Ат-Таввоб (Тавбапазир) — Он Зоте, ки бандагони гунаҳкорро бори дигар ба тавба меорад ва баъд онҳоро мебахшад, ки бандагонро пас аз он ки бо маҳрумият месанҷад, бори дигар бо неъматҳо сарфароз мекунад. Ар-Розӣ менависад: «Ӯ ба онҳо пас аз он ки бе дастгирӣ мегузорад, ёрӣ медиҳад ва пас аз он ки маҳрум мекунад, ато мекунад ва пас аз он ки дар чизе маҳдуд мекунад, осон мекунад ва пас аз он ки метарсонад, мебахшад ва онҳоро аз балоҳои гуногун раҳо мекунад ва раҳматҳои гуногун мефиристад. Ӯ андӯҳро ба шодӣ иваз мекунад, тавбаи гунаҳкоронро қабул мекунад ва ғамзадагонро аз мусибатҳо раҳо мебахшад».