Ал-Ҳакам (Довари одил) — Он Зоте, ки барои амалӣ кардани иродааш ҳокимияти мутлақ дорад, ки қонунҳои одилона содир мекунад ва доварии одилона мекунад, ки амрҳояш пур аз ҳикматанд ва ҳеҷ умумияте бо зулм ва беадолатӣ надоранд. Ас-Саъдӣ маънои ин номро шарҳ дода, менависад: «Ин — Он Зотест, ки бандагонро дар ин дунё ва охират одилона ва беғаразона доварӣ мекунад; ки ба ҳеҷ кас ҳатто ба вазни як зарра беадолатӣ намекунад ва ба одамон масъулияти гуноҳи дигаронро бор намекунад; ки бандагонро танҳо барои гуноҳҳое, ки худ кардаанд, ҷазо медиҳад ва ҳуқуқҳоро ба касоне, ки аз онҳо гирифта шуда буданд, бармегардонад ва ҳар касе, ки ҳуқуқаш поймол шуда буд, ҳатман ҳар он чи ба ӯ тааллуқ дошт, мегирад; ки қарорҳо ва тақдираш одилонаанд».