Ал-Воҳид (Ягона) — Он Зоте, ки вуҷуд дошт, вақте ки ҷуз Ӯ ҳеҷ кас набуд, ки ҳамто ва монанд надорад, ки танҳо Худаш ҳамаи сифатҳои камолро дорад ва онҳоро бо ҳеҷ каси дигар тақсим намекунад, ки танҳо Худаш сазовори парастиш ва ибодат аст. Аллоҳи Таоло фармудааст: «Худои шумо Худоест якто. Худое ғайри Ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон!» (Сура 2 «Бақара», Оят 163). Худои ҳақиқӣ танҳо як буда метавонад ва ҳамто ва монанд дошта наметавонад.