Дуо барои наҷот аз кофирони душман (60:4–5)

Дуоҳои Қуръон

53

60.4   Дуо барои наҷот аз кофирони душман

Мумтаҳина  (Санҷидашуда)

رَّبَّنَا عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا وَإِلَيْكَ أَنَبْنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ
Раббано алайка таваккално ва илайка анабно ва илайкал-масӣр
Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккал кардем ва ба Ту рӯй овардем ва ба сӯи туст бозгашт!
54

60.5   Дуо барои фитна нашудан барои кофирон ва бахшиш

Мумтаҳина  (Санҷидашуда)

رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ وَٱغْفِرْ لَنَا رَبَّنَآ ​ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Раббано ло таҷъално фитнатан лиллазӣна кафарӯ вағфир лано раббано, иннака антал-азӣзул-ҳакӣм
Эй Парвардигори мо, моро чунон макун, ки кофирон хор дорандамон. Ва моро бибахшо, ки Ту ғолибу ҳакимӣ!

Ин дуои аҷиб аз Китоби Худои таоло аз ҷумлаи дуоҳоест, ки паёмбарони наҷибаш ва дигар мӯъминони парҳезгор бо онҳо ба Парвардигори ҷаҳониён рӯй меоварданд. Бо ин дуо ба Офаридгори тавоно паёмбар Иброҳим (бар ӯ салом бод) ва мӯъминоне, ки бо ӯ буданд, рӯй оварданд. Ин пас аз он рӯй дод, ки ба қавми кофирашон эълон карданд, ки аз онҳо безоранд.

Онҳо дуои худро бо хитоби боадабона оғоз карданд: «Эй Парвардигори мо!» Пеш аз ҳама Парвардигории Худои таолоро иқрор шуда, дуоро ба таври лозим идома доданд. Мебинем, ки ин одамон якбора чанд роҳи наздикӣ ба Ӯро истифода бурданд, аз ҷумла зикри корҳои неки худро, ки бо нияти холис карда буданд. Якум, таваккали худро ба Ӯ ва рӯй оварданашонро ба Ӯ зикр карданд. Ва дуюм, имони худро ба рӯзи қиёмат ва ҳаёти охират зикр карданд. Ҳамаи инро аз он рӯ зикр карданд, ки ин амалҳо писандидаи Худои таолоянд, ва ҳамин тариқ наздикӣ ба Парвардигорро меҷустанд ва мекӯшиданд имкони бе ҷавоб намондани дуояшонро афзоиш диҳанд.

Азбаски инҳо паёмбари Худо ва ҳамроҳони ӯ буданд, дар пайравии намунаи неки онҳо барои мо фоидаи бузург нуҳуфта аст. Зеро вақте ки аз пайи мӯъминони парҳезгор меравем, роҳи биҳиштро ба худ осон мекунем.

Ин мӯъминон, ки дар байнашон Иброҳим (бар ӯ салом бод) буд, ба Худои таоло ба самимитарин тарз таваккал мекарданд ва маҳз ба Ӯ рӯй меоварданд, хатоҳо ва камбудиҳояшонро иқрор мешуданд. Ва онҳо як дақиқа ҳам фаромӯш намекарданд, ки бояд ба Парвардигори ҷаҳониён баргарданд ва пас аз марг онҳоро зинда шудан ва ҳисоб интизор аст. Онҳо медонистанд, ки пас аз марг ҳаёти дигаре ҳаст ва ҳатман дар пеши Худо меистанд ва дар пеши Ӯ барои ҳар он чи дар ҳаёти заминӣ кардаанд, ҷавоб медиҳанд. Ба ибораи дигар, инҳо одамони амиқимон, солеҳ ва бағоят бошуур буданд, ки андешаҳо, суханон ва корҳояшон нек буданд ва илова бар ин намунаи адаб ва хоксорӣ нисбат ба Офаридгори таоло буданд.

Ин дуо аз комилии имони онҳое, ки бо он ба Парвардигор рӯй оварданд, ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо динро амиқ мефаҳмиданд ва тавҳидро ба беҳтарин тарз пайравӣ мекарданд.

«Эй Парвардигори мо, моро чунон макун, ки кофирон хор дорандамон.» (Сура 60 «Мумтаҳина», Оят 5) Яъне моро бо дасти онҳо ҷазо мадеҳ ва азоби Худро бар мо мафирист, то кофирон нагӯянд: «Агар он чи онҳо пайравӣ мекунанд, ҳақ мебуд, ин ба онҳо намерасид!» Аммо маънои ин суханон метавонад чунин низ бошад: намон, ки онҳо бар мо ғолиб оянд, то ин барои онҳо фитна нашавад, зеро агар ин рӯй диҳад, онҳо мепиндоранд, ки аз он рӯ бар мо ғолиб шудаанд, ки бар ҳақанд.

Ин дуо ба мо меомӯзад, ки аз Худои таоло саломатӣ ва ҳифз аз ҳар бадӣ бихоҳем. Кӣ моро ҳифз мекунад, агар на Ӯ, Парвардигор ва Худои мо? Маҳз аз Ӯ бояд ҳифз ҷӯем, маҳз аз Ӯ бояд кӯмак ва халосӣ аз зарари эҳтимолӣ ё аллакай расидаро бихоҳем, ва маҳз аз Ӯ бояд некии ҳар ду дунёро талаб кунем. Зеро балоҳо ва фитнаҳо метавонанд воқеан даҳшатнок бошанд, ва ҷиддитар ва даҳшатноктар аз он фитнае нест, ки касе кӯшиш кунад мӯъминро ба рад кардани динаш маҷбур созад ё дар ӯ нафрат ба пайравии роҳи ростро пайдо кунад.

Паёмбар Иброҳим (бар ӯ салом бод) ва ҳамроҳони парҳезгори ӯ дуои худро бо хостани бахшиш анҷом доданд, ва ин боз як дарси арзишманд барои мост. Бояд ҳар чи бештар аз Парвардигор бахшиш бихоҳем, зеро кадоме аз мо бе гуноҳ аст?.. Ва дар баробари ин ҳамаи мо мехоҳем ба биҳишт дароем ва метарсем ҳатто лаҳзаҳои шумурда дар Оташ бошем.

Мебинем инчунин, ки дар охири дуои худ ин мӯъминон ба боз як василаи наздикӣ ба Худо рӯй оварданд – зикри номҳои зебои Ӯ: «Ки Ту ғолибу ҳакимӣ!» Дар баробари ин аз номҳои Ӯ мувофиқтаринро баргузиданд ва маҳз онҳоро истифода бурданд, бо ин наздикӣ ба Офаридгорро меҷустанд ва мекӯшиданд хушнудии Ӯро ба даст оранд.