Ал-Витр (Як, Ягона) — Ягона дар зот, ҳукмронӣ, илоҳият ва доштани сифатҳои комил, Ягонае, ки зоташ бемонанд ва тақсимнопазир аст. Ин ном маънои онро дорад, ки агар Аллоҳро бо сифате тавсиф кунанд, ки бо он каси дигар тавсиф шуда метавонад, нисбат ба Ӯ он маънои махсус ва фарқкунанда дорад.