Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Қодир

Тавоно бар ҳама чиз

القَدِيرُ

Ал-Қодир (Тавоно бар ҳама чиз) — Он Зоте, ки ҳокимият, қудрат ва дониши мутлақ дорад, то ҳар чи хоҳад, ҳар тавре ки хоҳад, анҷом диҳад. Ӯ ҳама чизро карда метавонад, вале танҳо он чиро анҷом медиҳад, ки ба табиати илоҳӣ ва ҳикмати Ӯ мухолиф нест ва ба бузургии Ӯ мувофиқ аст. Ба шарофати қудрати Худ Ӯ ба ҳама чиз андоза муайян кардааст ва нияти Худро айнан амалӣ месозад.