Зеботарин номҳои Аллоҳ

Ал-Барр

Некукор, Меҳрубон

البَرُّ

Ал-Барр (Некукор, Меҳрубон) — Он Зоте, ки ба бандагонаш меҳрубон аст ва ба онҳо некӣ мехоҳад, ки некиро дӯст медорад ва аз некӣ кардан бознамеистад, ки ваъдаашро вайрон намекунад ва тағйир намедиҳад. Ал-Хаттобӣ менависад: «Ал-Барр — Он Зоте, ки ба бандагонаш ҳамдард аст ва ба онҳо некӣ мекунад. Меҳрубонии Ӯ ҳамаи офаридаҳояшро фаро мегирад ва Ӯ дар ато кардани неъматҳо ба онҳо бахилӣ намекунад. Ӯ ба наздиконаш меҳрубонӣ зоҳир мекунад, вақте ки онҳоро махсус ҷудо карда, барои ибодати Худ интихоб мекунад, ба некӯкорон, вақте ки подошашонро меафзояд, ва ба гунаҳкорон, вақте ки онҳоро ҷазо намедиҳад ва мебахшад».