Ал-Фаттоҳ (Кушоянда, Доварикунанда) — Он Зоте, ки одилона доварӣ мекунад ва қарорҳои дуруст мебарорад, ки вазъи махлуқотро осон мекунад ва онҳоро аз андӯҳ раҳо мебахшад, ки пеши махлуқот дарҳоро ба раҳмат ё азоби Худ мекушояд. Ӯ калидҳои ҳамаи ганҷинаҳои осмонҳо ва заминро дорад. Ӯ пеши одамон дарҳои муваффақият, сарват, дониш, кашфиётҳо ва дигар дастовардҳоро мекушояд, то онҳоро бисанҷад ва бо ин нияти Худро амалӣ созад.