Ал-Борӣ (Падидоранда) — Он Зоте, ки мутобиқи ният аз нестӣ падид меорад ва ин қобилият танҳо хоси Аллоҳи Таоло аст. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад нияташро айнан ҳамон тавре ки ният карда буд, амалӣ созад ва агар Ӯ офаридани чизеро ният кунад, ба таҷрибаҳо ва озмоишҳо ниёз надорад. Ӯ айнан он чиро, ки ният ва хоста буд, меофарад ва ҳар чи Ӯ офаридааст, маъно ва таъинот дорад.