Зеботарин номҳои Аллоҳ

Аллоҳ

Аллоҳ

اللَّهُ

Аллоҳ — номи хоси Худо, Мавҷуди ягонаи ҳақиқӣ, Офаридгор ва Соҳиби олам аст, ки комилтарин сифатҳоро дорад ва ба воситаи Худ, берун аз олами офаридаи Худ ва новобаста аз он вуҷуд дорад. Ҳеҷ кас наметавонад ба ин ном на ба маънои аслӣ ва на ба маънои маҷозӣ номида шавад, ҳамон тавре ки ҳеҷ каси дигар худо буда наметавонад ва сазовори ибодат нест. Аллоҳи Таоло фармудааст: «Оё ҳамноме барои Ӯ мешиносӣ?» (Сура 19 «Марям», Оят 65).