Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Халлоқ

Офаринандаи бисёр

الخَلّاقُ

Ал-Халлоқ (Офаринандаи бисёр) — Он Зоте, ки бисёр ва гуногун меофарад ва ҳар чи хоҳад ва ҳар тавре ки хоҳад, офарида метавонад. Аллоҳи Таоло фармудааст: «Албатта Парвардигори ту офаринандае доност!» (Сура 15 «Ҳиҷр», Оят 86), яъне ҳеҷ чиз наметавонад ба Ӯ дар офаридани он чи хоҳад, монеъ шавад ва Ӯ медонад, ки инро чӣ гуна кардан ва нияти Худро чӣ гуна амалӣ сохтан лозим аст.