Ал-Муъмин (Ҳифзкунанда, Амонбахш) — Он Зоте, ки Ҳақро мегӯяд ва танҳо чизеро ваъда медиҳад, ки ҳатман амалӣ мешавад, ки умеду интизориҳои бандагони мӯъминашро сафед мекунад, онҳоро аз фитнаҳо дар ин дунё ва аз азоб дар ҳаёти ҷовидонӣ нигоҳ медорад.
Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ худои дигаре ҷуз Ӯ нест, фармонравост, пок аст, дар саломат аз ҳар айб аст, эминибахш аст, нигаҳбон аст, ғолиб аст, боҷабарут (азамат) аст ва бузургвор аст. Ва аз ҳар ки барои Ӯ шарик қарор медиҳанд, пок аст! (Сура 59 «Ҳашр», Оят 23)