Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ар-Рақиб

Нигаҳбон, Мурокиб

الرَّقِیبُ

Ар-Рақиб (Мурокиб) — Он Зоте, ки бандагонашро мебинад ва корҳояшонро мушоҳида мекунад, ки суханон ва рафторҳояшонро нигоҳ медорад ва ҳисоб мекунад, ки аз бандагонаш итоат талаб мекунад ва онҳоро аз нофармонӣ огоҳ мекунад. Ал-Хаттобӣ менависад: «Ин — Нигаҳбонест, ки ҳеҷ чизро аз назар намегузаронад».