["[Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд?","Аз хабаре бузург","Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд","Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист","Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист","Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем?","Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем?","Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем.","Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем","Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем","Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем","Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем","Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем","Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем","То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем","Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем]","Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст","Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед","Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд","Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад","Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест","Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон","Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд","Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт]","Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст]","[Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон]","Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд","Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд","Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем","Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем","Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст","Боғҳои [мева] ва токзорҳо","Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол","Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт]","Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе","[Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб","[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад","Рӯзе, ки Руҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд","Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд","Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»","Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд","Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд","Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд","Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд","Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд","Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд","[Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд","Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст","Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст","[Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?","Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»","Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»","Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст","Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд","[Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?","Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]","«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст","Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?","Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?","Пас, [Мусо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод","Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард","Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт","Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод","Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»","Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард","Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст","Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?","Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод","Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид","Ва заминро баъд аз он густаронид","Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард","Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод","[Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст","Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад","Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад","Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад","Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад","Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад","Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст","Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад","Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст","[Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?","Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?","[Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст","Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд","Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд","[Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд","Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад","Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад","Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад","Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад","Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ","Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест","Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд","Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад","Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ]","Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст","Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад","Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст","[Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]","Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст","[Ки] бузургвору накукоранд","Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст!","[Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст?","Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт","Он гоҳ роҳро барояш осон намуд","Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд","Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад","Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст","Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад","Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем","Сипас заминро аз ҳам шикофтем","Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем","Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр]","Ва зайтуну нахл","Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт","Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем]","[Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст","Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад","Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад","Ва аз модараш ва аз падараш","Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад]","Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад","Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст","[Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст","Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст","Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст","Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд","Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад","Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд","Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд","ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд","Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд","Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд","Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад","Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад","[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст","Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад","Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад","Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад","Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад","[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст","Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд","[Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд","Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад","Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад","Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст","[Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад","[Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст","[Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест","Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст","Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест","Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест","Пас, ба куҷо меравед?","Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест","Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад","Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад","Он гоҳ ки осмон шикофта шавад","Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]","Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд","Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад","[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]","Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?","Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст","Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд","Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед","Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд","Ки нависандагоне бузургворанд","Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]","Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд","Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд","Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]","Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд","Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?","Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?","Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст","Вой бар камфурӯшон!","Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд","Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд","Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд","Дар рӯзе бузург?","[Ҳамон] Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд","Ҳаргиз чунин нест [ки кофирон пиндоштаанд]! Ба ростӣ, ки номаи [аъмоли] бадкорон дар сиҷҷин аст","Ва ту чи донӣ, ки сиҷҷин чист?","Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст","Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!","Онон, ки рӯзи ҷазоро [инкор ва] такзиб мекунанд","Ва ҷуз ситамкорони гунаҳкор [касе] он [рӯз]-ро такзиб намекунад","Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ тиловат шавад, гӯяд: «[Ин] Афсонаҳои гузаштагон аст»","Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо гумон мекунанд]; балки [ба сабаби] он чӣ кардаанд, бар дилҳояшон зангор бастааст","Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]. Бе гумон, онон дар он рӯз аз [дидори] Парвардигорашон маҳруманд","Ва [баъд аз ҳисоб] мусалламан вориди дузах мешаванд","Онгоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Ин [оташ] ҳамон чизест, ки онро такзиб мекардед»","Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]; бе гумон, номаи [аъмоли] накукорон дар «илиййин» аст","Ва ту чи донӣ, ки «илиййин» чист?","Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст","Ки муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] бар он ҳозир шаванд [ва гувоҳӣ диҳанд]","Ҳамоно накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд","Бар тахтҳо [такя зада ва] менигаранд","Хуррамӣ ва нишоти неъматро дар чеҳраҳояшон [мебинӣ ва] мешиносӣ","Онҳо аз шароби ноби муҳршуда [нӯшонида ва] сероб мешаванд","Муҳре, ки бар он ниҳодашуда аз мушк аст ва дар ин [шароб ва дигар неъматҳои биҳиштӣ] муштоқон [-и раҳмат] бояд бар якдигар пешӣ гиранд","Ва омезааш аз тасним аст","[Ҳамон] чашмае, ки муқаррабон [-и даргоҳи илоҳӣ] аз он менӯшанд","Ҳамоно касоне, ки ҷурму гуноҳ карданд, пайваста [дар дунё] бар касоне, ки имон оварда буданд, механдиданд","Ва ҳар гоҳ [муъминон] аз канорашон мегузаштанд, бо чашму абрӯ ба ҳам ишора мекарданд [ва ононро ба сухрия мегирифтанд]","Ва чун ба сӯйи хонаводаи худ бозмегаштанд, [ба хотири тамасхури муъминон] шодмону хандон буданд","Ва ҳангоме ки муъминонро медиданд, мегуфтанд: «Бе гумон, инон гумроҳонанд»","Дар ҳоле ки онон барои муроқибат [ва нигаҳбонӣ] бар муъминон фиристода нашуда буданд","Вале имрӯз касоне, ки имон овардаанд, ба кофирон механданд","Бар тахтҳо [-и ороста нишаста ва ба неъматҳои илоҳӣ] менигаранд","Оё кофирон [бо чашидани азоб] ҷазои он чиро, ки мекарданд, дарёфт намудаанд?","Он гоҳ ки осмон шикофта шавад","Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]","Ва он гоҳ ки замин густурда [ва ҳамвор] шавад","Ва ҳар чиро даруни худ дорад, берун резад ва тиҳӣ гардад","Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]","Эй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард","Ва аммо касе, ки нома [-и аъмолаш] ба дасти росташ дода шавад","Ба зудӣ ба ҳисобе осон муҳосиба мешавад","Ва шодмон ба сӯйи хонаводааш бозмегардад","Ва аммо касе, ки номаи [аъмолаш] аз пушти сараш ба ӯ дода шавад","Пас, ҳалоки худро хоҳад талабид","Ва ба [оташи] ҷаҳаннами шуълавар хоҳад даромад","Бе гумон, ӯ дар [дунё ба хотири гуноҳонаш] миёни хонаводаи худ шодмон буд","Ӯ гумон мекард, ки ҳаргиз [ба назди Аллоҳ таоло] бознахоҳад гашт","Оре, ҳамоно Парвардигораш аз ҳоли вай огоҳ буд","Пас, ба шафақ савганд мехӯрам","Ва савганд ба шаб ва он чиро фуру мепӯшад","Ва савганд ба моҳ чун [фурӯғаш] комил шавад","Ҳатман, маротибу ҳолоти мухталиферо яке пас аз дигаре [дар масири зиндагии дунявӣ] тай хоҳед кард","Пас, ононро чи шуда, ки имон намеоваранд?","Ва [чаро] ҳангоме ки Қуръон бар онон тиловат шавад, саҷда намекунанд?","Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста [оёти илоҳиро] такзиб мекунанд","Ва Аллоҳ таоло ба он чи дар дил пинҳон медоранд, донотар аст","Пас, [эй Паёмбар] ононро ба азоби дардноке башорат деҳ","Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барои онон подоше беминнат ва пайваста аст","Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост","Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]","Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад","Марг бар одамсӯзони хандақ!","[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];","ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд","Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд","Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд","[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст","Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]","Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург","Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст","Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад","Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст","[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст","[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад","[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?","[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд","Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд","Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад","Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст","Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст","Савганд ба осмон ва савганд ба ситораи шабгард","Ва чи медонӣ, ки ситораи шабгард чист?","[Ҳамон] Ситораи фурӯзон аст","Ҳеҷ кас нест магар он ки бар ӯ нигаҳбоне [аз фариштагон гумошта шуда] аст","Инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст","Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст","Ки аз миёни [устухони] пушт [-и мард] ва сина [-и зан] берун меояд","Бе гумон, Аллоҳ таоло бар бозгардондани ӯ [пас аз марг] тавоност","Рӯзе, ки розҳо ошкор гардад","[Дар он рӯз] Инсон ҳеҷ тавону ёваре надорад","Савганд ба осмони пурборон","Ва савганд ба замини пуршикоф [ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд]","Бе гумон, ин Қуръон сухани ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст","Ва [сухани] ҳазлу беҳуда нест","Онон [кофирон] пайваста ҳила ва найранг мекунанд","Ва ман [низ] ҳила [ва тадбир] мекунам","Пас, кофиронро муҳлат деҳ, [ва] андаке раҳояшон кун [то ғарқи гуноҳ бошанд]","Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун","[Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт","Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд","Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид","Сипас онро хушку сиёҳ гардонид","Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард","Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад","Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем","Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ","Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад","Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад","[Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад","Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад","Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд","Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад","Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед","Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст","Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд","Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо","[Эй Паёмбар] Оё хабари қиёмати ҳавлноки фарогир ба ту расидааст?","Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд","[Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]","Дар оташи сӯзон дармеоянд","Аз чашмаи бисёр гарм ба онҳо нӯшонда мешаванд","Ғизое ҷуз хори хушку талх надоранд","Ки на [ононро] фарбеҳ кунад ва на гуруснагиро дафъ менамояд","Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу тоза ҳастанд","Ва аз саъй [-ю талош]-и худ хушнуданд","Дар биҳишти барин ҳастанд","Дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳудае намешунаванд","Дар он чашма [-ҳои об] равон бошад","Дар он тахтҳои [зебои] баланд [поя] аст","Ва ҷомҳое [ки дар канори чашмаҳо] ниҳода шуда","Ва болиштҳои [муназзам] чидашуда","Ва [низ] фаршҳои гаронбаҳо густурда шудааст","Оё [кофирон] ба шутур наменигаранд, ки чи гуна офарида шудааст?","Ва ба осмон [наменигаранд], ки чи гуна барафрошта шудааст?","Ва ба кӯҳҳо [наменигаранд], ки чи гуна [муҳкам бар замин] насб шудааст?","Ва ба замин [наменигаранд], ки чи гуна густурда шудааст?","Пас, [эй Паёмбар] панд бидеҳ, ки ту танҳо панддиҳандаӣ","Ту бар онон мусаллат [-у чира] нестӣ [ки бар имон водорашон кунӣ]","Аммо касе, ки рӯй бигардонад ва кофир шавад","Сипас Аллоҳ таоло ӯро бо бузургтарин азоб муҷозот мекунад","Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост","Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост","Савганд ба субҳ","Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]","Ва ба завҷ ва фард [-и ашё]","Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад","Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?","[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?","[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд","Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?","Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?","Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд]","[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд","Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд","Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард","Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст","Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст»","Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст»","Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред","Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед","Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед]","Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред","Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад]","Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд]","Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад?","Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам!","Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад","Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад","[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта!","Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст","Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро","Ва ба биҳишти Ман ворид шав»","Савганд ба ин шаҳр [Макка]","Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст]","Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш","Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем","Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест?","Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам»","Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст?","Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем?","Ва як забон ва ду лаб?","Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем","Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад]","Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист?","Озод кардани барда аст","Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ]","[Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]","Ё мустаманде хокнишин","Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд","Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд]","Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд]","Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]","Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод]","Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд","Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад","Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад","Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард","Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид","Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид","Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард","Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд","Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд","[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд","Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост","Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»","[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард","Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад","Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад","Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад","Ва савганд ба он ки нару модаро офарид","Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст","Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард","Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард","Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем","Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид","Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард","Пас, Мо [анҷоми аъмоли шарру палидро] барояш осон месозем","Ва дар ҳангом [-и маргу] вуруд ба дузах дороияш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт","Мусалламан, ҳидоят [-и бандагон] бар [уҳдаи] Мост","Ва қатъан охират ва дунё [низ] аз они Мост","Пас, ман шуморо аз оташе шуълавар бим додам","Ки ҷуз бадбахттарин [-и мардум] дар он наафтад","[Ҳамон] Касе, ки [оёти Моро] такзиб кард ва рӯ гардонид","Ва ба зудӣ парҳезкортарин [-и мардум] аз он дур нигаҳ дошта мешавад","[Ҳамон] Касе, ки моли худро [дар роҳи Аллоҳ таоло] мебахшад, то [аз гуноҳ] пок шавад","Ва ҳеҷ касро ба қасди подош ёфтани неъмат намебахшад","Магар [барои] касби ризо [ва хушнудии] Парвардигори бартараш","Ва ба ростӣ, ки [бо подоши Аллоҳ таоло] хушнуд хоҳад шуд","Савганд ба оғози рӯз","Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки ором гирад","[Ки] Парвардигорат туро во нагузошта ва [бар ту] хашм нагирифтааст","Ва мусалламан охират барои ту аз дунё беҳтар аст","Ва ба зудӣ Парвардигорат ба ту [ва уммати ту он қадр] ато хоҳад кард, ки хушнуд гардӣ","Оё туро ятим наёфт, пас, паноҳ дод?","Ва туро [гумроҳ ва] саргашта ёфт, пас, ҳидоят кард","Ва туро фақир ёфт, пас, бениёз намуд","Пас, [ту низ] ятимро маёзор","Ва [мустаманди] ниёзхоҳро марон [ва бо ӯ дуруштӣ макун]","Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгӯ кун [ва сипос гузор]","[Эй Паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем?","Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем?","Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард","Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем","Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст","[Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст","Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш","Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав","Савганд ба анҷир ва зайтун [ва ба Фаластин сарзамини рӯиши онҳо]","Ва савганд ба Тӯри Сино","Ва савганд ба ин шаҳри амн [Макка]","[Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем","Сипас ӯро [ки инҳироф ёфт] ба пасттарин [мароҳили] пастӣ баргардонидем.","Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; пас, барои онон подоше пойдор [дар пеш] аст","Пас, [эй инсон] чи чизе баъд [аз ин ҳама далоили равшан] туро ба такзиби [рӯзи] ҷазо во медорад?","Оё Аллоҳ таоло беҳтарин довар [ва ҳокими мутлақ] нест?","[Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид","[Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид","Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст","[Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт","Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт","Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад","[Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад","Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст","[Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад","Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад","Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад","[Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]","Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]","Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?","Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]","Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро","Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад","Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд","Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй","Ҳамоно Мо он [Қуръон]-ро дар шаби қадр нозил кардем","Ва ту чи донӣ шаби қадр чист?","Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст","Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] дар он [шаб] ба фармони Парвардигорашон барои [анҷоми] ҳар коре нозил мешаванд","[Он шаб] То тулуи фаҷр саломат [ва раҳмат] бошад","Касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд","Паёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад","Ва дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст","Ва касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад","Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим","Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд","Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, онон беҳтарини офаридагон ҳастанд","Подоши эшон назди Парвардигорашон боғҳои [биҳишти] ҷовидон аст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист; ҳамеша дар он хоҳанд монд; Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онҳо хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд; ва ин [мақом ва подош] барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад","Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд","Ва замин борҳои сангинашро берун резад","Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?»","Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад","Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст","Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад","Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад","Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад","Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд","Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд","Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд","Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд","Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд","Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст","Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст","Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад","Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?","Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад","Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст","[Он] Фурукӯбанда","[Он] Фурукӯбанда чист?","Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист?","Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд","Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд","Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад","[Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд","Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад","Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст","Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист?","Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]","Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт","То [поёни] коратон ба гӯристон расид","Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист","Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист","Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]","Савганд, ки дузахро хоҳед дид","Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид","Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд","Савганд ба аср","Ки инсон дар зиён аст","Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд","Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе!","[Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард","Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад","Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд","Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист?","Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст","[Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад]","Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосирашон карда] аст","[Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст","[Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард?","Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод?","Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод","[Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд","Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт","Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш","[Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом]","Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд","Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд","[Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меангорад, дидаӣ?","Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад","Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад","Пас, вой бар намозгузорон!","Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд","Касоне, ки худнамоӣ мекунанд","Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд","[Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем","Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун","Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон!","Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам","Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед","Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд","Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд","[Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам»","[Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ таоло ва пирӯзӣ фаро расад","Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ таоло дохил мешаванд","Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст","Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод!","Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид","Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад","Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад]","Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ таоло яктост","Аллоҳ таоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]","На [фарзанде] зода ва на зода шудааст","Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам","Аз шарри тамоми он чи офаридааст","Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад","Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд","Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад»","[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам","Фармонравои мардум","Маъбуди мардум","Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ таоло] пинҳон мегардад","Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад","Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён»"]