Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Валӣ

Дӯст, Сарпараст

الوَلِيُّ

Ал-Валӣ (Дӯст, Сарпараст) — Он Зоте, ки дар бораи махлуқоташ ғамхорӣ мекунад, онҳоро бо ризқ таъмин мекунад ва корҳояшонро идора менамояд, ки ба бандагони мӯъминаш наздик аст ва онҳоро дӯст медорад, онҳоро ба роҳи рост мебарад ва ба онҳо бар зидди душманонашон ёрӣ медиҳад. Аллоҳи Таоло фармудааст: «Оё ғайри Худоро ба дӯстӣ гирифтанд? Дӯсти ҳақиқӣ Худост. Ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност!» (Сура 42 «Шуро», Оят 9).