Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Ғаффор

Бисёр Омурзанда

الغَفَّارُ

Ал-Ғаффор (Бисёр Омурзанда) — Он Зоте, ки бахшиданро дӯст медорад ва касонеро, ки ба Ӯ шарик наоварданд, новобаста аз дигар корҳояшон мебахшад. Ал-Ҳалимӣ менависад, ки Ал-Ғафур бандагони гунаҳкорашро бисёр мепӯшонад ва бисёр чизро ба онҳо мебахшад, Ал-Ғаффор бошад гуноҳҳои онҳоро ба таври комил мепӯшонад ва онҳоро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар ҳаёти ҷовидонӣ аз шармандагӣ нигоҳ медорад. Ба андешаи ал-Ғазолӣ, номи Ал-Ғаффор ба он ишора мекунад, ки Ӯ бандагонашро бисёр ва бори дигар мебахшад, номи Ал-Ғафур бошад ба камол ва фарогирии бахшиши Ӯ ишора мекунад.