Ал-Матин (Устувор, Шикастнопазир) — Он Зоте, ки қуввати бузург дорад ва барои иҷрои иродааш ба ёрдамчиён ва воситаҳо ниёз надорад; ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба Ӯ дар амалӣ кардани нияташ монеъ намешавад ва Ӯро ҳеҷ гоҳ хастагӣ фаро намегирад. Ӯ комилан аз қувваҳои берунӣ вобаста нест, вале тамоми мавҷудот ба Ӯ вобаста ва ба иродаи Ӯ тобеъ аст. Ӯ ҳар чи хоҳад, меофарад, ҳар чи хоҳад, амр мекунад ва ҳар чи хоҳад, бекор мекунад.