Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Мавло

Сарпараст, Мавло

المَولَى

Ал-Мавло (Сарпараст, Мавло) — Он Зоте, ки қарор қабул мекунад ва корҳои махлуқотро идора менамояд, ки мӯъминонро сарпарастӣ мекунад ва ба онҳо бар зидди душманонашон ёрӣ медиҳад. Ин ном аз ҷиҳати маъно ба номи Ал-Валӣ наздик аст. Фарқи истифодаи ин калимаҳо дар он аст, ки калимаи валӣ нисбат ба бандагони ба Аллоҳ наздик низ истифода мешавад, калимаи мавло бошад дар ибораҳои «бандаи Аллоҳ» ё «наздики Аллоҳ» истифода намешавад.