Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Ғафур

Омурзанда

الغَفُورُ

Ал-Ғафур (Омурзанда) — Он Зоте, ки ҳар гуна гуноҳро ҷуз шарик овардан ба Ӯ мебахшад ва мепӯшонад. Одамон низ озурдагиҳоро мебахшанд ва аз интиқом даст мекашанд, вале бахшиши онҳо бо бахшиши Аллоҳ ҳеҷ қиёс намешавад. Танҳо Ӯ гуноҳҳоро мебахшад ва ҳеҷ каси дигар. Дар номи Ал-Ғафур ин сифат ошкор ва равшан ифода меёбад ва дар номи зеботарини Ал-Ғаффор боз ҳам бештар ифода ёфтааст.