Ал-Муҳит (Иҳотакунанда) — Он Зоте, ки ҳамаи махлуқотро бо дониш, қудрат, қувват, раҳмат ва дигар сифатҳои камол фаро мегирад. Ал-Ҳалимӣ менависад: «Ал-Муҳит — Он Зоте, ки аз Ӯ гурехтан мумкин нест ва ин сифатро ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас надорад. Он ба камоли дониш ва қудрати Ӯ ишора мекунад ва хусусиятҳое чун нодонӣ ва нотавониро рад мекунад».