Ал-Маҷид (Пуршараф, Бошукӯҳ) — Он Зоте, ки олитарин шӯҳрати пойдор ва фарогир дорад, ки бисёр сифатҳои комилтаринро соҳиб аст ва шӯҳраташ дар саховат, бузургӣ, номҳо ва корҳояш зоҳир мешавад. Чунон ки ал-Ҳалимӣ менависад, арабҳо касеро маҷид меноманд, ки шараф дорад ва барои касоне, ки мехоҳанд ба ӯ дастдарозӣ кунанд, дастнорас аст.