Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ар-Раҳим

Меҳрубон

الرَّحِيمُ

Ар-Раҳим (Меҳрубон) — Он Зоте, ки ба махлуқоташ раҳм мекунад, ба онҳо неъматҳо ато мекунад, ризқ медиҳад, онҳоро аз бадӣ нигоҳ медорад ва барои некиҳояшон хеле бештар аз он чи сазовор буданд, подош медиҳад. Номи Ар-Раҳмон ба он ишора мекунад, ки раҳмат хоси Аллоҳ аст, номи Ар-Раҳим бошад — сифати амал аст. Абдурраҳмон ибни Яҳё гуфтааст: «Номи Ар-Раҳмон танҳо ба Аллоҳ тааллуқ дорад, вале дар амал ин сифатро махлуқот низ дошта метавонанд, номи Ар-Раҳим бошад ба махлуқот низ гуфта шуданаш мумкин аст, вале дар амал ин сифатро танҳо Аллоҳ дорад».

«Аз раҳмати Худо ноумед нашавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшояд. Ӯст бахшояндаву меҳрубон!» (Сура 39 «Зумар», Оят 53)