Ал-Ҳалим (Бурдбор) — Он Зоте, ки бо вуҷуди имконияти ҷазо додан, дар ҷазои гунаҳкорон ва нофармонон шитоб намекунад, ки оламҳоро бо нармӣ ва бузургманишӣ идора мекунад, ҳатто ба гунаҳкорон неъматҳо ато мекунад ва ба онҳо мӯҳлат медиҳад, то тавба кунанд ва ислоҳ шаванд. Ас-Саъдӣ менависад: «Ал-Ҳалим — Он Зоте, ки ба махлуқот бо вуҷуди нофармонӣ ва хатоҳои бисёрашон неъматҳои ошкор ва пинҳонро фаровон ато мекунад. Ӯ дар ҷазо додани гунаҳкорон барои нофармонӣ шитоб намекунад ва ба онҳо мӯҳлат медиҳад, то пушаймон шаванд ва ба роҳи рост баргарданд».