба он имон овардем. Пас, ҳар касе, ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон меҳаросаду на аз ситам [бим дорад]","Ва ин ки гурӯҳе аз мо мусулмон ва гурӯҳе кофир [ва золим] ҳастанд. Пас, ҳар кас, ки ислом оварда, ононанд, ки роҳи растагориро ҷустуҷу карда [ва баргузида]-анд","Ва аммо кофирон [ва ситамгорон] ҳезуми [оташи] ҷаҳаннам хоҳанд буд","Ва ин ки агар онҳо бар роҳи рост пойдорӣ кунанд, албатта, бо оби фаровон серобашон мекунем","То онҳоро бо он [неъматҳо] биозмоем. Ва ҳар кас аз ёд [-у зикри] Парвардигораш рӯ бартобад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба азобе сахт гирифтор месозад","Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ таоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ таоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед","Ва ин ки ҳангоме ки бандаи Аллоҳ таоло [Муҳаммад] қиём кард, то Ӯро бихонад [ва ибодат кунад], наздик буд, ки [аз издиҳом бар гирди ӯ] бар сари ҳам фурӯ резанд»","[Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам»","Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»","Бигӯ: «[Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам] ҳеҷ кас маро дар баробари Ӯ ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбам","[Вазифаи ман] Танҳо иблоғе аз ҷониби Аллоҳ таоло ва [расонидани] паёмҳои ӯст. Ва ҳар кас аз Аллоҳу паёмбараш нофармонӣ кунад, бе гумон, оташи ҷаҳаннам аз они Ӯст, ҷовидона дар он хоҳад монд»","[Кори кофирон ҳамчунон идома дорад] То замоне, ки он чиро ба онҳо ваъда дода шуда, бубинанд. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чи касе ёвараш нотавонтар ва ҷамъияташ камтар аст","[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода шуда, наздик аст ё Парвардигорам замоне [дур] барои он қарор медиҳад»","[Аллоҳ таоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад","Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад","То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ таоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст","Эй ҷомабахудпечида!","Шабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун]","Нимае аз онро ё андаке аз он кам кун","Ё андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон","Яқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард","Бе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст","Ва яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ","Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд","[Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин","Ва бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун","Ва маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ","Бе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст","Ва таоме гулугир ва азобе дарднок","Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд","Яқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем","Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем","Пас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад?","[Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад.","Бе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад","[Эй Паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст","Эй ҷомабарсаркашида!","Бархез ва бим деҳ!","Ва Парвардигоратро бузург шумор!","Ва ҷомаро покиза бидор!","Ва аз палидӣ дурӣ кун!","Барои ин базлу бахшиш макун, ки афзунталабӣ кунӣ","Ва барои [хушнудии] Парвардигорат шикебо бош","Пас, ҳангоме ки дар «сур» дамида шавад","Он рӯз рӯзи сахт [ва душворе] аст","Бар кофирон осон нест","[Эй Паёмбар] Маро бо касе, ки ӯро танҳо [ва бидуни амволу авлод] офаридаам, вогузор","[Ҳамон касе, ки] моли фаровоне барояш қарор додам","Ва фарзандоне, ки ҳамеша [дар хидмати ӯ ва] бо ӯ ҳастанд","Ва ҳамаи васоил [ва имконоти] зиндагиро дар ихтиёраш қарор додам","Боз [ҳам] тамаъ дорад, ки [бар он] биафзоям","Ҳаргиз [чунин нахоҳад шуд]! Бе гумон, ӯ нисбат ба оёти Мо душманӣ дорад","Ва ба зудӣ ӯро ба машаққату сахтӣ меандозам","Зеро ӯ [барои мубориза бо Қуръон] андешид ва муҳосиба кард","Пас, марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?","Боз [ҳам] марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?","Сипас назар афканд","Он гоҳ чеҳра дар ҳам кашид ва рӯ турш кард","Сипас [ба ҳақ] пушт намуд ва такаббур варзид","Он гоҳ гуфт: «Ин [Қуръон] чизе ҷуз ҷодуе, ки [аз дигарон] омӯхта шуда, нест","Ва ин [чизе] ҷуз гуфтори башар нест»","Ба зудӣ ӯро ба дузах дархоҳам овард","Ва ту чи донӣ, ки дузах чи гуна аст?","[Оташи сӯзонест, ки] На [чизеро] боқӣ мегузорад ва на [чизеро] раҳо мекунад","Пӯстро [дигаргун карда] месӯзонад","Бар он [оташ] нуздаҳ [фаришта] гуморида шудааст.","Мо маъмурони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем ва шумори онҳоро танҳо барои озмоиши кофирон муайян кардаем, то аҳли китоб яқин кунанд ва касоне, ки имон овардаанд, бар имони худ бияфзоянд ва аҳли китоб ва муъминон гирифтори шакку тардид нашаванд ва то касоне, ки дар дилҳояшон мараз аст ва [низ] кофирон бигӯянд: «Аллоҳ таоло аз ин масал [ва тавсиф] чи хостааст?». Бад-ин гуна, Аллоҳ таоло ҳар касро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва [шумори] лашкариёни Парвардигоратро [касе] ҷуз Ӯ намедонад ва ин ҷуз панду андарзе барои инсонҳо нест","Оре, савганд ба моҳ [ки ҳаргиз чунин нест, ки онон тасаввур мекунанд]","Ва [савганд ба] шаб ҳангоме ки пушт кунад","Ва ба субҳ ҳангоме ки равшан шавад","Ки он [оташи дузах] яке аз [азобҳои] бузург [ва ҳавлнок] аст","Барои инсон бимдиҳанда аст","Барои касе аз шумо, ки бихоҳад [бо корҳои наку] пеш афтад, ё [бо гуноҳ кардан] ақиб бимонад","Ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст","Магар асҳоби ямин [муъминон]","Ки дар боғҳо [-и биҳишт] ҳастанд ва мепурсанд","аз гунаҳгорон:","«Чӣ чиз шуморо ба дузах даровард?","[Дузахиён] Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем","Ва бенаво[-ён]-ро итъом намекардем","Ва пайваста ҳамроҳи ёвагӯён [ва аҳли ботил] ҳамсадо мешудем","Ва ҳамвора рӯзи ҷазоро такзиб мекардем","То замоне, ки марг ба суроғамон омад","Пас, шафоати шафоаткунандагон ба онҳо суде намебахшад","Пас, онҳоро чи шудааст, ки аз панд [-у тазаккур] рӯй гардондаанд?","Гӯӣ, ки гӯрхароне рамидаанд","Ки аз [муқобили] шер гурехтаанд","Балки ҳар кадом аз онҳо [таваққуъ дорад ва] мехоҳад, ки [ба ӯ] номае кушода [ва ҷудогона аз сӯйи Аллоҳ таоло] дода шавад","Ҳаргиз, чунин нест [ки онон мепиндоранд]! Балки онҳо аз [азоби] охират наметарсанд","На, чунин нест, ки онҳо мегӯянд, он [Қуръон] як тазаккур ва ёдоварӣ аст","Пас, ҳар касе, ки бихоҳад аз он панд гирад","Ва ёд намекунанд [ва панд намегиранд], магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Ӯст, ки сазовори парво кардан ва омурзидан аст.","Ба рӯзи қиёмат савганд мехӯрам","Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам","Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?","Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.","Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад","[Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»","Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад","Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад","Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд","Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»","Ҳаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест","Он рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст","Ва дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд","Балки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст","Агарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад","[Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ","Мусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост","Пас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун","Сипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост","Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред","Ва охиратро раҳо мекунед","Он рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст","Ба сӯйи Парвардигораш менигарад","Ва дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст","Яқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад","Оре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад","Ва гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад]","Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.","Ва [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.","Дар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд","Пас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст","Балки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд","Сипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт","Вой бар ту! Пас, вой бар ту!","Боз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!","Оё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?","Оё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?","Он гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт","Сипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард","Оё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?","Яқинан, замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизе [муҳимму] қобили зикр набуд","Ба ростӣ, Мо инсонро аз нутфаи мухталит [омехта]-е офаридем, ӯро меозмоем. Пас, ӯро шунавову бино қарор додем","Ҳамоно Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ сипосгузор бошад ё носипос","Ба ростӣ, Мо барои кофирон занҷирҳо ва бандҳо ва оташи сӯзон муҳайё кардаем","Бе гумон, накукорон [дар биҳишт] аз ҷоме менӯшанд, ки омехта ба кофур аст","[Аз] Чашмае, ки бандагони [хоси] Аллоҳ таоло аз он менӯшанд, [ҳар вақту] ҳар ҷо бихоҳанд он [чашма]-ро ҷорӣ месозанд","[Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст","Ва ғизоро бо ин ки [ниёз ва] дӯст доранд, ба мустаманду ятим ва асир мебахшанд","[Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ таоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе","Ҳамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, [аз азоби] рӯзе, ки туршрӯ ва душвор аст»","Пас, Аллоҳ таоло ононро аз [сахтӣ ва] шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ба эшон хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид","Ва ба [шукронаи] сабре, ки карданд, биҳишт ва [либосҳои] ҳарир [-и биҳиштӣ] ба эшон подош дод","Дар он ҷо бар тахтҳо [-и зебо] такя кардаанд, на [ҳарорати] офтобе дар он ҷо мебинед ва на [сӯзи] сармое","Ва сояҳояш бар онон фурӯ афтода ва меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст","Ва дар гирдогирди эшон зарфҳои симин [-и ғизо] ва косаҳои булурин [-и нӯшиданӣ] гардонида мешавад","[Косаҳои] Булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб [лабрез ва] омода кардаанд","Ва дар он ҷо ҷомҳое сероб мешаванд, ки омезааш занҷабил аст","[Ин ҷомҳо аз] Чашмае пур мегардад, ки дар он ҷо Салсабил номида мешавад","Ва ҳамвора навҷавононе ҷовидона бар гирдашон мечарханд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ, ки марвориди пароканда ҳастанд","Ва чун [ба ҳар самте] бингарӣ, он ҷо неъмати бисёр ва фармонравоии азиме мебинӣ","Бар онон [биҳиштиён] либосҳое сабзранг аз дебои нозук ва дебои захим [пӯшонида шуда]- аст ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва Парвардигорашон шароби пок ба эшон менӯшонад","[Ва ба онҳо гуфта мешавад] «Ин [неъматҳо] подоши шумост ва [бидонед, ки] аз саъю кӯшиши шумо қадрдонӣ шудааст»","[Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем","Пас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар","Ва субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун","Ва [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй","Бе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]","Мо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем","Бе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад","Ва шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст","Ҳар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст","Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд","Ҳамчун тундбод мераванд","Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд","Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд","Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд","Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор","Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд","Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад","Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад","Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад","Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад","Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?","Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]","Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?","Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!","Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?","Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард","Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?","Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем","То замоне муайян","Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?","Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?","Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.","Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха","На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»","Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.","Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд","Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд","Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!","Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем","Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд","Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд","[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»","Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?"]